Дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси 6 соҳибкори тоҷик бо Кумитаи андози ин кишвар сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар ду ҳолат додрас даъвои соҳибкоронро қисман ҳал карда, як шикояти дигарро рад намудааст. Баррасии се парвандаи дигар ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Ҷамшед Қаҳҳорзода, сардори дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аксари аризаҳои даъвогӣ ба ҷавобгарии мақомоти андози ноҳияҳои тобеъи марказ дар бораи беэътибор донистани санадҳои санҷишии андоз мебошанд.”
Довудҷон Бобоев, як ҷавони тоҷик, 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар якҷоягӣ бо писарамакаш дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи истеҳсолии нӯшокиҳои минералӣ таъсис дода, аммо натавонистанд ҳадди аққал як сол кор кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар давоми шаш моҳи фаъолияташон кормандони Кумитаи андоз, Тоҷикстандарту сӯхторхомӯшкунӣ даҳҳо маротиба корхонаи онҳоро санҷида, ҳар кадоме санади худро тартиб дода, ин корхонаро ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Ба ин далел онҳо дигар натавонистаанд корашонро идома диҳанд.
Довудҷон Бобоев мегӯяд: “Ба додгоҳ шикоят бурдан бефоида аст ва он баръакс зарар дорад. Чунки тамоми даъвоҳои судии Кумитаи андозу соҳибкорон ба манфиати ин ниҳод ҳал мешаванд. Соҳибкорон маблағу вақти беӯҳда сарф мекунанд. Барои ҳамин мо ба хулосае расидем, ки ба суд муроҷиат накунем.”
Соҳибкороне, ки бо Кумитаи андоз вориди баҳсҳои додгоҳӣ шудаанд, аз расонаӣ кардани натиҷаҳои он худдорӣ мекунанд. Як соҳибкори тоҷик, ки Додгоҳи олии иқтисодии Душанбе даъвояшро пурра қонеъ карда, санадҳои Кумитаи андозро ғайриқонунӣ хондааст, бидуни зикри номаш гуфт, агар онҳо ин қазияро расонаӣ кунанд фишор болояшон бештар хоҳад шуд.
Тағойбек Худойназаров, раҳбари корхонаи “Хишти файзи замин”-и ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла маъдуд соҳибкоронест, ки даъвояш дар робита ба бекор кардани санади Кумитаи андоз дар Додгоҳи олии иқтисодӣ қисман қонеъ шудааст.
Ӯ мегӯяд, корашон мавсимӣ мебошад ва хишти лойӣ истеҳсол мекунанд. Барои истеҳсоли хишти пухта бошад, ҳанӯз дастгоҳ надоранд.
Ин соҳибкор мегӯяд, моҳи июли соли 2015 баъди ду моҳи фаъолияти корхонаашон нозирони андози ноҳияи Рӯдакӣ коргоҳашонро санҷида, ӯро барои рупӯш намудани манбаъҳои аслии андозбандишаванда муҷрим дониста,соҳибкорро барои пардохти ҷаррима ба андозаи 170 ҳазору 444 сомонӣ муваззаф карданд.
Корхонаи хиштбарории Тағойбек Худойназаров, дар наздикии теппа ҷойгир аст. Бо ин далел нозирони андоз ӯро барои истифодаи 16 ҳазор метри мукааби хок, яъне барзиёд истеҳсол намудани хишт ва камтар супурдани андоз гунаҳкор донистанд.
Ба нақли ин соҳибкор хоки назди коргоҳаш ҳанӯз даҳ соли пеш барои сохтмони дигар иншоотҳо ва мустаҳкам кардани соҳили рӯдхонаи назди деҳаашон истифода шудааст.
Ташхиси муҳосибию муҳандисӣ, ки аз ҷониби Вазорати адлия анҷом шуда, ба Додгоҳи олии иқтисодӣ пешниҳод гардидааст, собит намудааст, ки хоки макони ҷойгиршудаи корхонаи “Хишти файзи замин” қаблан аз тарафи корхонаи “Айнӣ” дар солҳои 1990 ва 2001 барои истифодаи хок ва коркарди хишт масраф шудааст. Ҳамчунин, дар хулосаи ташхиси муҳандисии Вазорати адлия зикр гардидааст, ки дастгоҳҳои корхонаи “Хишти файзи замин” иқтидори коркарди 1249 метри мукааби хокро дорад.
Тағойбек Худойназаров мегӯяд: “Ҳарчанд ташхиси муҳосибӣ дақиқ кард, ки ман 16 ҳазор куб хокро истифода накардам, аммо додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Хело талош кардем то додгоҳ ҳадди ақал даъвои маро қисман қонеъ кунад. Азбаски ман бояд пеш аз оғоз кардани кор ин мавзеъро бо намояндаи геолгия топосъемка намуда ҳуҷҷат мекардаам, инро камбуд донистанд. Саҳлангориямонро ба ӯҳда гирифтем ва аз додгоҳ хоҳиш кардем, ки даъво агар пурра ҳам набошад ақаллан қисман қонеъ шавад.”
Ҳоли ҳозир Додгоҳи олии иқтисодӣ ин соҳибкорро барои пардохтани 20 ҳазору 210 сомонӣ ба манфиати давлат муваззаф кардааст. Ин соҳибкор аз қарори суд норизост, аммо ба натиҷаи дигаре умед баста наметавонад.
Соли гузашта тибқи оморҳои расмӣ Додгоҳи олии иқтисодӣ 424 парвандаро баррасӣ карда, 137 миллион 716 хазору 680 сомонӣ, яъне муодили 1 миллиону 696 ҳазору 670 доллари ИМА маблағ руёнидааст. Аз ин миқдор 37 миллион 154 ҳазор 812 сомонӣ ба манфиати мақомоти давлатӣ ситонида шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад