Сокинони Тоҷикистон ба мансабдорони давлатӣ нигоҳи танқидӣ доранд, аммо ҳамзамон орзу мекунанд, соҳиби мансаб ё курсие бошанд.
Марказҳои омӯзиши афкори умум мегӯянд, наздик ба 60 дарсади сокинони Тоҷикистон мехоҳанд дар вазифаҳои баланд ва сатҳи миёнаи идораҳои давлатӣ кор кунанд, зеро бо ин роҳ метавонанд ба зиндагии бароҳате даст ёбанд.
Ин дар ҳолест, ки мансабдорони Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар маоши чандон баланд надоранд. Ба қавли Аҳмад Абдуллоев, сардори шӯъбаи молияи Агентии давлатии шуғли аҳолии Тоҷикистон, музди миёна дар вазоратхонаҳои кишвар 800-900 сомонӣ мебошад ва вазирон то 2800 сомонӣ мегиранд. Дар вазоратҳои қудратӣ маоши миёна 1500-2000 ва музди вазир наздики 4000 ҳазор сомонист.
Аммо одамон вақте аз назди манзили баъзе вазиру мансабдорони сатҳи миёнаи идораҳои давлатӣ мегузаранд, хонаҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро мебинанд ва дар зеҳни онҳо саволе халқ мешавад, ки ин ҳама аз кадом ҳисоб ба даст омадааст?
Музаффар Олимов, сардори маркази таҳлилии «Шарқ» мегӯяд, вақте аз мансабдори давлатӣ чунин суол мешавад, ҷавобҳои боварнакарданӣ садо медиҳанд: «Онҳо бисёр посухи хандаовар медиҳанд. Мегӯянд, ки кадом хеши наздикашон дар Русия кор мекунад ва ё дар кадом ширкати хориҷӣ фаъолият дорад ва ин аз ҳисоби онҳост. Ҳоло ин анъана шудааст дар Тоҷикистон».
Ба ақидаи ҷаноби Олимов, ташаббуси чанд сол пеши раисиҷумҳур ба интишори ҳатмии декларатсияи дороиҳои мансабдорони давлатӣ ноком шуд ва ин масъала ношаффоф боқӣ монд.
Ҷомеашиноси тоҷик Ғаюр Қаҳҳоров, ки пажӯҳишеро дар бораи вазъи фасод дар ниҳодҳои давлатӣ анҷом додааст, мегӯяд, аксари мардум дар Тоҷикистон орзу доранд, дар мақомоти қудратӣ кор кунанд ва чунин мансабҳоро ба ҳайси «сипар ва имтиёз” истифода кунанд, ҳатто барои ширкат дар қочоқи маводи мухадир: «Ин орзу ҳоло дар ҷомеаи мо анъана шудааст ва ин анъанаи хафвнок аст, бояд як роҳеро пайдо кард, аз он раҳо шуд», гуфт ӯ.
Ҷозибаи мансаб ба андозае қавист, ки бархе аз мансабдорон мегӯянд, барои дасрасӣ ба курсии нарми мақомдорӣ 50 ё 60 ҳазор сарф кардаанд. Аммо аксарият мансаби давлатиро барои он хуш доранд, ки барояшон имкон медиҳад, зери чатри мансаби худ бизнеси сердаромадеро роҳандозӣ кунанд ё барои тиҷорати наздикони хеш шароити беҳтар фароҳам оранд. Коршинсон мегӯянд, аксари кулли вазирон, муовинони вазир, аъзои порлумони Тоҷикистон ва кормандони сатҳи миёнаву олии дастгоҳи президент бизнесҳои гуногун доранд, ки ғолибан зери ашхоси дигар номнавис шудаанд. Бино бар қонун, онҳо ҳаққи соҳибкорӣ надоранд. Моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагон наздик ба 5 ҳазор сомонист ва онҳо аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.
Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, сармутахассиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон аст ва 400 сомонӣ маош мегирад. Вале бе имтиёзҳои хос ин маош барояш кофӣ нест. Вай гуфт, ки дар ҳамин сол соҳиби манзили чаҳорҳуҷрагӣ шудааст ва маблағи онро Бонки миллӣ додааст. Вай афзуд, ки кормандони дастгоҳи президент метавонанд аз бонкҳои давлатӣ қарзҳои дарозмуддате барои 15 ва 20 сол дарёфт кунанд.Чунин қарзро сокинони одии кишвар на аз бонкҳои давлатӣ гирифта метавонанд ва на аз бонкҳои тиҷоратӣ.
Таҳлилгари масъалаҳои иҷтимоӣ Фирӯз Саидов мегӯяд, ҳарчанд маоши кормандони идораҳои давлатӣ зиёд нест, даромадеро, ки мансаб ба миён меорад, чанд баробар аз маоши онҳо баландтар аст. Ба ин сабаб дар феҳрасти сарватмандтариин афроди Тоҷикистон, ки чанд сол пеш хабаргузории “Авесто” нашр кард, ҷойҳои аввалро кормандони аршади давлат гирифта буданд.
Дар ҳамин ҳол дар Русия...
Ибтидо гумон доштем, вазъи Тоҷикистон дар ин масъала аз Русия фарқ хоҳад дошт. Вале рӯшан шуд, ки дар Русия аксарияти шаҳрвандон мехоҳанд дар сохторхои давлатӣ кор кунанд, вале ҳамзамон ба намояндагони ҳукумати иҷроия нафрат дорад.
Маркази омузиши афкори умум Левада дар пайи як насарсанҷӣ муайян кард, ки аксар шаҳрвандони ин кишвар ба кор дар сохторҳои давлатӣ, махсусан соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бартарӣ медиҳанд. Ҳамзамон шаҳрвандон кормандони сохторҳои давлатиро бадгӯӣ мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо ҳамеша дар фикри шикам ва ҷайби худ ҳастанд.
Левада мегуяд, ки шаҳрвандони Русия дар интихоби ҷойи кор ҳамеша имкони «зиндагии зебо»-ро пеши назар доранд.
Ба навиштаи матбуоти Русия ҳар чаҳорумин шаҳрванди кишвар ба кор дар сохторҳои давлатӣ бартарӣ медиҳад ва ҳар шахси панҷум мехоҳад дар сохтори полис ва додгоҳу додситонӣ фаъолият кунад. Гуфта мешавад, ки кор дар ин сохторҳо ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки худро «хӯҷаини зиндагӣ» эҳсос кунанд. Дар ҳоле, ки бизнеси хусусӣ низ имкони бунёди «зиндагии зебо»-ро дар ихтиёри шаҳрвандон гузоштааст, аммо аксаран фикр мекунанд, ки фаьолият дар бизнеси хусусӣ масъулият ва заҳмати бештар талаб мекунад. Ҳамзамон, ба гуфтаи шаҳрвандони Русия, иштибоҳу гуноҳ дар сохтори давлатӣ ҷавобгарӣ надорад ва кормандро ба таври афсонавӣ сарватманд мекунад.
Бинобар маьлумоти Кумитаи омори Русия фоидаи миёнаи корманди сохтори давлатӣ дар Русия наздик ба 58 ҳазор рубл аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 12 дар сад бештар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳонаи миёнаи шаҳрвандон дар Русия 25 ҳазор рубл ҳисоб шудааст.
Аммо гуфта мешавад, ки дар байни кормандони сохторҳои давлатӣ маоши кормандони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия аз ҳама баландтар будааст.
Корманди дастгоҳи раиси ҷумҳур 11 ҳазор рубл маош мегирад. Ин дар ҳолест, ки фоидаи расмии намояндагони мардумӣ дар Думаи Давлатӣ чизе наздик ба
8 ҳазор рубл будааст. Гуфта мешавад, ки дар байни сохторҳои давлатӣ маоши аз ҳама баландро кормандони Хадамоти вазъияти фавқулодда дарёфт кардаанд.