Соли оянда ҷанг дар Украина ба поён мерасад?

Сарбозони артиши Украина дар майдони ҷанг

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфтааст, ки маъмурияти Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико ба ҷанг аз оне, ки интизор аст, зудтар хотима хоҳад дод.

Доналд Трамп дар маъракаи интихоботиаш ваъда дода буд, ки агар пирӯз шавад, ба ҷанги миёни Русия ва Украина дар 24 соат поён медиҳад.

Қарор аст, Трамп рӯзи 20 январи соли оянда расман ба кори президентиаш оғоз кунад. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ бо чӣ шарту шароите ба ҷанг поён медиҳад ва маълум нест, ки он то куҷо имконпазир аст.

Владимир Зеленский, ки пас аз эълони пирӯзи интихоботи ИМА бо Трамп гап зада буд, рӯзи 16 ноябр дар суҳбат бо расонаҳо онро "созанда" номид.

Зимнан, ӯ гуфтааст, ки Владимир Путин, президенти Русия хостори сулҳ нест, вале ба хотири берун шудан аз инзивоъ мехоҳад бо раҳбарони кишварҳои абарқудрат мулоқот кунад. Ишораи ӯ ба суҳбати Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон бо Путин буд.

Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон рӯзи 15-уми ноябр бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия телефонӣ сӯҳбат карда, аз ӯ хостааст, ки ба ҷанг дар Украина поён диҳад ва дар бораи “сулҳи одилона ва пойдор” бо ҳукумати Киев музокира кунад.

Аввалин сӯҳбати мустақими раҳбарони Олмон ва Русия мояи нигаронии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шуд, ки гуфт, Олаф Шолтз “роҳи хатарноке”-ро боз кардааст, ки “инзивои Русияро сабук мекунад ва ба музокироти маъмулие мерасонад, ки ба ҳеч чизе поён намедиҳад.”

Пас аз ҳамла ба Украина кишварҳои Ғарбӣ Русияро таҳрим карда буданд ва бо Путин гап намезаданд.

Бо ин вуҷуд дар суҳбати охири худ Зеленский гуфт, ки "ҳама корро мекунанд то аз роҳи дипломатӣ дар соли оянда ба ҷанг поён диҳанд."

Русия дар як соли ахир дар майдони ҷанг ба сахтӣ рӯ ба рӯ шудааст, вале ба оҳистагӣ пешравӣ мекунад. Маълум нест, ки Путин барои поёни ҷанг чӣ шартҳое пешниҳод мекунад ва то куҷо Украина ва кишварҳои ҳомии он ин шартҳоро қабул хоҳанд кард.

Русия охири моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор украинӣ кушта ва миллионҳо нафар фирорӣ шуданд. Даҳҳо ҳазор низомии Русия низ дар ин ҷанг кушта шуданд. Русия давоми тақрибан се сол ба он чизе, ки мехост дар Украина даст ёбад, муввафақ нашуд.

Ҷанг дар Украина низоми иқтисоду зиндагӣ дар дунёро дигар кард. Ҳоло аксаран мунтазири поёни ин ҷанганд. Чашмҳо ба ворид шудани Доналд Трамп ба Кохи Сафед аст, ки ваъдаи поёни онро додааст.