Нигора исми мустаори ҷавонзани 24-солаест, ки як сол пеш баъд аз фурӯпошии оилаи навбунёдаш тифли хурдсол дар даст тарки деҳааш кард. Ӯ ба умеди зиндагии “нав” дар маркази ноҳия муқим шуд, аммо коре пайдо накард ва ба кӯчаи танфурӯшӣ қадам гузошт. Аз хуфтухез бо мардҳои зиёд боз обистан шуд ва фарзанди дувумашро ба дунё овард. Вале кӯдакро нагирифт, балки ба 100 доллар ва як ангуштари тилло ба оилаи бефарзанде фурӯхт. Нигора ҳоло бо ҷурми кӯдакфурӯшӣ дар маҳбас ба сар мебарад.
Гулсара, духтари холаи Нигора мегӯяд, муноқиша бо як ҳамсоя сабаб шуд, ки қазияи фурӯхтани тифли навзоди ӯ ба гӯши мақомот расад ва додгоҳ модари ҷавонро ба 3 соли ҳабс маҳкум кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Гулсара, вақте Нигора тифлашро ба дунё овард, метарсид, ки падару модар аз баҳри ӯ мегузаранд ва ҳам зери таънаву ҳатто зарбу лати бародаронаш қарор мегирад ва роҳи халосиро дар фурӯхтани кӯдак дид. Аммо “вақте ӯро мақомот мавриди пурсиш қарор додаанд, гуфт, ки баъд аз таваллуди фарзанд хунрав шуда буд ва ба хотири табобаташ маҷбур гашт, ки бар ивази 100 доллар ва як ангуштари тилло духтарчаашро ба ин хонавода диҳад,” - меафзояд Гулсара.
Танҳо дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон чор парвандаи марбут ба хариду фӯруши кӯдакон ба додгоҳ рафта, шаш нафар маҳкум ба зиндон шудаанд.
Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар нишасти хабариаш гуфт, дар чунин парвандаҳо асосан занон гунаҳкор мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо кӯшиши фарзандхонии навзодони ба истилоҳ “дилнохоҳ”, модарони онҳоро ба маҳбас мекашонад, зеро ҷараёни фарзандхонӣ қонунӣ анҷом намешавад. Абдуллозода гуфт, чунин доду гирифт асосан бо оилаҳои бефарзанд сурат мегирад: “Вақте дар таваллудхона фарзандашонро ба дунё меоранд, дар ҳамон ҷо тариқи маслиҳати пешакӣ ба ҳамин кор даст мезананд.”
Вале оилаҳое, ки мехоҳанд тифлеро фарзанд хонанд, мегӯянд, “харидан”-и кӯдак бо чунин роҳ назар ба ҳуҷҷатгузории расмӣ осонтар аст. Бино бар Қонуни оилаи Тоҷикистон, ки бори охир дар соли 2006 ислоҳ шуд, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ гирад, бояд 16 санади гуногун таҳия ва пешниҳод намояд.
Аммо сабаби дигари “муомилаҳои ғайриқонунӣ” бо ҳаёти навзодон ин аст, ки модарон намехоҳанд, ошкор шаванд, зеро бе шавҳар кӯдак ба дунё овардаанд. Таҳлилгар ва рӯзноманигор Меҳриниссо Назарова мегӯяд, «духтаре, ки бе шавҳар таваллуд мекунад, на ҷое барои рафтан дорад, на барои кор ва на шароити тарбияи ин кӯдакро. Ин навзод барои ӯ ҳяк бори изофӣ мешавад ва ӯ ба ҳар восита роҳи халосиро аз тифл меҷӯяд. Зеро ӯ медонад, ки ҷомеа вайро бо тифли беникоҳаш қабул намекунад.»
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, занҳое, ки дар харидуфурӯши навзодони худ даст доранд, асосан, тибқи моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки ҷиноятҳои муқобили оила ва ноболиғонро дар бар мегирад, муҷозот мешаванд. Аммо ба гуфтаи ин ҳуқуқдодон, дар асл, ин амал набояд чун ҷиноят арзёбӣ шавад, зеро: “Албатта, расман агар бубинем, аз рӯи тартиб вай бояд тифлро ба хонаи кӯдакон супорад ва оилае, ки ба фарзандӣ гирифтан мехоҳад, бо ариза муроҷиат кунад ва равандҳои фарзандхониро бигузаранд. Вале ин амале нест, ки ба ҷамъият хатаре дошта бошад.”
Бо он ки масъулони парваришгоҳҳо мегӯянд, тайи ду-се соли охир ворид шудани атфоли навзоди бекасу кӯй ба ин муассисаҳо камтар шудааст, нозирони умур инро ба афзоиши мавридҳои харидуфурӯши атфол бастагӣ медиҳанд. Гуфта мешавад, ба иллати печидаву душвор будани раванди фарзандхонӣ бархе аз хонаводаҳои бефарзанд ҳаваси расидан ба дидори фарзандро бо чунин роҳҳои ғайриқонунӣ бароварда месозанд. Дар натиҷа ба ҷои серӣ аз фарзанде ки ба дасташон мерасад, ба ҷараёни аз раванди фарзандхонӣ ҳам тӯлонитару сахттари бозпурсӣ дар мақомот ва иттиҳоми даст доштан дар хариду фурӯши кӯдак гирифтор мешаванд.