Барф, борон ва таҳдиди ярчу сел ба манотиқи Тоҷикистон

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки резиши барф дар пойтахт дар нимаи дувуми рӯзи чаҳоршанбе қатъ мешавад, аммо дар навоҳии баландкӯҳ идома хоҳад кард. Шаби гузашта дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва манотиқи дигари кишвар аз ҷумла Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Истаравшан, Мастчоҳи кӯҳӣ, Шамсиддини Шоҳин, Лахш ва бархе ноҳияҳои вилояти Бадахшон, барф борид.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки боронгариҳо дар кишвар то 7-уми апрел идома карда ва рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳавои офтобӣ дар назар аст ва сипас дар миёнаҳои ҳафтаи оянда боз боронгарӣ мешавад.

Резиши санг дар Хоруғ

Бар асари сангрезии шаби гузашта дар маҳаллаи Абдуллоеви шаҳри Хоруғ, хонаи истиқоматии сокини ин шаҳр Муслима Зардодхонова, анбори масолеҳи сохтмонӣ, сехи қаннодии “Ниссо” ва сутуни хатти барқ, зарар дидаанд.

Умедаи Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ин ҳолат соати 2:55 шаби гузашта рух дода, интиқоли барқро муввақатан қатъ карда буд. Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, барои бартараф кардани ин вазъият, дастаи зудамали ситоди вилоятӣ ва комиссияи ҳолатҳои фавқуллода, сафарбар шудаанд.

Деҳаи Шули Раштро сел таҳдид мекунад

Боронгариҳои шадиди рӯзҳои охир дар ноҳияи Раш воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, хатари сарозер шудани кӯҳпора болои хонаҳои деҳаи Шулро афзоиш дод ва бо як тасмими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 4 апрел 22 хонавода ба макони амн кӯч дода шуданд. Вале боришоти зиёд ва хатари об шудани яхпораҳои кӯҳҳои болои деҳа, хатари сар задани офатҳои табииро кам намекунад.

Деҳаи Шул, ки бо 650 хонаводааш яке аз серҷамъияттарин рустоҳои Рашт ба ҳисоб меравад, мегӯянд, шабҳо аз бими кандани кӯҳпора дар хонаҳои худ хоб намераванд. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои кӯмакрасонӣ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки фаромадани ярч, ба манзили зисти як сокини деҳаи Шул хисорот ворид кард.

Вай гуфт: “Фаромадани ярч ба 22 хонавода таҳдид мекунад. Бо мақсади пешгирӣ намудани талафот, аз тарафи кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо аҳолӣ корҳои тарғиботӣ баргузор гашт, ки дар натиҷаи аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд”.

Сокинони деҳаи Шул мегӯянд, ки аз доманаи кӯҳҳо селоб фаромада ба манзилҳои зист таҳдид мекунад ва агар ба ҳамин минвол сел идома кунад, имкон дорад чанд манзили зистро хароб кунад. Шакархуҷа Розиқов, раиси деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷараёни селоб тунд аст ва манзили як сокини деҳаро пурра хароб кард ва як манзили дигарро тақрибан тахриб намуд, вале сокинон тавонистанд кӯдакони ин хонаводаро наҷот диҳанд.

Ба гуфтаи вай, “4 рӯз мешавад селоб бошиддат меояд ва аз ду тарафи деҳа ҷорӣ мешавад ва ҳар лаҳза хатари кандани замину хонаҳоро дорад. Шаб вақте, ки об ба як манзил осеб расонд, мо зуд кӯдаконро куч додем ва ҳоло кӯшиш дорем ҳамаи сокиноне, ки дар хатти хафв қарор доранд кучонем”.

Селхезӣ дар Оби Гарм

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, рӯзи 3-юми апрел дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Оби Гарм фаромадани ярч маҷрои дарёи Кундалангро баст ва дар натиҷа ба чанд манзили зист зарар ворид кард. Дар ҷамоати Сесангаи Оби гарм дар 60-километри шарқи пойтахти кишвар, бинобар селфароӣ, лағжиши теппа ба мардум таҳдид мекунад. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, бар асари борони зиёд, оби канали Оқтоки ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ рахна хӯрда, манзилҳои зист ва заминҳои сокинонро тахриб кардааст.

Рӯзи гузашта дар чанди қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари афтодани кӯҳпораҳо, ҳаракати нақлиёт барои чанд чанд соат қатъ шуд. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ширкат роҳро пок намуданд ва дар ҳоли ҳозир роҳ боз аст ва имтидоди роҳ таҳти назорат қарор дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ки то 7 апрел дар навоҳии Тоҷикистон бориши пайдарпайи борон дар назар аст ва дар баъзе минтақаҳо барф меборад.