Шаҳнозаву Парвизро Skype никоҳ кард

Арӯсии Шаҳноза тавассути Skype

Ҳеҷ тасаввур мекунед, ки 10-15 соли пеш Шумо чӣ тавр бе телефони мобил, Skype, WhatsApp, Viber ё Messenger зиндагӣ мекардед?

Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки зиндагӣ бе технология (фанноварӣ)-ҳои нав беҳтар буд ва инсонҳо самимитар буданд. Аммо дар зиндагии Шаҳноза Идрисова, як сокини 27-солаи Душанбе, Skype нақши муҳим бозид. Ӯ як моҳи қабл маросими никоҳашро бо ҷавоне бо исми Парвиз, ки дар Тунис кор мекунад, тариқи Skype анҷом дод. Агар ин фанноварӣ намешуд, имкон дошт, ки падар духтурашро ба домоди ояндааш надиҳад.

Домод имкони ба Тоҷикистон омадан надошт ва хонаводаи Шаҳноза намехостанд, ки ӯро бидуни никоҳ ба Тунис фиристанд. Шаҳноза мегӯяд, ки дар оғоз қарор шуд, тӯйро дар Душанбе бе ҳузури домод баргузор кунанд ва никоҳро дар Тунис. Аммо падари Шаҳноза ба ин розӣ нашуд ва қариб буд издивоҷро баҳам мезад.

Шаҳноза ва Парвиз даҳ сол пеш бо ҳам аҳди дӯстӣ баста буданд. "Дар аввал гуфтем никоҳро телефонӣ анҷом медиҳем. Домулло розӣ нашуд. Бинобар ин ба хулосае расидем, ки никоҳро бо Skype анҷом диҳем. Парвиз аз он тарафи компютор нигоҳ мекарду ман аз ин тараф. Ҳарду бо садои баланд розигии худро додем," -- нақл кард Шаҳноза.

Шаҳноза мегӯяд, ҳарчанд шавҳараш мисли дигар домодҳо бо гулдаста барои бурданаш наомад, аммо бо ин ҳам хушбахт аст. Зеро барояш муҳимтар аз ҳама висоли Парвиз буд, на гулу гулдаста: "Вақте саҳифаи Skype-ро барои анҷоми маросими никоҳ боз карданд, ҳама ҳайрон буданд. Парвиз мегуфт, ҳеч фикр намекунад, ки мо дар фосилаи ин қадар дур қарор дорем ва тӯямон бидуни ӯ мегузарад".

Шаҳноза аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ ва ҳамсараш Парвиз тарҷумони забонҳои форсӣ, арабӣ ва фаронсавӣ аст ва ҳоло ҳарду як моҳ боз бо ҳам дар Тунис ба сар мебаранд. Ӯ рӯзи 22 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш шартномаи 5-солаи корӣ дорад ва то анҷоми он наметавонад ба Тоҷикистон баргардад.

Шаҳнозаву Парвиз ягона ҷуфте нестанд, ки ақди никоҳи онҳо аз тариқи интернет сурат гирифтааст, ё маросими издивоҷашон бе ҳузури домод гузаштааст. Саидэҳсон, ки дар Амрико ва Сайёра дар Душанбе буд, моҳи декабри соли 2014 никоҳи худро аз тариқи Skype баргузор карданд ва ҳоло ҳарду дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд.

Карим 29 сол дорад ва Сайёра 24 сол. Онҳо низ аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки ақди никоҳи худро тариқи Skype анҷом додаанд. Карим ва Сайёра, ки сокинони ноҳияи Турсунзода мебошанд, бо ҳам дар шабакаи Одноклассники ошно шуданд. Карим 3 соли пеш ба Канада рафт ва то омода шудани санадҳои шаҳрвандияш ҳақ надошт аз ин кишвар берун шавад. Аз ин рӯ никоҳи онҳо низ бо истифода аз фанноварии ҷадид сурат гирифт.

Аламбӣ Муродова, модари 49-солаи Саидэҳсон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "бачам гуфт, сурати келинамро дидааст. Ҳамроҳаш бо видео гап задааст. Дигар мо ҳам хостгорӣ рафтем. Ба қудо гуфтем, бачамон дар Тоҷикистон нест. Вазъро фаҳмонидем, розӣ шуданд. Тӯйро мо ин ҷо гузаронидем. Бо Интернет никоҳ кардем. Келинро пеши бачам равон кардам. Хурсанд гаштаанд ҳардуяшон".

Меҳрубон Одинаеви 31-сола ва Тилло Назароваи 29-сола аз шаҳри Душанбе ва Райҳонаи 25-сола аз ноҳияи Варзоб низ аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки маросими никоҳи худро тариқи Skype ва ё зангҳои видеоӣ анҷом додаанд. Дар Тоҷикистон солҳои пешин волидон фарзандони худро бо нафаре оиладор мекарданд, ки барояшон ошно бошад. Ҳоли ҳозир бо рушди Интернет дар Тоҷикистон шумораи зиёди ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам шинос шуда, оила бунёд мекунанд. Аз сӯи дигар ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гӯшаҳои мухталифи дунё бурдааст ва баъзеи онҳо имкони баргаштан надоранд.

Барои ин гурӯҳи тоикон, ки мехоҳанд бо ҳамватанони худ издивоҷ кунанд, василаҳои нави мухобирот, мисли Skype, ягона илоҷи кор боқӣ мемонад. Чанд соле пеш, баробар бо густариши истифодаи телефонҳои дастӣ, талоқ бо SMS дар Тоҷикистон роиҷ шуд ва даҳҳо оила баъди гирифтани паёмаки муҳоҷири корӣ бо навиштаи “се талоқ ” аз ҳам пошиданд.

Баъзе занҳо, ки дар Русия шавҳари муҳоҷир доранд, ба созмонҳои занҳо гуфтаанд, ки баъзан аз кушодани паёмаки шавҳарҳои худ ҳарос доранд, ки мабодо ҳарфи талоқ набошад. Ҳарчанд Тоҷикистон ба сифати як давлати дунявӣ танҳо никоҳи расмӣ, яъне сабти издивоҷ дар идораи давлатиро эътироф мекунад, аммо дар асл ҳеҷ издивоҷи расмӣ бидуни хутбаи никоҳ ба истилоҳ “ҳалол” шумурда намешавад.