Барфрезии шадид дар Душанбе (ВИДЕО ва 17 АКС)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Субҳи рӯзи сешанбеи 24 феврал дар Душанбе барфи зиёд борид ва равуои сокинон ва васоити нақлиётро мушкилтар кард.

Дар охирин рӯзҳои зимистони камбарфи соли 2014-2015, Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шоҳиди барфрезии шадид шуд. Аз рӯзи гузашта ҳавои Душанбе рӯ ба сардӣ дошт ва субҳи имрӯз сокинони пойтахт бо ҳавои сарду барфӣ рӯбарӯ шуданд.

Барфбории шадид равуои сокинонро мушкилтар кард ва субҳи имрӯз дар ҳар ҷо ҳар ҷои шаҳр тӯдаи сокинонро дидан мумкин буд, ки роҳи мусофирбарро интизор буданд.

Бино ба маълумоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши барф ба сурати умумӣ дар тӯли имрӯз дар Душанбе ва минтақаҳои атрофи он идома хоҳад дошт. Бориши шадиди барф дар Душанбе ва манотиқи марказии кишвар дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир дар манотиқи шарқии кишвар, аз ҷумла вилояти Бадахшон барфрезии шадид идома дорад.

БАРФРЕЗӢ ДАР ДУШАНБЕ

Барф дар Душанбе

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барфбории зиёд ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғро низ ба мушкил рӯбарӯ кардааст ва дар бархе аз қисматҳои ин роҳҳо, тарма фаромада ва боиси қатъи роҳ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки бар асари тарамафарой як “Газел” дар роҳи ноҳияи Айнӣ - Шаҳристон аз баландии 58 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ду сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, рӯзи душанбе сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳайдар Шокиров ҳамроҳи падараш бо мошини "Газел" дар минтақаи ноҳияи Айнӣ аз баландии 58 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат расид. Падари ӯ Усмон Шокиров дар роҳ ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ, ҷон додааст.

Дар водии Вахш низ имшаб барои аввалин бор дар ин зимистон барф борид ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, гули бодом ва зардолуро сармо зад.

БАРФ ДАР ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Барфи нобаҳангом дар водии Вахш (8 АКС)