Баъд аз хонасӯзиҳо вазъ дар Сариоғоч ба эътидол меояд

Дар даромадгоҳи яке аз маҳаллаҳои деҳаи тоҷикнишин дар рӯзи 6 феврали соли 2015

Полиси Қазоқистон мегӯяд, гумонбари қатли як қазоқ дар ноҳияи Сариоғоч, шаҳрванди тоҷиктабори Қазоқистон Наҷмиддин Норматов боздошт шудааст.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, гумонбари кушторе, ки сабаби ошӯб ва ҳамла ба манзилу моликияти шаҳрванди тоҷиктабори ноҳияи Сариоғоч дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ шудааст, дар Ӯзбакистон боздошт ва ба Қазоқистон интиқол ёфт. Ҳоло Наҷмиддин Норматов дар маҳбаси шаҳри Чимканд нигаҳдорӣ мешавад. Норматов дар куштори сокини деҳаи Интимоқ, корманди Кумитаи андоз Бахит Ортиқов айбдор мешавад. Полис мегӯяд, ин ду нафар дар заминаи робитаҳои тиҷоратии баҳниҳамӣ муноқиша кардаанд ва Норматов, ки гӯё аз пардохти иҷораи гармхонаи Ортиқов саркашӣ кардааст, дувумиро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.

Чанде аз сокинони деҳшӯрои Интимоқ ба нақл аз наздикони Норматов мегӯянд, Ортиқови 30-сола шаби 4-уми феврал барои ситондани ҳаққи иҷораи гармхонаи худ ба манзили Норматов омада, бо корд ба ӯ таҳдид кардааст ва дар ҷараёни занозанӣ бо ҳамин корд кушта шудааст. Бо пайдо шудани ҷасади Ортиқов дар наздикии рӯдхона наздикони ӯ ва сокинони қазоқи деҳшӯро тоҷиктаборонро айбдор ва ба онҳо ҳамла кардаанд.

"ТОҶИКОН КӮЧОНИДА ШАВАНД!"

Дар ҳоле ки мақомоти давлатии Қазоқистон талош доранд, вазъро ором кунанд, наздикони Ортиқов ва бархе аз сарони маҳаллаҳои қазоқнишин ба воқеа тобиши миллӣ дода, гуфтанд, то замоне ки қотил дастгир нашавад, ҳамларо ба манзил ва муассисаҳои тоҷиктаборон идома хоҳанд дод. Ҳоло ки гумонбар боздошт шудааст, интизор меравад, дар минтақа оромӣ барқарор гардад.

Тоҷиктаборон мегӯянд, ду шаб ба ин сӯ хоб накарда, аз ҳамлаҳо худро дифоъ менамоянд.Зеро рӯзҳои 5 ва 6 феврал даҳҳо хона ва мошини онҳо сӯзонда шуд ё тахриб дид. Ба гуфтаи онҳо, интиқоли нерӯҳои иловагии полис ба деҳа аз идомаи торуморҳо пешгирӣ карда натавонист. Ҳамоно гурӯҳҳое аз ҷавонони қазоқ ба манзилу фурӯшгоҳҳо ҳамла мекунанд ва талаб доранд, ки тоҷиктаборон аз ин минтақа кӯчонда шаванд.

Мухлис, яке аз сокинони Сариоғоч, рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шаби шанбе 3 хонаи дигари тоҷикони муқими ин ҷо оташ зада шуд. Ҳозир нерӯи зиёд овардаанд, то вазъро назорат кунанд. То ҳозир зиёда аз бист хона ва беш аз бист мошин оташ зада шудааст.”

Мусоҳиби мо аз Сариоғоч афзуд, ҳоло кӯдакону занонро ба шаҳрҳои бузургтар, аз ҷумла Чимкенту Қарағанда ва Алмаато ва инчунин, Узбакистон фиристодаанд. Ба қавли ӯ, 12 дақиқа қабл аз шурӯи ҳамла болои маҳалли тоҷикнишини Сариоғоч дастрасӣ ба хадамоти мобилу интернет қатъ шуда буд ва то кунун ин мушкил вуҷуд дорад. Ӯ афзуд, “ҳанӯз ҳам дастрасии пурра ба хадамоти мобилу интернет надорем.”

Як хонандаи торнамои Радиои Озодӣ навореро, ки мегӯяд, як кӯчаи тоҷикнишинро дар субҳи 6-уми феврал нишон медиҳад, ба "Сафҳаи гузориши хонандагон" фиристодааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарыгаш утром 6 февраля 2015 года

Барои пешгирӣ аз даргириҳои нав нерӯҳои иловагии пулис ба минтақа низ фиристода шудаанд. Раиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ба ин ҷо сафар кард ва барои барқарор кардани оромию субот як кумиссюн таъсис ёфтааст. Сокинони Бӯстондиқ мегӯянд, чандин манзил ва мошини онҳо сӯзонда шуда, як қисми мактаби ба номи Бобоҷон Ғафуров ва боғчаи бачагони деҳа тахриб шудаанд.

Сокини ин деҳа Анвар Мирраийпов рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "аксари сокинони тоҷиктабори деҳа бар инанд, ки агар як тоҷик як қазоқро кушта бошад, бояд аз тарафи полис боздошт шавад. Аммо ҳатто ҳанӯз таҳқиқи ҷиноӣ нишон надодааст, ки корманди Кумитаи андози Қазоқистон Бахит Ортиқов, ки гармхонаи худро ба шаҳрванди тоҷиктабор Наҷмиддин Норматов иҷора додааст, маҳз аз тарафи Норматов кушта шудааст. Вале агар исбот ҳам шавад, набояд барои ҷинояти як нафар 15 ҳазор тоҷиктабори ин ҷо ҳадафи латукӯб қарор гиранд."

Мақомоти давлат мегӯянд, вазъ дар Сариоғоч зери назорат аст. Онҳо гуфтаанд, дар ҷараёни ин воқеаҳо талафоти ҷонӣ ба бор наомада ва ҳамчунин касе боздошт низ нашудааст. Танҳо янчанд мошин сӯзонда ва манзилҳо осеб дидаанд.

"ЯКДИГАРНОФАҲМӢ"?

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ин вилоят, дар ҷамоати Жартюбе байни тоҷикон ва қазоқҳои сокини ин минтақа «ҳамдигарнофаҳмӣ» рӯй дод ва танҳо пас аз дахолати пулис вазъият ором карда шуд. Аммо ҳокими ноҳияи Сариоғоч Букарбай Парманов дар гуфтугӯи телефонӣ бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабари сар задани нооромиҳоро дар ин минтақа рад кард.

Талоши сарони маҳаллаҳо ба эҳёи субот дар Сариоғоч

​Лекин Ҳабибуллоҳ Мирзоев, сокини тоҷиктабори деҳа мегӯяд, вазъ ҳамоно таҳдидомез аст ва эҳимоли ҳамлаи дигарбора ба манзили тоҷиктаборон вуҷуд дорад. Вай меафзояд, дар ин ҳамла аксаран қазоқҳое ширкат мекунанд, ки аз ноҳия ва вилоятҳои дигар ба ин ҷо омадаанд. Гуфта мешавад, чанд нафар аз тоҷиктаборон, аз ҷумла як духтарчаи хурдсол бенишон шудаанд.

Чандин нафар аз корбарони шабакаи YouТube чанд навори видеоро дар ин шабака нашр карданд, ки дар онҳо чанд нафари калтакбадаст ва хонаву мошинҳои оташгирифта ба назар мерасанд. Ҷои дақиқи наворгирии ин саҳнаҳо маълум нест, аммо гуфта мешавад, ин Сариоғоч аст. Торнамои Фарғона.ру мегӯяд, ин аввалин мавриди муҷозоти худсарона нест. Охири моҳи августи соли 2014 гурӯҳи ҷавонон аз деҳаи Мадании ноҳияи Сайрам ба хонаҳои сокинони деҳаи Қарамуруд ҳамла карданд. Баҳонаи онҳо ин буд, ки сокинони Қарамуруд пули дӯкондорони Маданиро надодаанд. Ҷанҷоли лафзӣ зуд ба занозанӣ печид ва ба он афроди зиёд ҳамроҳ гаштанд. Дар натиҷа чанд нафар захмӣ ва зиёда аз 15 мошин сӯзонда шуд.

Дар ин навор, ки шахсе бо номи "Шаҳрванди Ҷумҳруии Қазоқистон" дар шабакаи YouТube нашр кардааст, ҷавонони хашмгин ва калтакдор дида мешаванд. Ношири навор зери он навиштааст: "Сариоғоч, 5-уми феврали соли 2015"

Дар навори дигаре, ки низ ҳамин ношир дар YouТube гузоштааст, як мошин дар ҳоли сӯхтан аст ва дар пасмназар нидоҳои қазоқию тоҷикӣ ба гӯш мерасанд.

Дар ҳамин ҳол навори дигаре дар YouТube рӯ зад, ки дар он шахсе ба мақомоти, зоҳиран давлатии Қазоқистон занг мезанад ва хабар медиҳад, ки "Дар ин ҷо ҷанг идома дорад". Вай мегӯяд, аз ҳеч куҷо ёрие ба одамон намерасад ва дар мақомоти зарурӣ касе гӯширо намегирад. Дар ин навор ҳамчунин дида мешавад, ки тӯдаи ҷавонон ба куҷое пеш меравад ё дар ҳоли фирор аст. Навор бо саҳнае ба поён мерасад, ки соҳиби телефони ҳамроҳ ба берун медавад, зеро мошинеро мебинад, ки оташ гирифтааст.