Гумонбарони "дедовшина": Ҷоғи сарбози ҷавонро нашикастаем (ВИДЕО)

Дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи 6 сарбози нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома дорад, ки ба бадрафторӣ нисбат ба ҳамхизмати худ ва паст задани шаъну эътибори ӯ муттаҳам мешаванд.

Моҷарои моҳи ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайвастааст ва сарбози ҷабрдида моҳи феврали имсол ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Гумонбарон дар ҷиноят аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, ба гуфтаи тафтишот шаби 5 уми ноябр ҳамхидмати худ Акбархӯҷа Абдураҳмоновро якҷоя латукӯб карданд ва ҷоғи ӯро шикастанд.

Аммо наздикони сарбозоне, ки дар курсии муҳокима нишастаанд, рӯзи чоршанбеи 29 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фарзандони онҳо дар азияти ҳамхизмати худ иштирок надоштанд ва танҳо шоҳиди даъвои Довар Абдуҳатов бо Акбархӯҷа Абдураҳмонов буданд.

Рустам Ҳакимов, вакили мудофеи Довар Абдуҳатов рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояи ӯ ба гуноҳаш иқрор шудааст, аммо панҷ сарбози дигар мегӯянд, умуман дар латукӯб даст надошта, ноогоҳона ба берун омадаанд ва ҳоло ба ҳамдастӣ дар ҷиноят муттаҳам мешаванд: “Ман дар ҷараёни мурофиа гуфтам, ки зерҳимояи ман ба гуноҳи худ иқрор шудааст, аз ин хотир бояд ҷазои сабуктар раво дида шавад. Тибқи ташхиси тиббӣ ин сарбоз ҷароҳати миёна бардоштааст, яъне манаҳаш шикастааст.”

Ҷиноятҳои “гурӯҳӣ” дар Тоҷикистон нисбат ба ҷурме, ки як нафар содир кардааст, мӯҳлати бештари зиндон дорад. Таманно Ашӯрова, ҳимоятгари Алибек Имомназаров, яке дигар аз сарбозони гумонбар гуфт, ки Алибек латукӯби гурӯҳии Акбархӯҷа Абдураҳмонов рад мекунад ва мегӯяд, ки танҳо шоҳиди муноқиша буд ва ба ҳамхидматашон ангушт ҳам нарасондааст: “Вақте мо ба пизишки беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Турсунзодаро ба мурофиа даъват кардем, ӯ гуфт ҷабрдида танҳо аз ҷароҳат бардоштани ҷоғаш шикоят кард. Аммо суол ин аст, ки агар латту кӯби гурӯҳӣ мешуд, пас чаро ҷабрдида аз дигар узви баданаш осеб надидаву шикоят накардааст? Ин панҷ нафар аз он, ки бехабар будаву ба берун баромадаанд, изҳори пушаймонӣ мекунанд, аммо ҷардидаро назадаанд.”

​Шаш сарбозе, ки ба латукӯби гурӯҳии ҳамхидматашон муттаҳам мешаванд, як сол пеш бо хоҳиши худ ба хидмат рафтаанд. Онҳо, ки аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳастанд, мебоист, дар моҳи феврали имсол рутбаи сержантиро соҳиб мешуданд. Пайвандони ин сарбозон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо танҳо баъд аз 1 моҳи нигаҳдории фарзандонашон дар боздоштгоҳи мувақаттӣ дар ин бора огаҳ шудаанд ва тӯли ин чанд моҳ сарсону саргардонанд.

Кумуш Ҷиянова, модари Довар Абдуҳатов, гуфт, дар сар задани муноқишаҳо афсарҳо гунаҳкоранд, ки низому тартибот ва риояи ойинномаи ҳарбӣ дар қисмҳои низомиро дуруст назорат намекунанд: “Албатта, миёни сарбозон ҷангу ҷанҷол мешавад, ин аз беназоратии командирони қисмҳои низомӣ сар мезанад. Агар онҳо бодиққат мебуданд, шояд ин ҳодиса намешуд. Мо ҳам бо як умеди калон фарзандонамро барои ҳифзи ватан ба давлат супоридем, ҳоло ҳоли писарамро дида дилам реш мешавад.“

Гурӯҳи шашнафарии қисми низомии 6592 дар шаҳри Турсунзода, бар тибқи моддаи 373-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне риоят накардани тартиби муносибат бо сарбозон, ба шумули таҳқиру паст задани эътибори сарбоз ва ё маҷрӯҳ кардани он муттаҳам мешаванд. Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 5 то 10 соли зиндон муқаррар шудааст ва ҳоло додситонҳо талаб доранд, ки ҳамаи гумонбарон ба 5-солии ҳабс маҳкум шаванд. Бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва вайрон кардани ойиномаи хизмат дар сафи артиш як мушкили асосӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз ин пештар дар моҳи январ додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Аслиддин Абдуллоев, Муродҷон Бобоев, сокинони ноҳияи Конибодом ва Фазлиддин Унаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳама сарбозони қиси ҳарбии 2712 Кумитаи амнияти миллиро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ба 5 солии зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи додгоҳ ин се нафар, 9 сарбози ҷавон ва ҳамхидмати худро дар майдончаи сафороии бинои қаровулхона саф кашонида ва бо баҳонаи онки, ин сарбозон дар паси ҳоҷатхона, ибораи “даъвати баҳории соли 2013” хабаркаш яъне (буз) навиштаанд, ба шикам хобонда ва 4-5 маротибагӣ ба қафаси синаҳои онҳо бо пояфзоли соқбаландашон зарба заданд. Айбдоршавандаҳо бо ин қаноат накарда аскарони ҷавонро пушти бинои қаровулхона бурданд ва дастаҷамъона латукӯб карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти кишвар барои аз байн бурдани "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар артиш саъйу кӯшиши кофӣ ба харҷ намедиҳанд, ҳарчанд ба гуфтаи теъдоде аз сарбозоне, ки ҳамин сол артишро тамом карданд, ҳоло дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, назорат сахттар шудааст ва дар онҳо телефонҳои додситонҳои низомиро ҳам навиштаанд, то сарбоз дар сурати бадрафтории ҳамхизматҳояш ба додситонӣ муроҷиат кунад. Вале бо вуҷуди ин муносибати ғайриоиннномавӣ дар артиш зиёд мушоҳида мешавад ва сарбозони ҷавон бо сари хам зарари ҷисмонӣ ва таҳқирро таҳаммул мекунанд.

Афсарон низ дар бисёр маврид ҷангу муноқишаҳоеро, ки дар воҳиди низомиашон сурат мегирад, пинҳон медоранд. Қазияи гурӯҳи 6-нафарӣ ҳам моҳи ноябр рух дода вале танҳо аввали имсол рӯ зад.