Ҷамъияти “Табиатдӯстон”, ки шикорчиёни собиқро муттаҳид кардааст, бузҳои нодири пармашохро аз шикори ғайриқонунӣ ҳифз мекунад.
Барои Азиз Шерхон ва рафиқонаш шабро дар кӯҳ рӯз кардан одати дерина аст. Ҳар яки онҳо шикорчиҳои пуштианд. Дар куҷои ин кӯҳҳо кадом ҷонварҳо ҳаёт доранд брои ин ҷамъият маълум аст. Ҳар яки онҳо саҳифа саҳифа хотира дорад ва ҳар гӯшаи сокити ин ҷой, чун онҳо ҷамъ оянд, аз садои чақ-чақи онҳо, ки саргузашти алоҳидаанд, пур мешавад.
Ҳоло дигар аз шикори ҷонварҳову пайгирии онҳо танҳо мехоҳанд хотира дошта бошанду бас. Зистишабонаро ба хотири боздошти нафароне интихоб кардаанд,ки мехоҳанд ҳайвоноти нодири ин минтақаро ғайриқонунӣ шикор кунанд.
Азиз Шерхон мегӯяд: “Солҳои пеш дар ин мавзеъ садҳо бузи пармашох буд. Мо дидем, ки оҳиста-оҳиста ин бузҳо аз байн мераванд ва шумораашон хеле кам аст. Барои он ки бачаҳои мо ин ҳайвонотро дар китоб набинанду аз даҳони дигар кас нашнаванд, бояд мо онро ҳифз кунем."
Субҳи ӯ аз тафтиши мавзеъ сар мешавад. Дар Тоҷикистон бузи пармашох ё морхӯр дар ҷангалзорҳои Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод ва қисмати Яхчи ноҳияи Дарвоз мавҷуд аст. Шикори он муҷоз аст, аммо шумори онро дар як сол мақомот муайян мекунад. Давлат барои шикори як буз 50 000 доллари амрикоӣ нарх мондааст, ки муъодили 400 ҳазор сомонӣ аст. Соли гузашта дар мавзеъи ҳузури бузи кӯҳӣ то 3-тои онро шикор кардан мумкин буд. Сафи талабгорони шикори ғайриқонунӣ низ афзуд ва ин боиси он гардид ки шумораи бузи кӯҳӣ ба навъи нодир табдил ёбад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Азиз Шерхон шикорчиёни бумиро ташвиқ кард, барои ҳифзи табиати зодгоҳи худ бархезанд. Панҷ тан аз шикорчиёни собиқ даъватҳои ӯро пазируфта, барои ҳифзи ҳайвоноту паррандаҳои нодир ба таъсиси ҷамъияти “Табиатдӯстон” иқдом карданд.
Барот Мирмадов, сокини дигари ноҳияи Шӯрообод ва узви ин ҷамъият мегӯяд: “Мо дарк кардем, ки инҳо боигарии давлати мо ҳастанд. Тақрибан аксари соикнони наздик ба мавзеҳои шикорро огоҳ кардем, ки мо қонунан ба ҳифзи бузҳо оғоз кардем ва дар сурати ошкор кардани ҳолати шикор, ба мақомот хабар медиҳем.”
Талошҳои дусолаи ин ҷамъият барои ҳифзи бузҳои пармашох то ҷое натиҷа додааст. Ба гуфти онҳо, тавонистаанд даҳҳо нафарро аз шикор кардан боздоранд. Ду соли пеш агар дар ин ҳудуд аз 6 то 10 сар аз ин ҳайвони нодир мушоҳида мешуд, ҳоло то 30 сар азонро метавон ҳисоб кард.
"Се рӯз пеш ба чашмаи Ғанг, ки ҷои обхӯрии бузҳо ҳаст, рафтам. Ин ҷо чанд сол боз бузро дар рӯз намедидем. Ин ҷо дар масофаи панҷоҳ метр ду модабузи ҳомиларо дидам, ки хеле хушҳол шудам. Онҳо бе тарс гаштугузор доштанд, ки ин нишондиҳандаи он аст, ки шикорашон камтар шудааст,"- гуфт Исмоил Хоркашов, шикорчии собиқ ва ҳоло узви ҷамъияти “Табиатдӯстон”.
Ҳудуди заминҳои ҷамъияти “Табиатдӯстон” беш аз ҳазор ҳекторро ташкил медиҳад. Ба ҷуз бузҳои пармашох дар ин мавзеъ даҳҳо навъи паррандаҳо, хирс, бабри барфӣ ва гулу буттаҳои нодир нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари ин заминҳо иборат аз шахҳои сангӣ аст, ки паногоҳи хуб барои ҳайвоноти нодир дониста мешавад.
"Мо ҳеҷ фоидае аз ин кор намебинем ва интизор ҳам надорем. Мо фақат дар назди виҷдони худ мехоҳем, ин корро анҷом диҳем. Бисёриҳо намефаҳаманд, ки ин ҳайвон то кадом андоза нодир аст," - гуфт Назирмад Холов, шикорчии дигари собиқ, ки ҳамакнун ба узвияти ҷамъияти “Табиастдӯстон” пайвастааст.
Бозрасии давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон имсол шикори панҷ бузи пармашохро иҷоза додааст, аммо аъзоёни ҷамъияти “Табиатдӯстон” мегӯянд, барои афзоиши саршумори он ҳади ақал бояд панҷ сол сабр кард, то саршумори он биафзояд.
Азизи Шерхон, созмондиҳандаи ҷамъияти “Табиатдӯстон” гуфт: “Саршумор хеле кам аст ва дар арафаи нобуди қарор дорад. Комилан бояд шикори он манъ бошад. Аммо бархе созмонҳо омори бардурӯғ нишон дода, шикори онро ба роҳ мондаанд, ки ин раванд шояд ин навъи бузро комилан аз байн барад.”
Мавзеи зери назари ҷамъияти “Табиатдӯстон” то чор соли пеш яке аз маконҳои кочоқбарони афғон буд, ки онҳо низ бераҳмона бузҳои нодирро шикор мекарданд. Аъзоёни ҷамъият мегӯянд, бо талошҳои мақомоти интизомӣ кочоқбарони афғон комилан аз ин мавзеъ дур шудаанд. Дур шудани афғонҳои қочоқбар аз ин мавзеро бузургтарин пирӯзӣ дар самти ҳифзи бузҳои пармашох медонанд. Ҳоло онҳо танҳо бояд ин бузҳоро аз шикорчиёни дохилӣ ҳифз кунанд, ки бо дур шудани кочоқбарони афғон барои шикор ба ин мавзеъ мераванд.