Комунистҳои Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар солгарди 90-уми даргузашти асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин дар пои муҷассамаҳои ҳанӯз побарҷои «доҳии пролетариати ҷаҳон» дар навоҳии мухталиф гирди ҳам омадаанд.
Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ҳизби комунисти Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз аъзои ҳизб дар солрӯзи 90- уми даргузашти Владимир Улянов(Ленин) дар маркази ноҳияи Рудакӣ (собиқ ноҳияии Ленин), ки муҷассамаи барқади ӯ дар инҷо ҳанӯз побарҷост, бар пояи ин ҳайкал гул гузоштанд. Вай афзуд, дар ҷамъомаде, ки ба ин муносибат доир шуд, раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов ва дигар тарафдорони комунистҳо суханронӣ карда, дар бораи доҳии худ суханҳои нек гуфтанд.
Ҷаноби Талбаков афзуд, ки то ҳол алоқа ва муҳаббат ба Ленин ҳамчун поягузори давлати муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ нишон медиҳа, ки мардум аз арзишҳои ҷомеъаи Шӯравӣ ва аз хушиҳои он даврону он давлати сохтаи Ленин ба некӣ ёд мекунанд. «Вақте ки муҷассамаи Ленинро аз шаҳрак ва ё навоҳӣ мебардоранд, сокинон ин пайкараҳоро дар манзилҳои худ ҳифз мекунанд. Имрӯзҳо даҳҳо муҷасамаи барқад ва нимпайкараҳои Ленин дар ҳавлӣ ва бӯстонсароҳои мардум гузошта шудаанд. Хусусан дар Данғара 12 бюсти Ленин дар дасти мардум аст, » - гуфт Исмоил Талбаков.
Ба нақли ҷаноби Талбаков, феълан 66 муҷассамаи барқад ва нимпайкараҳои Ленин дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон побарҷост: «Баъзе сокинони кишвар ҳатто мансабдорон ва ба мо муроҷиат мекунанд, ки агар бюст ё муҷассамаи Ленин барканда шавад, ба ихтиёрашон вогузорем, то ин ки ин ҳайкалҳоро онҳо дар бӯстонсароҳояшон гузоранд.»
То чанд соли пеш муҷассамаҳои Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҳанӯз зеб медод. Аммо мақомоти кунунӣ ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленинро бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ иваз карданд. Аммо нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом, ки моҳи сентябри соли 1991 бо қарори шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов сурат гирифт, мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард. Издиҳоми бузург фардои кандани ҳайкал ба ин майдон рехта, раиси парлумони вақт Қадриддин Аслоновро аз мақом барканор карданд.
Ленинро мешиносед?
Рӯзи 21 январ аз даргузашти Владимир Ленин - асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ - 90 сол мегузарад, вале маълум мешавад, ки насли ҷавон дар кишварҳои пасошӯравӣ дигар шинохти чандоне аз ин шахсият надорад.
Радиои Озодӣ дар солгарди 90-уми даргузашти Владимир Ленин - асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ дар чанд кишвари пасошӯравӣ назари ҷавонону наврасон дар бораи ӯро пурсид. Маълум шуд, ки аксари намояндагони насли нав ин шахсиятро қариб намешиносанд.
Владимир Ленин(Улянов) соли 1870 дар шаҳри Симбирск(Уляновски кунунӣ) ба дунё омада, ҳанӯз аз овони ҷавониаш ба ҳаракати инқилобии зидди низоми подшоҳии Русия пайваст. Ӯ бо ҷамъи ҳамфикронаш дар соли 1902 ҳизби сотсиал-демократи коргарии Русия(РСДРП)-ро таъсис дод, ки баъдан ба ду ҷиноҳи болшевикони тарафдори Ленин ва меншевикон ҷудо шуд. Ҷиноҳи болшевикон дар тирамоҳи соли 1917 ҳукумати муваққатеро, ки баъди суқути тахти подшоҳии Николайи 2 - охирин намояндаи сулолаи Романовҳо - ба қудрат расид, сарнагун кард ва нахустин "давлати коргару деҳқон"-ро ташкил дод. Соли 1922 ин давлат ба Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) табдили ном кард.
Асосгузори ин давлат ва нахустин раиси Шурои кумиссарони халқаш Владимир Ленин 21 январи соли 1924 даргузашт. Ҷасади ӯро балзам карда, рӯзи 27 январи ҳамон сол дар Мавзолей - оромгоҳи вижае, ки махсус барои ӯ дар паҳлуи Кремли Маскав сохтанд, гузоштанд.
Иттиҳоди Шӯравӣ, давлати сохтаи Владимир Ленин соли 1991 пош хӯрд. Бо гузашти 90 сол аз даргузашти Ленин ва 22 сол аз суқути давлати сохтаи ӯ ҷасади Владимир Ленин ҳамчунон дар Мавзолей боқист. Вале шахсеро, ки як замон дар шашяки рӯи замин бо сифатҳое, чун "доҳии пролетариат", "аз зиндаҳо ҳам зиндатар", "даҳо" ва амсоли ин парастиш мешуд, ҳоло дар ин паҳно бахусус насли ҷавон қариб намешиносад.
Дар ин навори видеоӣ, ки хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе ва Маскав таҳия кардаанд, дида мешавад, ки бархе аз Ленин ба унвони нафаре, ки дар ҷанг бар Гитлер ғалаба кардааст, нафароне ба унвони олим ёд мекунанд, вале бисёриҳо иқрор мекунанд, ки ин номро бори аввал мешунаванд.