Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шикоят дорад, ки мақомоти маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳо ҳангоми таҳияи санадҳои намояндагони ин ҳизб ба Кумисюни марказии интихобот монеаҳои, ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки то поёни муҳлати сабтиноми номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон як рӯз мондааст. Раҳматилло Зоиров ин вазъиятро "муносибати нафратангез" ва "табъйизи сиёсиву ҳуқуқӣ" номидааст ва мегӯяд, дар ин бора ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аризаи шикоятӣ навишт. Мақомоти КМИРТ гуфтанд, дар ин бора номае нагирифтанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 5-уми январи имсол дар анҷумане эълон кард, ки бо ҳашт номзад дар интихоботи моҳи март иштирок мекунад. Раҳматилло Зоиров рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "тасмим гирифтем, субҳи чаҳоршанбе ҳуҷҷатҳои панҷ номзадро аз рӯйхати ҳизбӣ барои сабтином ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунем. Номзадии се узви дигари ҳизб ба далели таҳия нашудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ маълум нест."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди таҳрим рад шуд. ҲСДТ ба интихобот меравад.САДОЗоиров иддао дорад, ки мақомоти маҳаллӣ вақте узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон будани номзадҳоро мефаҳманд, "бо ҳар баҳона аз омода кардани ҳуҷҷатҳои онҳо сарпечӣ мекунанд." Вай ба унвони мисол аз мушкили яке аз номзадҳо Н.Шоназарова дар ноҳияи Шаҳритус ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи Зоиров чнад рӯз боз як санадро аз идораи андоз гирифта наметавонад.
Наврӯзҷон Самадзода, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, то шоми 14-уми январ ҳеч аризае аз номи Раҳматилло Зоиров ба ин ниҳод ворид нашудааст ва ба ин далел наметавонад муҳтавои онро шарҳ диҳад.
Ин дар ҳолест, ки номаи расмии раиси ҲСДТ ба мақомоти Кумисюни марказии интихобот баъд аз зуҳри 14-уми январ дар Интернет ҳам нашр шудааст.
"Имкониятҳои мо ба мисли ҳизби ҳоким нест"
Раҳматилло Зоиров дар ҷавоб ба ин суол, ки оё барои анҷоми маъракаи интихоботӣ имконоти молии заруриро дар ихтиёр дорад, ё не, гуфт: "Албатта, имкониятҳои мо ба мисли ҳизби ҳоким нест. Аммо тавоноиҳои мо ба мисли Ҳизби демократ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст, ки аз сӯи ҳизби ҳоким ҳимоят мешаванд. Барои сабтиноми номзадҳо ва баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ имконоти заруриро дар ихтиёр дорем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пештар раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон гуфта буд, ки дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ аз бонкҳо беш аз 30 ҳазор доллар қарздор шуд ва онро ба сахтӣ баргардонд.
Вай дар охири соли 2019 аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Додгоҳи конститутсионӣ талаб кард, ки гаравпулии интихоботро аз байн баранд, чун онро яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои иштироки номзадҳо медонад. Дафтари президент ва Додгоҳи конститутсионӣ то ҳол дар мавриди ба баррасӣ гирифтани ин ариза ба роҳбарияти ҲСДТ посух надодаанд.
"Намедонам, чаро метарсанд"
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива Плюс" ва дар гузашта довталаби курсии президенти Тоҷикистон, гуфт, монеагузориҳои мақомот метавонад ҲСДТ-ро ба бойкоти интихобот маҷбур кунад. Чизе, ки ба гуфтаи ӯ ба фоидаи мақомот нест.
"Бештаре аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, намедонам, чаро мақомот аз онҳо метарсанд. Аммо мақомот бо эҷоди монеа дар маъракаи интихобоӣ барои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон иштибоҳ мекунанд. Зеро дар сурати идомаи чунин маҳдудиятҳо Раҳматилло Зоиров метавонад аз ширкат дар интихобот даст кашида, онро таҳрим кунад. Ин амр ҳаргиз ба фоидаи мақомот нахоҳад буд," -- шарҳ дод ӯ.
Қаблан бархе аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод доштанд, ки интихоботи порлумонӣ таҳрим карда шавад, чун ба бовари онҳо "интихоботҳо озоду шаффоф намегузарад ва имкони баробар ба ҳизбҳо дода намешавад." Аммо дар ниҳоят бо аксарияти рой раҳбарияти ҳизб иштирок дар интихоботро пазируфт.
Ба гуфтаи раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 3500 узви ҳизб монда, 4600 нафар дар муҳоҷират ҳастанд.
Порлумони Тоҷикистон дар даврони баъдиҷангӣ, асосан аз намояндаҳои ҳизби президент иборат буд ва дар даврони фаъолияти худ миёни доираҳои коршиносӣ ба унвони “порлумони идорашаванда” ё "хомӯш" шуҳрат дорад.
Дар интихоботи соли 2015 ба ин ниҳод ду ҳизби мухолиф – Ҳизби коммунист ва ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ роҳ наёфтанд. Интихобот ба ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон, қарор аст, моҳи марти соли 2020 баргузор шавад. Тирамоҳи ҳамин сол баргузории интихоботи президентӣ дар назар аст.
То ин ҳам интихоботҳои Тоҷикистон аз сӯйи созмону кившарҳои ғарбӣ демократӣ ва озод эътироф нашудаанд, ҳарчанд нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Чин аз он ситоиш кардаанд.