Камолуддин Абдуллоев: "Соҳиб"-и Помир кист?

Камолуддин Абдуллоев. Акс аз сомонаи муаллиф гирифта шудааст

Чанде пеш расонаҳои Чин матлаберо нашр карданд, ки боис ба ҳайрати хонандагон шуд. Ин матлаб "Тоҷикистон бо хоҳиши худ ҳудуди Чинро баргардонд ва суфакӯҳи гумшудаи Помир ба соҳибаш баргашт"​ ном дорад. Чунин изҳорот аз куҷо маншаъ мегирад ва ба он чӣ гуна бояд ҷавоб дод? Оё тоҷикистониён дар бораи барномаи стратегии чиниҳо дар мавриди ҳамсояҳои шимолу ғарбиашон чӣ медонанд? Дар ин хусус андешаи таърихнигори тоҷик Камол Абдуллоевро пешкаш мекунем.

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

"Соҳиб"-и Помир кист?

Ҳамкорӣ ва додугирифти тоҷикон бо мардуми Чин дар соҳаи тиҷорату фарҳанг ва дин таърихи дароз дорад. Дар замони қадим ва асрҳои миёна тоҷикон, ба мисли эрониёни шарқӣ, дар пайвастани роҳҳои Чин ба Аврупо нақши муҳим доштаанд. Ба гуфти эроншиноси амрикоӣ Ҷон Перри, "Роҳи абрешим", ки имрӯз машҳур аст, маънои "фазои фарҳангии эронӣ"-ро гирифтааст. Вай мегӯяд, маҳз эрониҳо дар ташкили хатсайрҳои тиҷорат ва сохтори ба он марбут, барои ба ҳам расидани тоҷирон, сарбозон ва сайёҳону гурезагони Аврупову Сурия бо Ҳиндустону Хитой нақши калидиеро бозидаанд.

Аз асри 6-уми милодӣ ин хатсайрҳоро туркҳои саҳронишини Осиёи Миёна муҳофизат мекарданд. Сарбозони эронӣ ва туркӣ бо майлу рағбат дар артиши Чин хидмат мекарданд.

"Ан" дар забони чинӣ маънои "Бухоро"-ро дорад ва "Лушан" чизи дигаре ҷуз номи маъруфи тоҷикии "Равшан" нест.

Яке аз онҳо Ан Лушан (703-757), марде бузургу таҳамтан буд, ки яке аз занони дӯстдоштаи император пуштибониаш мекард. Падари Ан Лушан суғдӣ буд ва модараш турк ва худаш дар замони императории Танг муддаии тоҷу тахт буд.

Ҳам Суғд ва ҳам Бохтар, на бо худи Чин, балки бо қисмати дурдасттарини шимолу ғарбии он, ки имрӯз бо номи Шинҷон маълум аст, ҳамсарҳад буданд. Шинҷон музофоти бузургтарини Чин аст (аз шаш як ҳиссаи қаламрави Чинро ташкил мекунад) ва он фазои муҳими ҷуғрофиёи сиёсиро ишғол мекунад. Дар шимол он бо Олтойи Русияву Муғулистон ва Сибир ҳамсарҳад аст; дар шимолу ғарб – бо Қирғизистону Қазоқистон.

Ҷанубу ғарби Шинҷон бо Помири Тоҷикистон, бо Вахони Афғонистон, шимолу ғарби Ҳиндустону Покистон ва ҷануби он бо Тибет ҳамсоя аст. Ин минтақа аз нафту газу ангишт бой аст.

Аз замонҳои қадим стратегияи сиёсати хориҷии Чин Императории осмониашро ба минтақаи миёна, ки сокинонаш асосан чиниҳои хон буданд ва ба хитаҳои сипарӣ (буфер) тақсим мекард, ки ба минтақаҳои охирӣ Шинҷон ва Муғулистону Тибет дохил мешуданд. Чин дар солҳои рушду болоравии худаш ин қаламравҳои ҳоил (буферӣ)-ро ба худ тобеъ мекард, вале замоне ки заиф мешуд, аз даст медод.

Аҳамияти Шинҷон ва таърихи онро дур аз маркази кишвар буданаш таъин кардааст ва ҳам, таърихан, аҳолии он ғайрихониву мусалмон будаасту бо халқҳои Осиёи Марказии имрӯза қаробат доштааст.

Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ин минтақа ба қисмати шимолӣ (вилоятҳои Ҷунгару Илӣ) ва ҷанубӣ (вилояти Қошғар) тақсим шудааст. Аҳолии Шинҷон асосан аз уйғурҳо иборат аст. Маҳз ба шарофати онҳо соли 1955 ин ҷоро Вилояти Худмухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин номида буданд.

ИН ВИЛОЯТ ЧӢ ГУНА МОЛИ ЧИН ШУД?

Тобеияти расмии Сию (қаламрави ғарбии Шинҷон) ба Чин тақрибан пас аз 200 соли ғасби Осиёи Миёна аз тарафи Искандари Мақдунӣ дар соли 115 пеш аз милод шуруъ шуд. Асрҳои зиёд чиниҳо Шинҷонро ҷойи истиқомати худ интихоб намекарданд, балки онро минтақаи сарҳадӣ меҳисобиданд. Дар он пойгоҳҳои хурди чинӣ воқеъ буданд ва сафари низомиён ба онҷо сурат мегирифт.

Қудрат дар Шинҷон ба сарони феодали маҳаллӣ ва сохтори мазҳабӣ тааллуқ дошт ва онҳо аз императорҳои Чин ба ивази садоқат ва аҳди муҳофизати сарҳадҳои берунии императорӣ маошу унвон мегирифтанд. Ҳеч ҷои тааҷҷуб ҳам нест, ки ҳар вақте ҳукумати марказии Чин суст мешуд, ин минтақаи ғарбӣ кӯшиш мекард, аз нуфузу назорати Пекин озод шавад.

Харита

Давраи ҳалкунандаи мубориза барои минтақа соли 1759 оғоз шуд, дар он замон ки импепатори Монҷури сулолаи Тсин хонигарии Ҷунгар (Муғулистон)-ро шикаст дод. Дар он давра ин минтақаи ғарбӣ, аз ҷумла як қисми Муғулистон ҳам дар тобеияти ин хонигарӣ будаанд. Ва ба ҳамин тариқ, маҳз дар ин давра охирин императории саҳронишинон - ворисони Чингисхон ҳам дигар нест шуданд. Дар охири он ҷанг, туркҳои мусулмони Қошғар кӯшиш карданд исён кунанд ва истиқлоли худро эълом намоянд. Пас аз як қатор шикастҳо маҷбур шуданд, қудрати императорро эътироф кунанд, чун император онҳоро аз муғулҳо муҳофизат кард ва ҳам таъсири буддоиёнро дар минтақа аз байн бурд ва ба ин васила роҳро барои эҳёи дини ислом ва қудрати "хоҷа"-ҳои нақшбандия кушод.

ҚОШҒАРИ НООРОМ

Дар қисмати ҷанубии Шинҷон, ки бо номи Қошғар машҳур аст, аҳолиаш тақрибан якхела будаанд: ҳама мусулмон ва асосан туркӣ ҳарф мезаданд ва нияти омӯхтани забони чинӣ ва пӯшидани либоси чиниро надоштаанд. Дар соҳаи меъморӣ, фарҳангӣ ва сохтори иқтисодиаш минтақаи Қошғар аз водии Фарғона фарқи хеле кам доштааст. Қошғариҳо бо омодагии зиёд барои тиҷорат ба Фарғона мерафтаанд ва ҳам дар кишвари худ муҳоҷирон, яъне узбекҳову тоҷиконро, ки "андиҷонӣ" меномидаанд, хушҳолона қабул мекардаанд.

Сӯфиёни маҳаллӣ ва сарони феодалӣ "хоҷагон" ном доштаанд ва қисми зиёди онҳо аз Фарғона ва аз Самарқанд будаанд.

Тӯли асри 19 хонадони Қӯқанд қасди тасарруфи Қошғарро ҳеч пинҳон ҳам намекард. Вақте ки дар аввалҳои 1860 дар Қошғар шӯриш сар зад, хонадони Қӯқанд ба онҷо сипоҳи низомии худро фиристодааст. Он солҳо марде бо номи Ёқуббек дар он сафари низомӣ аз худ саҳми арзанда гузоштааст.

Ёқуббек Бадавлат (1820-1877) як "сарт"-и пурғайрату шӯҳратпарасте будааст (ва тибқи манбаъҳои дигар як тоҷике аз Хуҷанд будааст). Вай чиниҳоро сарнагун ва Қошғарро зери тобеияти худ дароварда, пас, тавонистааст давлати мустақилу тавоноеро (дар муқоиса бо Қӯқанд) бо номи Еттишаҳр (ҳафт шаҳр) таъсис намояд. Соли 1866 ӯ ҳатто Сарикӯлро ба худ тобеъ мекунад (ҳоло он бо номи мавзеи худмухтори Тошқӯрғон - Тоҷики вилояти худмухтори Шинҷону Уйғур маълум аст, ки дар он ҷо тоҷикони Чин, сарикӯлиҳо ва вахониҳо зиндагӣ мекунанд). Аз соли 1832 Сарикӯл, ба мисли қисмати аксари Помир, ба Қӯқанд тааллуқ доштааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон нашри матолиб дар матбуоти чинӣ дар бораи марзи ду кишварро "ғаразнок" номид

Ҳам барои Русия (ки он замон барои ба даст даровардани Қӯқанду Бухоро ҷанг мекард) ва ҳам барои Англия, ки ҳарду талош доштанд нуфузу мавқеи худро дар минтақае, ки аз ҷониби Чин суст назорат мешуд, мустаҳкам кунанд, Ёқуббек хатари ҷиддӣ эҷод мекард. Ва императории Чин ҳам аз тарси тақвият бахшидан ба сокинони дашти ноором дар заминҳои ғарбии худ, бо мавҷудияти як давлати мустақили мусулмонӣ дар Қошғар оштӣ карда натавонистааст. Ин воқеиятро дарк намуда, Ёқуббек зиддиятҳои қудратҳои рақибро истифода кардааст. Ӯ ҳамзамон ҳам аз Англия ва ҳам Русияву Туркия мадад хостааст.

Ҳукумати ӯ 12 сол давом кард. Дар ниҳоят, кумаке, ки Ёқуббек аз ҷониби англисҳо (ки ба манҷуриҳо маслиҳат додаанд Қошғарро зери тобеияти Чин дарорад) кофӣ набудааст, дар сурате ки Русия бо ғаллаи худ артиши Чинро таъмин кардааст ва ба Тсзо-Тсзунтан, волии музофотҳои ба Шинҷон ҳамсоя – Шенси ва Гансу имкон додааст, дар солҳои 1876-1878 Еттишаҳрро хароб кунанд. Тахминан 12 ҳазор ҷонибдорони наздиктарини Ёқуббек ҳамон вақт дар Қошғар ба қатл расонида шуданд. Худи Ёқуббек пеш аз мағлуб шуданаш худкушӣ кардааст.

Ёқуббек Бадавлат, албатта, як ҳокими бераҳм будааст, аммо фаромӯш набояд кард, ки нерӯи муҳими худро дар даъват ба ҳамбастагии диниву қавмӣ барои истеҳкоми истиқлоли Қошғар ва шояд тамоми Осиёи Миёна ба даст овардааст.

Тақрибан ҳамзамон бо ҳукмронии Ёқуббек, дар вилояти Ҷунгар исёни дунганиён таҳти роҳбарии Бой-ён-ху (Муҳаммад Анюб) сар задааст, ки онро низ Тсзо сарнагун кардааст. Саркӯб кардани ин шӯришҳои мусалмонӣ дар асл маънои такроран (пас аз соли 1759) ба тобеияти Чин даровардани минтақаи Шинҷонро доштааст.

Ниҳоят, соли 1881, бо пойтахташ дар Урумчӣ музофоти Шинҷон (ки ин ном маънои "нав иловашуда", "забтшуда"-ро дорад) ташкил карда шуд. Зиёда аз 90 дар сади аҳолии ин минтақаро мардуми мусулмони Осиёи Миёна (асосан уйғурҳо ва қазоқҳо, ва инчунин қирғизҳо, узбекҳо ва тоҷикҳо) ташкил медиҳанд.

Музофоти Шинҷонро як қисмати Чин эълон карда, императорҳои Чин аҳд карданд, ки Чинро на танҳо чун "кишвари халқи Хон", балки дар ҳамзистӣ бо мардуми халқҳои дигар ҳамчун кишвари ягонае баррасӣ намоянд, вале ҳамзамон, онҳо ба ғояҳои бартарияти фарҳангӣ, яксоншавии (ассимилятсияи) синмеҳварӣ ва табъизи гурӯҳӣ такя кардаанд. Дар ин ҳол, ноогоҳ, ва баръакси қасди худ, онҳо ҷунбиши озодихоҳиро оғоз карданд: таъсири дини буддоии муғулиро аз байн бурда ва ҳам дар харитаи ҷуғрофии ҷаҳон сархати марзҳои вилояти навро кашиданд. Императорҳои Чин дар дили уйғурҳо, қазоқҳо ва дигар халқҳои ин музофот раванди шинохти асолати динӣ ва миллиашонро эҳё кардаанд, ки ба тадриҷ, рушди афкори бунёди як давлати мустақили онҳоро такон додааст.

Дар муқоиса бо халқҳои дигари Чин, халқҳои фатҳшудаи Шинҷон қабилаҳои ақибмондае набудаанд ва чиниҳо наметавонистанд онҳоро ба осонӣ "аз худ" кунанд. Тамаддуни халқҳои сукунатии (ғайримуҳоҷири) Осиёи Миёна таърихи қадиме дошт ва фарҳанги он ба мисли фарҳанги Чин бой буд, ҳарчанд аз ҷиҳати рушди иқтисод ва қудрати нуфузи сиёсӣ ва низомӣ тамаддуни Чин бартарӣ дошт.

ТАЛАБОТИ РУСИЯ ВА ДАРГИРИҲО БАРОИ ПОМИР

Русия дар гузариши Шинҷон таҳти ҳукмронии Пекин нақши муҳим бозидааст. Ба мисли Чин, Русия намехост, мухторияти ин қаламравро ба ихтиёри халқҳои муқими он супорад. Таъсиси давлатҳои мустақил дар қисмати чинии Осиёи Миёна метавонист оташи як ҷунбиши озодихоҳиро алайҳи ҳукумати Русия дар Тошканд, Фарғона ва Бухоро барангезад.

Он замон нерӯи низомии Русия дар ҷанги Қрими солҳои 1853-1856, ҷанги солҳои 1876-1878 бо Туркия ва дар муборизаи мусаллаҳонаи солҳои 1860 бар муқобили исёни мардуми кӯҳии Қафқоз, таҳти роҳбарии Шамил, хеле хароб шуда буд. Ва бинобар ин Русия, Шинҷон як тараф истад, барои таъсиси ҳукуматаш дар тамоми Осиёи Миёна захираи кофӣ надошт. Зиёда аз он, барои ғасби минтақаи Илӣ соли 1871 Русия мавриди интиқоди байналмилалӣ қарор гирифт.

Соли 1864 Русия ва Чин Аҳднома (Протокол)-и Чугучакро имзо кардаанд, ки тибқи он минтақаҳои Олтой ва Курчум, кӯли Зайсан, заминҳои Тарбагатой, Алато ва Тён-Шон ба ихтиёри Русия дода шуданд. Созишномаи Англияву Русияи соли 1873 хатти сарҳади Помирро кашида, долони Вахонро ҳамчун минтақаи сипарӣ ё буферии Афғонистон байни Ҳиндустони Бритониё ва Осиёи Миёнаи Русия (имрӯз: байни Тоҷикистону Афғонистон) таъсис додаст. Аммо, дипломатҳои Русия ва Бритониё хатти долонро ба шарқ, то марзи Чин кашида натавонистаанд ва ин кор баҳсу талошҳои минбаъдаро дар мавриди сарҳади байни Чину Афғонистон барангехтааст.

Соли 1892 чиниҳо дар Тошқурғон (Сарикӯл) диж сохтанд. Он замон дар баландкӯҳҳои Помири шарқӣ, гуруҳҳои қирғизтабор, ки расман мардуми тобеи Чин ба ҳисоб мерафтанд, сарҳадҳоро озодона гузашта, бо подаҳои худ аз ҷое ба ҷои дигар мерафтанд. Ҳамзамон, дар солҳои 1891-94 казакҳои рус бо сарварии атаман М.Е. Ионов Помирро зуд ишғол карда, афғонҳоро, ки англисҳо дастгириашон мекарданд, берун карданд.

Дар Помири Шарқӣ англисҳо аслан Чинро низ дастгирӣ мекарданд, чун умед доштанд, ки чиниҳо ва афғонҳо ҳамлаи русҳоро дар самти Афғонистон нигоҳ медоранд. Воқеан, Русия бо сиёсати Бритониё дар Помир мухолиф буд. Дар солҳои 1898-1901, бо вуҷуди эътирози Чин, Русия дар Сарикӯл пойгоҳи муваққатӣ дошт.

Баъдан, кишвари коммунистии Чин ба созишномаҳои сарҳадие, ки бо Русияи подшоҳӣ имзо карда буд, изҳори эътироз кардааст. Ҳамзамон ҷониби Чин дар даъвои худ ба Помир ба созишномаи Марғелони Нав аз 22-юми майи соли 1884 ишора мекунад, ки тибқи он хатти сарҳад аз вилояти Фарғона ва Қошғар танҳо то сарҳади Уз-Бел (каме дуртар аз гузаргоҳи Оқ-Байтал) кашида шудааст. Зиёда аз ин, тибқи моддаи 3-и созишномаи зикршуда, ифодаи сархати сарҳад бо матни таъбиру истилоҳаш норӯшан навишта шудааст. Тибқи он, сарҳади Русия аз Уз-Бел ба ҷанубу ғарб ба самти Хоруғ ва сархати сарҳади Чин бошад - ба ҷануб ба самти Афғонистон тӯл кашидааст ва ба ин тариқ қисми зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кунунӣ, дар беҳтарин сурат, ҳамчун замини "бесоҳиб" вогузошта шудааст.

Ба ҳар ҳол, соли 1894, пас аз мубодилаи тавзеҳу ёддоштҳои дипломатӣ, чиниҳо ва русҳо Помирро дар тӯли қаторкӯҳи Сарикӯл тақсим карданд. Ва ин сарҳад то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст.

Ҳамзамон, ҷониби Чин пинҳон намекард, ки аз ҳаққи худ ба Помир комилан даст кашиданӣ нест ва он қарордодро "муваққатӣ" меҳисобад. Соли 1969 мақомоти Чин расман эълон карданд, ки Русияи подшоҳӣ дар солҳои 1892-94 зиёда аз 20 ҳазор километр мураббаъ аз "қаламрави Чин"-ро дар марзи ғарбии қаторкӯҳҳои Сарикӯл ишғол кардааст (ёдовар мешавем, ки масоҳати умумии ВМКБ – 64 ҳазору 200 километри мураббаъ аст). Ғайр аз ин, соли 1895 замоне ки Англияву Русия марзи Помирро тақсимбандӣ мекарданд, тарафи Чин дар вақти ба имзо расидани он қарордод ҳузур надоштааст. Тибқи он қарордод долони Вахон ҳамчун сарҳад эътироф гардидааст ва ба ин тариқ Русия ҳаққи соҳибии тамоми қаламрави соҳили рости дарёи Панҷро, аз ҷумла қаламрави ВМКБ-и муосирро барои худ таъмин намудааст.

СУҚУТИ ТСИН ВА ЗАИФ ШУДАНИ ҲУКУМАТИ ЧИН ДАР МИНТАҚА

Пас аз ғалабаи Инқилоби Синхуӣ, суқути сулолаи охирини Тсин ва ташкили Ҷумҳурии Чин (1912-1949), Ҷопон ба Чин ҳамла кард ва қисми Чинро ишғол кард. Худи Ҷумҳурии Чин ба як иҷтимои сусте иборат аз минтақаҳои ба якдигар душман табдил ёфта буд, ки таҳти назорати афсарони собиқи артиши императорӣ қарор дошт. Минтақаи Шинҷон дар инзивое аз марказ дур шуда буд ва чунин ба назар мерасид, ки боз ҳукмронии Чин дар ин минтақа ба поён мерасад.

Аммо соли 1912 Ён Тсен-син фармондори шаҳрвандиву низомии Шинҷон таъин мешавад, ки ӯ худ як маъмури девони мактаби кӯҳна ва зодаи музофоти Юнан будааст. Дар тӯли ҳукмронии худ, ки то соли 1928 давом кардааст, ин фармондори боистеъдод, ки аслан захираҳои назарраси низомӣ ва молиявиро надоштааст, тавонистааст Шинҷонро на танҳо дар дохили Чин нигоҳ дорад, балки онро аз харобиҳое, ки ба он ҳамсоягонаш дар ҷангу инқилобҳо дучор омада буданд, наҷот диҳад.

Аз сустии ҳукумати Ҷумҳурии Чин истифода карда, русҳо ва англисҳо ҳузури худро дар Чини ғарбӣ тақвият додаанд. То инқилоби соли 1917, нуфузи Русия дар Шинҷон бузург буд ва аз нуфузи англисҳо дар минтақа бартарӣ дошт. Дахолати Иттиҳоди Шӯравӣ ба корҳои Шинҷон то омадани ҳукумати коммунистон ва ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 1949 идома ёфтааст.

Коммунистони Мао Тседун кореро карданд, ки ҳокимони пешинаи Чин карда натавонистанд: онҳо нуфузи Русия ва сипас Иттиҳоди Шӯравиро дар тамоми музофот қатъиян ва бебозгашт аз байн бурданд. Гузашта аз ин ҳукумати нави Пекин амрикоиҳову англисҳоро аз хоки худ ронда, қаробату ҳамкориҳои хубро бо дӯсти наву муҳими худ дар шибҳақораи Ҳиндустон, бо Исломобод ба роҳ андохтааст, ва ба ин тариқ ҷиддан унсурҳои ҷудоихоҳии Қошғарро тақсиму нобуд кардааст.

ХУЛОСА

Чини муосирро бе донистани гузаштаи он фаҳмидан душвор аст. Тоҷикистониён бояд дарк кунанд, ки тақсимбандии Помир дар шароите рух додааст, ки онро шӯришҳо ба ларза меоварданд ва империалистҳо минтақаро пора-пора мекарданд. Пас аз чанде таърихшиносони Чин давраеро аз нимаи асри XIX то миёнаи асри XX "асри таҳқири миллӣ" ном мегузоранд. Бесабаб нест, ки пешвои миллатгароёни Чин Чианг Кай-Ши (1887-1975) тӯли 20 сол ҳар рӯз ин ибораро дар дафтари хотирааш менавиштааст: "Барои таҳқир интиқом гир".

Эҳтимол аст, ки комёбиҳои иқтисодии Чини муосир, тавоноӣ ва эътимод ба нафси он барои шифобахшии ҷароҳати таърихии он дар замоне ки ин кишварро ҳамчун "бемори Осиё" ва дур аз саҳнаи таърих меҳисобиданд, кумак намекунанд. Дар шароити муосир, Ҳизби Коммунистии Чин бо мақсади муттаҳид сохтани миллати Чин барои тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон дар асоси идеологияи ягона ва хотираи умумии таърихи "осебдида" маъракаҳои идеологиро мегузаронад.

Аммо, ба гуфтаи муаллифи мақолаи дар боло зикршуда, чизеро, ки дар таълимот ё доктринаи идеологӣ омадааст, комилан ҳақ аст гуфтан нодуруст аст, яъне ки ҷавобгӯи "таҳқири миллӣ" натанҳо нерӯҳои хориҷӣ ҳастанд.

Аммо агар аз тоҷикон ҳарф бизанем, онҳо саҳифаҳои таърихи худро бо ғасби қаламрави халқҳои дигар олуда накардаанд. Тоҷикон дар сарзамини худ зиндагӣ карда, худ ба мисли чиниҳо қурбонии сиёсати мустамликадорӣ будаанд, ҳарчанд ҳоло ба касеву халқе кина надоранд. Тоҷикон алайҳи Чин ягон амали душманона накардаанд ва ҳамзамон аз Русия барои ташкили марзҳои муосири Помир миннатдоранд. Даҳ сол пеш, тоҷикон бо умеди хотима бахшидан ба баҳси замин ба ҳамсояи худ баъзе имтиёзҳои мулкӣ дода буданд.

Мо мухторият ва тамомияти арзии кишварамонро на камтар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин қадр мекунем. Тоҷикистониён ҳамчунин намехоҳанд бовар бар он кунанд, ки мақолаи зикршуда ба интихоботи раиси ҷумҳури қарибулвуқӯи имсол ё ба мушкилоти иқтисодии кишварамон дар робита бо вируси корона ва ҳам ба муноқишаҳои дерпое дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон алоқамандӣ дорад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.