Марде, ки Путинро Путин кард

Собчак ва Путин дар солҳои 1990-ум.

Рӯнамоии китоби нотамоми вакили пешини Шӯрои Олии СССР, шаҳрдори Ленинград ва Петербург Анатолий Собчак – “Парвандаи Сталин”-ро дар маҳфиле ба муносибати 15-умин солгарди даргузашти Собчак ба сиёсатҳои имрӯзаи шогирди ӯ Владимир Путин нисбат доданд.

Анатолий Собчак дар Тоҷикистон чеҳраи баҳсбарангез аст. Бархе ошкору бархе маҷозан ӯро “илҳомбахш”-и ҷанги шаҳрвандии ин кишвар меноманд, зеро дар соли 1991 аз нерӯҳои демократӣ ва исломии Тоҷикистон ҳимоят карда буд. Бо назардошти бархӯрди мақомоти расмӣ ба Собчак ҳатто шоирон мисраъҳои он замон сурудаи ҳамдигарро, ки дар онҳо “Собчак” бо “чак-чак”, яъне кафкӯбӣ, қофия шудаанд, далели тамоюлҳои сиёсӣ мешуморанд.

Аммо айни ин бахш аз мардум шогирд ва ёвари Собчак -- Владимир Путинро парастиш мекунанд. Ҳол он ки роҳи Путинро ба сӯи қуллаи қудрат дар Русия маҳз Собчак бозу ҳамвор кардааст. Дар сафари Собчак ба Душанбе дар моҳи октябри 1991 Путин портфелбардор ва даркушои Собчак буд. Он вақт Собчак мақомоти давлатӣ ва сарони оппозисюнро сари мизи гуфтушунид нишонд ва гуфт, “то ба пирӯзии осоиштаи демократия даст наёбад, аз Душанбе нахоҳад рафт.”

Вай, ки бо супориши президенти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев ҳамроҳи академик Евгений Велихов ба Душанбе омада буд, номзади раёсатҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро маҷбур кард, барои давраи интихобот мақоми раиси порлумонро супорад ва аз ҳукумат хост, ба ҳуқуқи мухолифон арҷ гузорад, интихобот ба гунаи шаффоф баргузор гардад ва моликияти Ҳизби коммунист мусодира шавад.

УСТОДИ СИЁСИИ ПУТИН

Дар ин гуфтушунид ва дар ҳамаи корномаи сиёсии Анатолий Собчак меҳвари асосиро “волоияти қонун” ташкил медод. 14 феврали соли 2008 президент Путин гуфт: “Ман ҳаргиз ҳавас накардаам, даври сеюм дар сари қудрат монам. Ҳаргиз. Аз аввалин рӯзи корам ҳамчун президенти Федерсюни Русия қарор кардаам, ки конститутсияи амалкунандаро вайрон намекунам. Ин “эм”-ро ман ҳанӯз айёми корам бо Анатолий Александрович Собчак гирифтаам.”

Вале Путин бо “ҳиллаи шаръӣ” – ҷойивазкунии муваққатӣ бо шарикаш Владимир Медведев акнун 15 сол боз дар сари қудрат аст. Ҳамсари Собчак -- Людмила Нарусова мегӯяд, Анатолий Александрович ба Путин баҳои баланд медод ва боре гуфтааст, “ин мардест, ки воқеан ғами давлатро мехӯрад, на ғами манфиату ниёзҳои худро...”

Людмила Нарусова

Людмила Нарусова мегӯяд, барои озмоиши ин суханони шавҳараш фурсати кофӣ дошт ва ба натиҷае расидааст, ки арзёбии Собчак асосан дуруст аст. Дар як маҳфил ба муносибати 15-умин солгарди даргузашти шавҳараш Нарусоваи 63-сола гуфт: “Ҳақиқатан ҳам, Путин шахсест, ки фикр мекунад, барояш ҳамчун давлатмард рисолати махсусе дода шудааст. Вай воқеан ҳам фикр мекунад, ки манфиатҳои давлатиро мефаҳмад ва онҳоро ба гунаи муносиб амалӣ менамояд.”

Пас аз лаҳзае сукут, Людмила Нарусова меафзояд, “аммо қудрат фосидкунанда аст ва қудрати мутлақ ва таври мутлақ фосид мекунад. Понздаҳ сол хеле вақти зиёд аст.”

МАРГИ МАРМУЗИ СОБЧАК

Пас аз ду соли ҳиҷрат ба Фаронса зимни иттиҳоми фасод, Анатолий Собчак дар соли 2000, замоне ба Русия баргашт, ки ёвари пешинашро президенти бемор Борис Елтсин дар шаби соли нав ҷойгузини худ таъин карда буд ва мояи март Путин мебоист дар интихобот ин курсиро ҳифз кунад.

Вай барои таблиғи шогириди худ ба шаҳру вилоятҳои Русия сафар мекард ва 19-уми феврали соли 2000 дар меҳмонсарое дар Калининград гӯё аз сактаи дил фавтид.

Аммо дертар гузоришҳое нашр шуд, ки ӯро заҳр додаанд ва ду ҳамсафари ӯ – кормандони собиқи КГБ дар ду соли баъд яке паси дигар аз тири афроди номаълум кушта шуданд. Қатли онҳо “амалиёти ҳирфаӣ” унвон шудааст.

Путин ва Нарусова дар дафни Анатолий Собчак

Нарусова, ки дар маросими дафни шавҳараш дар байни Путин ва духтараш Ксения нишаста буд, дертар хоҳад гуфт, ки вақташ расад, сирри марги ҳамсарашро фош хоҳад кард. Дар маҳфили ёдбуди Собчак вай боз ҳам такрор кард, ки ҳанӯз вақт нарасидааст ва ӯ далелҳои раднопазирро дар “ҷойи боварбахш” махфӣ кардааст.

Онҳое, ки дар Порис бо Собчак равуо доштанд, борҳо навиштаанд, ки Путин мехост ба устоди сиёсии худ мансаби баланде диҳад. Ин омодагӣ шояд касони дигареро ба ҳарос овард ва ба ишораи Нарусова “баъзеҳо аз таъсири хеле зиёди Собчак ба Путин тарсиданд, зеро ин таъсир аз волоияти қонун иборат буд.”

Ба гуфтаи Нарусова, худи Путин дар солҳои аввали ҳокимияташ ибораи дӯстдоштае дошт – “диктатураи қонун.”

СОБЧАК, СТАЛИН ВА ПУТИН

Дар маҳфили ёдбуди Собчак дар Санкт-Петербург китоби нави ӯро рӯнамоӣ карданд, ки пас аз 15 соли маргаш нашр шуд. “Парвандаи Сталин” натиҷаи ду соли зиндагии ӯ дар Порис ва кор дар бойгониҳои ин кишвар буд.

Андешаи меҳварии китоби нотамоми Собчак ин аст, ки диктаторҳоро худи халқ ва ғуломтабиатии он ба вуҷуд меоранд. Александр Винников, ҳомии ҳуқуқи инсон ва яке аз ҳамкорони собиқи Собчак мегӯяд, замони нашри ин китоб ишора ба афзоиши шабоҳатҳои Путин ва Сталин аст. Ба ақидаи ӯ, ин асар ба пурсише посух медиҳад, ки чӣ чизҳо афкори Путинро дар давраи баъд аз канораҷӯии Собчак тағйир доданд.

Муқоваи китоби Собчак

“Барои ман шубҳае намондааст, ки нигоҳи Собчак ба сталинизм аз он зовия мегузарад, ки ёвари ӯ ва президенти феълӣ Путин ҳоло дар пеши чашми мо шеваҳои сталиниро дар идораи давлат ҷорӣ мекунад,” – мегӯяд Винников ва илова мекунад: “Ин як саволи аҷиб аст, ки чӣ тавр ёвари як шахси зидди Сталин ва зидди коммунизм мисли Собчак метавонад ба президент Путин табдил ёбад”.

Яке аз манзурҳои ин ҳуқуқшинос ҳабсу таъқиби мухолифон аст, ки аз ҷумла ба духтари Собчак – Ксения, шореҳи телевизион, ки аз мунаққидони сарсахти Путин ба шумор меравад, низ дахл кардааст.

Аммо бархи дигар аз сиёсатмадорон, монанди Сергей Егоров, раиси Ҷабҳаи Мардумии Санкт-Петербург, тавонмандиҳои Собчакро барои фош кардани парвандаи Сталин нокофӣ медонад ва мегӯяд, бояд баръакс парвандаи худи Собчак таҳқиқ шавад.

ВАСИЯТИ БЕ ВАСӢ

Тазод дар ин аст, ки нақши таърихии Собчакро дар рӯйдодҳои ду даҳаи ахири Русия на мухлисони Путин мусбат мегуморанд ва на рақибони ӯ. Дар бисёре аз мақолаву рисолаҳо талош мешавад, аз ӯ симои манфие намудор гардад. Вале ҳарду ҷониб тасдиқ мекунанд, ки ӯ яке аз беҳтарин қонундону ҳуқуқшиносон буд ва кам касон аз худ суол мекунанд, ки агар муҳимтарин пешниҳодҳои Собчак, аз ҷумла додгоҳи ҷиноятҳои Ҳизби коммунист, ба мансабҳои давлатӣ роҳ надодани хидматчиёни режими қаблӣ ва монанди инҳо қабул ва иҷро нашуда бошанд, гуноҳи шахси ӯ чист?

Ҳамчунон ки дар Тоҷикистони соли 1991, вақте ки бо пешниҳоди ӯ тарафҳои муқобил мебоист референдуми эътимод ба Шӯрои Олиро баргузор мекарданд, моликияти Ҳизби коммунистро мебастанд, кумиссюни муштараки назорат бар бозтоби маъракаи интихоботии президентӣ дар радио ва телевизионро ташкил медоданд ва шаффофияти интихоботро таъмин менамуданд, шояд таърихи кишвар аз роҳи дигаре мерафт? Ва шояд ҳоло на танҳо як шоири танҳо, балки ҳама ба Собчак “чак-чак” мезад?

(Бо истифода аз матолиби Виктор Резунков, Татяна Волская ва Дейзӣ Синделар)