Қирғизистон ба Тоҷикистон дар пайи таниши ахири марзӣ ду нотаи эътирозӣ фиристода, эълон кард, ки марзро барои муддати номуайян мебандад.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистон ду нотаи эътирозӣ фиристодааст. Аскар Бешимов, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи 12 январ гуфт, дар ин вазорат ба натиҷае расидаанд, ки "ҷониби Тоҷикистон аз қабл миномёту камони снайпериро омода карда ва нотаи эътирозӣ фиристодааст."
Аскар Бешимов, ки мӯҳтавои ду нотаи эътирозии Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистонро шарҳ медод, гуфт: "Аввалан, мо ба талабҳои ғайриқонунии қатъи сохтани роҳ ва тиркушоӣ эътироз овардем. Аммо дар нотаи дувум хабар додем, ки бо ҳадафи таъмини амнияти байналмилалӣ, амнияти шаҳрвандон то анҷоми таҳқиқот барои муддати номуайян марз баста мешавад."
Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов гуфтааст, "ман ин рӯйдодро шикастани сарҳади Қирғизистон, истифодаи ғайриқонунии аслиҳа ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандони мо арзёбӣ мекунам." Тоқон Мамитов тафсири ин қазия аз ҷониби вазорати хориҷаи Тоҷикистонро нодуруст хонда гуфтааст, воқеъият баръакс буд: "Сардори ситоди воҳиди вижаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, майор, туфангчаашро ба сари марзбони мо рост карда, талаб гузоштааст, ки сохтмони роҳро қатъ кунанд. Ӯ ба тарафи лейтенанте, ки ӯро ҳушдор дод, тир андохт. Гузашта аз ин, онҳо моро бо миномёт тирборон карданд."
Аммо хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки рӯзи 12 январ ба Хоҷаи Аъло сафар дошт, аз қавли мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ин рустои марзӣ мегӯяд, ки тирпаррониро марзбонҳои қирғиз шурӯъ кардаанд. Ба қавли ин манобеъ, марзбонҳои тоҷик танҳо баъди ҳадафи ҳамла қарор гирифтани патруле, ки ба хотири маълум кардани сабаби оғози ғайричашмдошти сохтмони роҳ дар замини баҳсӣ рафта буд, даст ба силоҳ бурдаанд.
Ин 6 видеои кӯтоҳро хабарнигори Озодӣ рӯзи 12 январ аз Хоҷаи Аъло фиристод:
10 АКС аз маҳалли даргирӣ дар Чоркӯҳ
Хабарнигори Озодӣ аз маҳалли низоъ дар марзи Чоркӯҳи Исфара хабар дод, ки бо вуҷуди низоъи дирӯза сохтмони роҳи баҳсӣ аз тарафи Қирғизистон идома дорад. Хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз маҳалли низоъ дар марзи Чоркӯҳи Исфара хабар дод, ки бо вуҷуди муноқишаи рӯзи 11 январ сохтмони роҳи баҳсӣ аз тарафи Қирғизистон идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон дирӯз гуфтанд, ки маҳз тасмими ҷониби Қирғизистон барои шурӯъи сохтмони роҳи Оқсой дар минтақаи баҳсии марз ва гузоштани посгоҳҳои изофӣ дар атрофи ин сохтмон боиси муноқишаи зӯҳри 11 январ дар канори рустои Хоҷаи аъло шуд.
Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, феълан дар маҳалли муноқишаи ахир - як маркази тақсими об дар рӯди Исфара - нирӯҳои марзбонии Қирғистон дар як тарафи пул ва нирӯҳои тоҷик дар тарафи дигараш истодаанд ва вазъ ором ба назар мерасад. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз ин тарафи рӯд ҳам дида мешавад, ки сохтмони роҳи баҳсӣ дар он тарафи дарё идома дорад ва дастикам 3 трактор ва як гурӯҳи коргарон дар ин сохтмон рӯзи 12 январ кор мекарданд.
Муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов рӯзи 12 январ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, тафсири Душанбе дар бораи ҳодисаҳои охир дуруст нест, чунки "мо роҳро дар қаламрави Қирғизистон месозем, на дар замини баҳсӣ." Тоқон Мамитов дар посух ба баёнияи матбуотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ки шоми 11 январ нашр шуд, гуфтааст, Тоҷикистон мехоҳад бори айб дар муноқишаи ахир дар марзи Бодканду Исфараро ба гардани Қирғизистон бор кунад. Тоқон Мамитов аз ҷумла гуфтааст: "Мо аз изҳороти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ки ҷузъиёти низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро ба гунаи дигар тасвир мекунад, нигарон ҳастем. Мо ин иқдомро ҳамчун талоши ба гардани мо бор кардани гуноҳ арзёбӣ мекунем."
Тоқон Мамитов аз ҷумла иддаои ҷониби Душанбе дар бораи оғози сохтмони роҳи Оқсой дар заминҳои баҳсӣ - сабаби низоъи рӯзи 11 январ дар марзи байни рустоҳои Оқсою Тамдиқро ба чолиш кашида гуфтааст: "Мо ин роҳро дар қаламрави Қирғизистон месозем, на дар замини баҳсӣ."
Хабарнигори Озодӣ аз қавли сокинон ва мақомоти маҳаллии тарафи Тоҷикистон мегӯяд, даргирӣ нимарӯзи 11 январ дар канори деҳаи Хоҷаи Аъло, дар назди
маркази тақсими об рух додааст. Он ҷо кирғизҳо посгоҳи сархадбонӣ гузошта, таҳти ҳимояти онҳо коргарон бо трактору дигар техникаҳо ба сохтани идомаи роҳи алтернативӣ сар кардаанд.
Маркази обтақсимкунӣ солхои 60-уми асри гузашта бо дархости Қирғизистон
сохта шуда, оби рӯди Исфараро 2 тақсим мекунад - як қисм ба сӯи Исфара
меравад, бахши дигар - аз наҳр ва туннел тақрибан 20 километр аз канори
ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурхи Тоҷикистон гузашта, ба обанбори Торткӯл ҷорӣ
мешавад.
Ба гуфтаи сокинону мақомоти Исфара, он сӯи маркази тақсими об ҳудуди 140 гектар замин ба Тоҷикистон таллуқ дошта, дар замони Шӯравӣ барои муваққат барои чарогоҳ ба қирғизҳо иҷора дода шуд, аммо баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар дасти Қирғизистон монд. Ҳозир тарафи ин маркази тақсими обро, ки акси автои тирхӯрдаи нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дида мешавад, баъд аз даргирии ахир сарҳадбонҳои тоҷик таҳти назорат гирифтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои таҳқиқи ҳодисаи тирпаронӣ миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз дар рӯзи шанбе дар марз бо Исфара, гурӯҳи корӣ таъсис додаанд. Хабарнигори «Озодӣ», ки ин лаҳзаҳо дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, гурӯҳи корӣ аз мақомоти интизомиву амниятӣ ва шаҳрдорӣ иборат буда, ҳоло ба маҳалли ҳодиса рафтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, шаби гузашта ва ҳамакнун вазъ дар маҳалли ҳодисаи тирандозии марзбонони тоҷику қирғиз нисбатан ором аст, аммо ҷониби Қирғизистон ба марзи Исфара нерӯҳои иловагӣ эъзом кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам ба хотири ором нигаҳ доштани вазъият, назоратро тақвият бахшидааст. Роҳҳои асосӣ ба анклавҳо баста шуда ва сокинони тоҷик ва қирғиз дар маҳал аз роҳҳои ҳошиявӣ истифода мекунанд.
Хабарнигори «Озодӣ» дар шарҳи сабаби ҳодисаи дирӯза ба нақл аз мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, муноқиша замоне ба задухӯрди мусаллаҳона кашонд, ки ҷониби Қирғизистон бо васоили роҳсозӣ ба кори худ идома доданд ва марзбонони қирғиз бидуни мувофиқа, дар онҷо постгоҳи марзбонӣ гузоштанд.
Дар натиҷаи тирпарронӣ ду марзбони тоҷик захм бардоштанд ва ба эҳтимоли зиёд алакай ба бемористони низомии Хуҷанд интиқол ёфтаанд.
Аммо ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани 3 нафар аз ҷониби Тоҷикистон ва 6 тан аз ҷониби Қирғизистон, бо шумули 5 марзбон ва як афсари милиса дар муноқишаи рӯзи 11 январ хабар медиҳад ва мегӯяд, вазъи афсари милисае, ки дар марзи рустои Оқсой ҳангоми ҳамла ба як мошини "Нива" ҷароҳат бардошт, сангин боқӣ мемонад. Дар вазорати тандурустии Қирғизистон низ дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС шумори захмиёни қирғизро 6 нафар гуфта, афзудаанд, "вазъи дуи онҳо хеле сангин ва вазъи дуи дигар сангин боқӣ мемонад." Гуфта мешавад, ин 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҳама бо захми тир ба бемористонҳо бурда шудаанд.
Ҳамзамон намояндагии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ниҳодҳои назоратии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз шоми 11 январ ба таҳқиқи муштараки тирпарронӣ дар марз шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, натоиҷи аввалияи таҳқиқот нишон додааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон 6 тири миномёт андохта шуда, яке аз ин снарядҳо ба банди об (водозабор)-и воқеъ дар марзи ду кишвар асобат кардааст. Гуфта мешавад, аз ин 6 снаряд танҳое якеаш натаркидааст ва ҳоло сапёрҳои қирғиз ба хунсо кардани он омода буда, танҳо расидани намояндагони ҷониби Тоҷикистонро мунтазиранд.
Мақомоти қирғиз ҳамчунин аз кашф шудани гилзаҳо аз тири камони снайперӣ дар тарафи Тоҷикистон ва кашфи гилзаҳо аз тири автомат дар ҳарду тараф хабар медиҳанд.
Буҳрони Чоркӯҳ. Рӯйдодҳои 11 январ
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури ҳалли қазияи даргирии имрӯз дар марзи ду кишвар ва ба эътидол овардани вазъ, дар қаламрави ин вилоят мулоқот мекунанд. Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ рӯзи 11-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ба иттилое, ки дар даст дорем, Шералӣ Мирзо ва Таалайбек Омуралиев, вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дидор ва ҳодисаи ахирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Баъдан вазирони тоҷику қирғиз аз маҳали ҳодиса дар марзи ду кишвар дидан мекунанд."
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Олимов, масъулони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қирғизистон, ба хусус фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ дар маҳалли ҳодиса муштаракан талош доранд, то вазъ оддӣ гардад ва аз ҳаргуна иқдомоти тахрибкорона ҷилавгирӣ шавад." Аммо ҷаноби Олимов таъкид кард, ки ҳоло вазъ ором аст ва нерӯҳои қирғиз маҳалли даргириро тарк кардаанд.
Қабл аз зуҳри рӯзи шанбе дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду тараф тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он се марзбони тоҷик ва бино бар хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, 5 марзбони қирғиз ҳам захмӣ шудаанд.
"ҚИРҒИЗҲО БА ТИРАНДОЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД"
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҷониби Қирғизистонро дар ҳодисаи тирпаронии рӯзи шанбе гунаҳкор медонанд. Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ» воқеъ дар марзи Исфара ва Ботканди Қирғизистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, идомаи худсаронаи кор дар манотиқи баҳсбарангези марзӣ сабаби муноқиша миёни ду тараф шудааст: “Субҳи имрӯз онҳо якбора 7 техникаи роҳсозиро ба кор дароварда халқро ба шӯр оварданд. Дирӯз худашон ваъда дода буданд, ки роҳсозиро бас мекунанд ва техника дигар кор намекунанд. Аммо вақте халқ дид, ки боз техника ба кор даромад, ҷамъ шуданд ва вақте сарбозони мо мардумро ором кардани шуданд, қирғизҳо аввал шуда ба сӯи марзбонони мо тир кушоданд. Дар натиҷа 2 марзбонони мо маҷрӯҳ шуданд ва ҳоло дар реаниматсияи Исфара хобанд».
Ҷаноби Олимов афзуд, ки мувофиқи қарордодҳои комиссияи байниҳукуматӣ дар наздикии марз чизе сохтан мумкин нест, ва аз ҷониби Тоҷикистон дар онҷо ягон сохтмон бурда намешавад. Вале ҷониби қирғизҳо борҳо ин созишномаро вайрон карда ба сохтмони роҳ давом дода истодааст, ҳарчанд, ки бо нишондоди харитаи соли 1930 ин макон ба ҷониби Тоҷикистон таалуқ дорад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон муноқиша дар марзро расман шарҳ надодаанд, аммо як мақом дар раёсати умури дохили Суғд ба «Озодӣ» гуфт, ки марзбонони тоҷик дар наздикии деҳаи Хоҷаи аъло, ки мардум ба нишони эътироз ба роҳсозии қирғизҳо ҷамъ шуданд, омада хостаанд аз сар задани муноқиша ҷилавгирӣ кунанд ва аз мардум хостаанд пароканда шаванд. Аммо дар ҳамин асно ҷониби қирғиз даъвоҳои ҷониби Тоҷикистонро нодида гирифта, тавассути снайпер нахустин шуда ба тарафи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Аз ин рӯ марзбонони тоҷик ҳам чорае ҷуз оташи ҷавобӣ кушодан надоштанд.
Вале мақомоти Қирғизистон ин иддаоро рад мекунанд. Адибек Набиев, намояндаи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон мегӯяд: “Вақте бетартибиҳо шурӯъ шуд, мо нерӯҳои изофиро ба маҳалли ҳодиса фиристодем. Вазъ ҳоло ором аст ва марзбонон гуфтугӯ мекунанд. Сарҳадбонони тоҷик то ба назди обанбор омада буданд, баҳс дар ин ҷо боло гирифт ва сардори нерӯҳои махсус аз тарафи Тоҷикистон ба шиками сардори отряди мо тир андохт.”
Баъди оғози муноқиша гузаргоҳҳои марзиро аз ҳар ду тараф бастаанд ва ҳоло равуо аз тариқи онҳо мумкин нест. Хусрав Солиев, як сокини деҳаи Ҳоҷаи аъло дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, садои тирпарронӣ тақрибан соатҳои 1-и рӯзи шанбе оғоз шуд: «Ҳама тинҷ буд, якбора садои тир баланд шуд. Дар ин мобайн мавҷи телефонҳои мобилӣ ҳам якбора гум шуд. Роҳ субҳ боз буд, баъди ин ҳодиса қирғизҳо роҳро бастанд, на мо ба Исфара рафта метавонем, на пайвандонамон аз он сӯи ин тараф омада метавонанд».
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар пайи ин тирпарронӣ аҳолии маҳалӣ дар таҳлука афтода, бархеҳо ба фикри муваққатан ба ҷои амнтар кӯчиданро дар сар доранд. Дар ҳамин ҳол, баҳри таҳқиқи ин қазия фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сардори ситоди нерӯҳои марзбонии Қирғизистон Искандар Мамбеталиев низ ба ҷои воқеа сафар карданд.
СӮҲБАТИ АЛИМАРДОНОВ БО МАМИТОВ
Ҳамчунин Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Токон Мамитов ҳамтои қирғизи ӯ, рӯзи шанбе муноқиша дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Ду тараф ба мувофиқа расидаанд, ки қазияи тирандозӣ дар марз якҷоя таҳқиқ шавад.
Ба ин ҳадаф, раисони ситодҳои нерӯҳои марзбонӣ, муовинони вазирони умури дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса фиристода шудаанд. Айни замон ҳамкории мақомоти расмии вилоятҳои Суғд ва Ботканди Қирғизистон ба роҳ монда шудааст. Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов гуфтаанд, ки дар сурати зарурат дар маҳалли ҳодиса мулоқот хоҳанд кард. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати таъсиси ду гурӯҳи назоратӣ ё патрули муштарак аз ҳисоби нирӯҳои умури дохила ва марзбонӣ ба тавофуқ расида буданд.
МУҲОҶИРАТИ ХАЗАНДАИ ҚИРҒИЗҲО БА НАЗДИКИИ МАРЗ
Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари минтақа мегӯяд, то замоне, ки масъалаи тақсиму аломатгузории марз ҳал нашавад, пешгирии ҷанҷолу низоъ дар минтақа мушкил хоҳад буд: «Мушкилоти маҳалҳои наздимарзӣ назири тақсими об, чарогоҳ, боғ ва киштзор ҳал нашудааст ва муноқиша дар сари аҳмин масоил сар мезанад. Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии тақсими марз мусолиҳакор аст, аммо ҷониби қирғиз мушоҳида мешавад, ки аз зӯр кор мегирад. Қирғизистон аз солҳои шӯравӣ мардумашро ба наздикии марз махсус кӯчонида як муҳоҷирати хазанда ташкил кардааст ва бо ҳамин роҳ мехоҳад соҳиби заминҳои Тоҷикистон шавад.»
Бино ба маълумоти расмӣ, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо 567 километраш таъину аломатгузорӣ шудааст. Вале таъйину аломатгузории заминҳои боқимонда ба иллати печутобҳои зиёди хатти сарҳад ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрави хурду бузург дар қисмати Суғду Бодканд хеле ба сустӣ пеш меравад.
Аскар Бешимов, ки мӯҳтавои ду нотаи эътирозии Қирғизистон ба мақомоти Тоҷикистонро шарҳ медод, гуфт: "Аввалан, мо ба талабҳои ғайриқонунии қатъи сохтани роҳ ва тиркушоӣ эътироз овардем. Аммо дар нотаи дувум хабар додем, ки бо ҳадафи таъмини амнияти байналмилалӣ, амнияти шаҳрвандон то анҷоми таҳқиқот барои муддати номуайян марз баста мешавад."
Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов гуфтааст, "ман ин рӯйдодро шикастани сарҳади Қирғизистон, истифодаи ғайриқонунии аслиҳа ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандони мо арзёбӣ мекунам." Тоқон Мамитов тафсири ин қазия аз ҷониби вазорати хориҷаи Тоҷикистонро нодуруст хонда гуфтааст, воқеъият баръакс буд: "Сардори ситоди воҳиди вижаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, майор, туфангчаашро ба сари марзбони мо рост карда, талаб гузоштааст, ки сохтмони роҳро қатъ кунанд. Ӯ ба тарафи лейтенанте, ки ӯро ҳушдор дод, тир андохт. Гузашта аз ин, онҳо моро бо миномёт тирборон карданд."
Аммо хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки рӯзи 12 январ ба Хоҷаи Аъло сафар дошт, аз қавли мақомоти маҳаллӣ ва сокинони ин рустои марзӣ мегӯяд, ки тирпаррониро марзбонҳои қирғиз шурӯъ кардаанд. Ба қавли ин манобеъ, марзбонҳои тоҷик танҳо баъди ҳадафи ҳамла қарор гирифтани патруле, ки ба хотири маълум кардани сабаби оғози ғайричашмдошти сохтмони роҳ дар замини баҳсӣ рафта буд, даст ба силоҳ бурдаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад