Хабаргузориҳои Русия бо такя ба иттилоъ аз наздикони Сноуден мегӯянд, собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА аз Русия паноҳандагии сиёсӣ дархост намуд.
Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден метавонад дар сурати иҷрои як шарт дар Русия боқӣ монад. Рӯзи душанбе Путин иброз дошт, ки Сноуден бояд расонидани зиён ба ҳамкори стратегии Русия, яъне ИМА-ро қатъ кунад.
Шоми душанбе хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки шаби якшанбе хонуме бо номи Сара Ҳарисон, ки худро ҳамчун вакили мудофиаи Сноуден муаррифӣ кардааст, дархости паноҳандагии Сноуденро ба идораи консулии Русия дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав тақдим кард.
Ходими навбатдори консулгарӣ дар Шереметево ин хабарро тасдиқ кард. Дар ҳамин ҳол раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановскитй мегӯяд, чунин дархостерол надидааст.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.
Рӯзи душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон президент Путин ҳамкории мақомоти Русия бо Сноуденро комилан беасос номид.
Ӯ афзуд, Сноуден худро ҳомии ҳуқуқи башар меномад. Сноуден, ки эҳтимолан дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Маскав мебошад, бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ИМА муттаҳам мешавад.
Президенти Русия ҳамчунон изҳор намуд, ки кишвараш тасмим надорад Сноуденро ба ИМА таслим намояд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА Патрик Вендрел изҳор намуд, ки ИМА шиносномаи сафари Сноуденро лағв кардааст ва Русия бояд ӯро ба Вашингтон истирдод кунад.