Соҳибкорони тоҷик: “Мошинҳои моро бидиҳед!"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақрибан 2 ҳазор мошине, ки як сол пеш тоҷирон барои фурӯш аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда буданд, дар як истгоҳи гумрукӣ дар вилояти Суғд банд мондааст. Мақомот мегӯянд, ин мошинҳо то соли 2013 истеҳсол шуда, куҳна ҳастанд ва онҳоро бояд ба кишвари дигар бурд ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил дод.