Бар асари чанд заминларзаи шадиди моҳҳои гузашта, кафи нақби Шаҳристон тақрибан 14 метр фурӯ рафтааст. Аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ин харобӣ барои раҳгузарону мусофирон хатар надорад ва барои он, ки мошинҳо дар ду тарафи нақб ҷамъ нашаванд, нақби ҳавокаши паҳлӯиро муваққатан барои рафту омади мошинҳои мусофиркаш мутобиқ сохтаанд.
Ин нақбро чиниҳо бо сармояи қарзи худ ба Тоҷикистон, сохта буданд ва сохтмони он соли 2012 ба поён расида буд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон минтақаи зилзилахез аст ва дар чунин манотиқ маъмулан зилзила сабаби харобии баъзе қисматҳои роҳ мешавад.
Ганҷалзода: Заминҷунбии сахте, ки шуд, ба худи конструксия зарар расонида бошаду корношоям карда бошад, нест. Лекин агар нигоҳ, ки накардем, ба чунин ҳолат оварда мерасонад. Барои ҳамин мо тез чораҷӯӣ кардем.
Радиои Озодӣ: Мардум то андозае хавотир ҳам мешаванд. Чун дар ҳар ҳол, дохили нақб осеб дидааст. Оё ин ба роҳгузарҳо хатар надорад?
Ганҷалзода: Бо вуҷуди ин садама, ҳаракат дар ин масир ягон соат манъ нашудааст. Фақат вақте мо кор мекунем, албатта, роҳ барои чанд лаҳза ё соат маҳкам мешавад. Хушбахтона дар даруни тунел ҳавокаш ҳаст ва садамаҳои ба вуҷудомада, барои ҳаракати нақлиёт монеа эҷод накардааст. Агар ҳамин хел ҳам монем, нақлиёт рафтан мегиранд. Ё мо метавонем ҷойҳои пастшударо бетон карда ва мошинҳо ба ҳаракати худ идома диҳанд. Лекин ба хотири он, ки оянда ҳамин чиз такрор наёбад, мо корҳои таъмириро роҳандозӣ кардем.
Радиои Озодӣ: Ҳоло мошинҳо аз куҷо мегузарад? Аз ҳамон нақби захиравие, ки ҳавокаш номида мешавад, муваққатан рафту омад карда метавонанд?
Ганҷалзода: Мошинҳои хурд мераванд. Иҷозаи ҳаракат аз як тарафро доранд. Аз як сӯ, ки тамом шуд, боз аз тарафи дигар мошинҳоро иҷозаи ҳаракат медиҳанд. Ҳаракати мошинҳои калон фақат дар вақти кори техникаҳои роҳсозӣ манъ мешаванд. Мо талош мекунем, ки ҳангоми иҷрои корҳои хурду реза, ҳаракати мошинҳоро манъ накунем.
Радиои Озодӣ: Хабари дигаре низ ҳаст, ки дар минтақаи Такфони ноҳияи Айнӣ як пул шиштааст. Аз он ҳам гузаштани мошинҳо муваққатан манъ карда шудааст ва мошинҳо аз пули захиравӣ мегузаранд. Оё таъмири он ҳам дар оянда шурӯъ мешавад?
Ганҷалзода: Он пуле, ки шумо дар назар доред, пули комбинати Такфон буд. Вақте ин роҳро бунёд карданд, мо аз он истифода мекардем. Алатта мошинҳои пурбор рафта, бетони болоии пулро вайрон карданд. Ҳоло пули муваққатӣ сохта шудааст ва корҳо низ идома доранд. Корҳои бетонрезӣ идома дорад. Аз пагоҳ мумкин монтажи роҳ сар мешавад.
Радиои Озодӣ: Дар нақби Истиқлол корҳои таъмирӣ анҷом шудааст ё ҳанӯз ҳам идома дорад?
Ганҷалзода: Дар нақби Истиқлол, корҳои асосии бетонкорӣ ба анҷом расидаанд. Мо ин баҳор корҳои оббандкуниро оғоз мекунем. Мо бояд, ки корҳои лоиҳакшии равшаноӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, ҳавокашӣ ва ҳам видеоҳои назоратӣ ва ҳам рангу бори тунелро лоиҳакашӣ кунем. Аз ҷониби Эрон дастгирӣ ёфта истодаем. Рӯзҳои наздик бояд, ки намояндаи онҳо биёяд. Мо озмун эълон мекунем. Ҳамин лоиҳа бояд омода шавад ва дар оянда иҷро гардад.
Радиои Озодӣ: Барои иҷрои ин лоиҳаҳо дар оянда маблағи кофӣ ҳаст?
Ганҷалзода: Дар оянда бояд 50 дарсади маблағро ҳукумати Тоҷикистон ва 50 дарсади дигарро ҳукумати Эрон ҷудо кунанд. Бо ҷониби Эрон аллакай дар ин замина мувофиқаи пешакӣ дорем. Дар мавзӯи қабати поёнии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт, Худо хоҳад монеаҳои зиёд пайдо намешавад. Чунки бетонкориҳо бо сифати баланд анҷом шуда, солҳои зиёд ба мардум хизмат мекунад.