Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ситора Азизоваро ба далели шиканҷаи кӯдаки панҷсолааш аз ҳаққи тарбия ва нигоҳубини ӯ маҳрум карда, баръакс, ба пардохти алиментпулӣ муваззаф намудааст. Ҳоло тарбияи Амирҷони панҷсоларо падараш -- Анвар Азизов бар дӯш дорад ва аз ин қарори додгоҳи Шоҳмансур истиқбол мекунад.
Аммо Ситора Азизова, ки дар як ҳафтае як бор ва он ҳам тӯли панҷ соат барои дидорбинӣ бо фарзандаш ҳақ дорад, шадидан аз ин қарор норозист. Ӯ мегӯяд, кӯдаки панҷсолааш бештар ба оғӯшу навозиш ва муҳаббати модар эҳтиёҷ дорад. Амирҷон ҳосили издивоҷи Ситораву Анвар будааст, ки ҳафт соли пеш бо ҳам оиладор шуда, аммо дар пайи якдигарнофаҳмӣ ҷудо гардидаанд. Ҳоло Амирҷон дар бахши тайёрӣ дар як мактаби байналмилалӣ, ки пардохти солонааш 16 ҳазор сомонист, таълим мегирад.
Ситора Азизова дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, зиндагии орому осудаи онҳо баъд аз бозгашти шавҳараш аз Амрико тағйир хӯрдааст: “Аз Амрико ба Тоҷикистон омад ва якбора ба ман пешниҳод кард, ки бояд мо бо ҳам шартномаи никоҳ кунем. Ӯ гуфт, як барномае ҳаст метавонад бо ин роҳ дубора ба Амрико равад, вале ман ба ин розӣ нашудам. Баъд аз ин, дар хона пинҳонӣ дастгоҳи сабти овоз гузошта, тамоми муносибати маро бо кӯдакам, ки рӯзона дар тарбия ва нигоҳубини ман буд, сабт кардааст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли Азизова, додгоҳ ҳам ба ин далел, ки гӯиё ӯ дар тарбияи кӯдак ба иштибоҳ роҳ дода, нисбат ба Амирҷони хурдсол шиканҷаро раво дидааст, ӯро аз ҳаққи модарӣ маҳрум кардааст. Вале ҳамсӯҳбати мо ин суолро пеш мегузорад, ки “чӣ тавр метавонистам нисбат ба фарзанди худ шиканҷа кунам?” Вай мегӯяд, на аз гурӯҳи занони нашъаманд асту на бероҳагард, фақат мисли ҳар модар баъзан кӯдакро барои рафторҳои ноҷояш сарзаниш мекардаасту бас.
Анвар Азизов, падари Амирҷон дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ, Ситораро дар лакнати забони писараш айбдор кард. Ӯ гуфт, муносибати бади модар ва пайваста доду фарёд кардани ӯ ба сари кӯдак боис шудаааст, ки Амирҷон то ҳоло наметавонад равону ором сӯҳбат кунад. Азизов мегӯяд, ин вазъро дар пайи назорати чандрӯза ва ҳатто гузоштани дастгоҳи сабт дар хона мушоҳида ва исбот кардааст. “Ба кӯдак гапҳои қабеҳ мегуфт, мезад. Ҳамаи ин дар сабт дорем. Бинобар ҳамин, суд ҳамаи далелҳоро ба назар гирифта, ҷои зисти кӯдакро бо ман муайян кард. Кӯдакро дида наметавонам гуфтани собиқ завҷаам дуруғ аст. Вақте худи кӯдак бо модараш вохӯрдан намехоҳад, касе ӯро маҷбур карда наметавонад”,-афзуд ӯ.
Равоншинос низ ба таври расмӣ ба додгоҳ хулоса пешниҳод кардааст, ки гӯё кӯдак дилбастагии хос ба падараш дошта, майли зиёде ба модар надорад. Аммо худи Ситора Азизова мегӯяд, равоншинос бидуни ҳузури ӯ бо кӯдак мулоқот карда, хулосаи ба қавли ӯ “бидуни мантиқ” додааст.
Шаҳло Ҷӯраева - раҳбари муассисаи давлатии маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, ки Ситора барои кӯмак ба ин марказ муроҷиат кардааст, мегӯяд, кӯдак ҳоло дар хонаводаи падар дар муҳите тарбия меёбад, ки барояш фазои бадбинӣ нисбат ба модар фароҳам сохта шудааст. Ӯ афзуд, дар таҷрибаи панҷсолаи фаъолияти ин марказ Ситора севумин зане будааст, ки бо чунин мушкил ба онҳо муроҷиат мекунад.
“Дар давоми як соли 2014 ба маркази мо, 955 нафар муроҷиат кард, ки аксарашон занҳоянд. Аз ин ҳисоб 18 фоизи онҳо барои рӯёндани алимент, 20 дарсад аз зӯроварӣ дар оила ва 16 фоиз барои тақсими амвол мебошад. Танҳо дар як моҳи январи соли 2015 ба маркази мо 90 нафар муроҷиат кардаанд, ки танҳо як нафарашон мард буд”,-шарҳ дод ӯ.
Ҳоло дақиқ нест, дар Тоҷикистон чанд модар аз ҳаққи тарбия ва нигоҳубини фарзандаш маҳрум шудааст. Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, солҳои ахир дар пайи афзоиши ҷудошавии хонаводаҳо, ҳодисаҳои бо падар мондани кӯдакон ва алиментхоҳӣ аз модарон зиёд мешавад. Ҳарчанд то имрӯз дар кишвар, баъд аз талоқ, нигоҳубини фарзандон асосан бар дӯши занон вогузор мешуд.