Сиёсат дар Тоҷикистон дар соли 2020 ва дар аҳди СOVID-19. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як соли сиёсат дар Тоҷикистон

Соли 2020 зери таъсири пандемияи коронавирус гузашт, вале дар фазои сиёсии Тоҷикистон тағйироти зиёде овард, ки ба гуфтаи коршиносон, “таъинкунандаи самтгириҳои кишвар дар солҳои оянда хоҳанд буд”. Айни замон соле буд, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ “озодиҳои сиёсию шаҳрвандӣ маҳдудтар шуданд”.

СОЛИ ИНТИХОБОТҲО

Дар соли 2020 интихоботи порлумониву президентии Тоҷикистон баргузор шуд. Маҷлиси Намояндагон барои панҷ соли дигар аз ҳисоби аъзои ҳизби ҳоким ва шахсони рӯ ба ҳукумат ташкил ёфт. Дар интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳузури худро дар қудрат барои 7 соли дигар қонунӣ кард.

Ҳуқуқшиноси 30-сола Фаромуз Иргашев, ки дар як иқдоми ғайримунтазира хост, номзади президентӣ шавад, ба интихобот роҳ наёфт. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баъди роҳ наёфтан ба порлумон, интихоботи президентиро бойкот ё таҳрим кард ва натиҷаҳояшро ҳам напазируфт.

Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, “интихоботи порлумоние, ки имсол бе иштироки ҳизби умдаи мухолиф – ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – сурат гирифт, Рустами Эмомалӣ, писари президентро ба курсии раёсати Маҷлиси Миллӣ овард. Ба ин восита дар Тоҷикистон роҳ ба сӯи ҳокимияти сулолавӣ, қудрати сулолавӣ кушода шуд.”

Таҳлилгарон ин таҳаввулотро ҳамчун фосилагирии бештари ҳукумат аз мардуми одӣ низ арзёбӣ карданд. Мерҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, гуфт:

“Қудрат дар Тоҷикистон дар атрофи як хонавода тақвият меёбад. Ин чиз ба вазъи иҷтимоии кишвар таъсири амиқ мегузорад, чунки давлатмардон аз мардуми одӣ бештар фосила мегиранд. Мардум ҳеч василае барои муошират бо давлатдорон надоранд. Кишвар ба ду ҷаҳон ё ҷаҳонча ҷудо шудааст. Агар давлатдорон парвои сифати зиндагии мардуми одиро надоранд, мардуми одӣ ҳам дигар намепурсанд, ки пойдевори қудрати оилаи ҳоким бар чӣ бунёд шудааст.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сиёсат дар Тоҷикистон дар соли 2020 ва дар аҳди СOVID-19

РУСИЯВУ ЧИН – ШАРИКОНИ ДАРОЗМУДДАТИ ТОҶИКИСТОН

Таҳлилгарон мегӯянд, Русия ва Чин мисли гузашта шарикони муҳими стратегӣ ва ҳампаймонҳои Тоҷикистон хоҳанд монд. Яке аз далелҳо дар давраи пандемия афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон аст, бахши асосии он аз Чин аст.

Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, профессори Донишгоҳи A&M дар Техас, мегӯяд, “Русия, шарики муҳими Тоҷикистон, ин нақшашро дар соли 2020 иҷро кард, бо вуҷуди он ки даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия кам шуд. Вале шумори муҳоҷирони корӣ кам нахоҳад шуд, чун ҳукумати Тоҷикистон наметавонад дар дохил ҷойҳои зарурии корӣ таъсис диҳад. Як нишонаи равобити мусбати миёни ду кишвар ин аст, ки Рустами Эмомалӣ ба Маскав рафт. Ин аз нақши Русия дар сиёсати дохилии Тоҷикистон аломат медиҳад. Рустами Эмомалиро бисёриҳо президенти ояндаи Тоҷикистон меноманд ва ӯ дар фикри аз ҷониби Русия тасдиқ шудани номзадияш дар нақши президент дар солҳои наздик мебошад”.

СОЛИ РУКУДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Ба арзёбии таҳлилгарон, соли 2020 дар Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳдудтар шуд. Журналисти мустақил Далер Шарифовро дар моҳи апрел ба як сол зиндон маҳкум карданд. Дар ҳоле ки мақомот ӯро барои нашри матолиби ифротгароӣ айбдор карданд, ҳомиёни ҳуқуқ сабаби боздоштро танқидҳои пайвастааш аз сиёсати ҳукумат донистанд.

Сомонаи “Ахбор” баъди чаҳор сол фаъолияташро қатъ кард. Сардабираш Мирзои Салимпур дар изҳороте гуфт, ки "моро на ягон буҳрон ё камбуди мавзӯъ ва хонанда, балки як ҳукми беасос маҷбур ба тарки майдон кард." Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол "Ахбор"-ро ба рӯйхати сомонаҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ворид намуда буд.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баъди даъваташ ба ташкили намоиши эътирозӣ охири сол бо гумони авбошӣ боздошт шуд. Журналисти “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатӣ ҳангоми талоши гузоришдиҳӣ аз минтақаи селзадаи ноҳияи Хуросон латукӯб шуд ва охири сол барои мавқеи фаъоли журналистӣ барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар гардид.

Стив Свердлов

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гуфт: “Ҳодисаҳои соли ҷорӣ баёнгари онанд, ки мо бояд талошҳоро барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақвият бидиҳем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд қавитар бошад, то ҳукумат ӯҳдадориҳои худро бар пояи созишномаҳои байналмилалӣ иҷро кунад”.

ҶОИЗАИ БУЗУРГМЕҲР ВА ИДОМАИ ТАЪҚИБИ ДИГАРАНДЕШОН

Соли 2020 таъқиби дигарандешону мунтақидон ва ё наздикони онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳам идома ёфт. Тобистони имсол додситони кул аз истирдоди Ҳизбуллоҳ Шовализода аз Вена ба Душанбе ҳимоят кард. Таслими ӯ бар хилофи даъватҳои ҳомиёни ҳуқуқ сурат гирифт.

Дар Юнон бо дархости Тоҷикистон домоди як фаъоли мухолифини тоҷик Шарофиддин Гадоев бо иттиҳоми, ба гуфтаи ӯ, сохтаи узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ боздошт шуд.

Дар Тоҷикистон, баъд аз интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон афви 378 зиндониро эълон кард, аммо ба ин феҳрист ҳеч нафаре, ки парвандааш, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, шомил нашуд. Соли 2020 Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиносе, ки барои ҳимоят аз аъзои зиндонии ҳизби наҳзати исломӣ ба зиндон рафт, барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башари Homo Homini шуд.

Вале мавриди муҳими поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ ва таҳлилгарон байналмилалӣ, муддати дароз рад шудани вуҷуди коронавирус дар кишвар буд.

Мерҳат Шарифҷон

Мерҳат Шарифҷон мегӯяд: “Мо медонем, ки бисёр таҳқиқоти журналистӣ, аз ҷумла таҳқиқоти Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ нишон дод, ки омори Вазорати беҳдошт дар бораи қурбониҳои COVID-19 аз вазъи воқеӣ хеле фарқ мекунанд. Коронавирус нишон дод, ки эътимод на танҳо ба омор, балки изҳороти расмӣ зиёд набудааст”.

ТАМОЮЛҲОИ МУСБАТ

Таҳлилгарон мегӯянд, соли 2020 пешрафти муайяне дар ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздикаш надошт. Бо ин ки соли 2020 чанд муноқиша миёни сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар сафараш ба Душанбе аз беҳбуди равобит ва ҳамкориҳои нав, аз ҷумла дар самти аломатгузории марзи ду кишвар сӯҳбат кард.

Эдвард Лемон мегӯяд, “дар давраи пандемия дидем, ки Узбекистон ба Тоҷикистон тими табибон, маводи тиббӣ, либосҳои ҳифозатӣ, маводи озуқа фиристод ва аз миёни ҳамсояҳо бузургтарин фиристандаи кумакҳо шуд. Ин аломати рӯшани тағйир дар равобити ду ҳамсояи наздик шуд. Ин як таҳаввулоти мусбат дар равобити байналмилалии Тоҷикистон дар соли 2020 шуд”.

Охири сол талошҳои дипломатии Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани садҳо зану кӯдаки собиқ ҷангҷӯёни аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ аз қароргоҳҳои Сурия ҳам суръат бахшида шуд.