Вақте Сироҷиддини Мӯҳтоҷ дар гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ суруд мехонад, раҳгузарон билофосила шодравон Зафари Нозимро ба ёд меоранд.
Ҳар субҳи онҳое, ки аз тариқи гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ мегузаранд, бо шунидани оҳанги зиндаи Зафар Нозим дар иҷрои як хонандаи кӯчанишин шурӯъ мешавад.
Ӯ Сироҷиддини Мӯҳтоҷ аст, ки бо дутораш дар ду нуқтаи шаҳр, бо тамоми овоз таронаҳои маъруфи Зафар Нозимро сурудаву ба роҳгузарону мухлисони ин садо фараҳ мебахшад. Сироҷиддин, ки таҷрибаи беш аз 20 солаи омӯзгорӣ дорад, дар 6 соли ахир пешаи худро тағйир дода, кӯчаву гузаргоҳҳоро ба худ чун саҳнаи ҳунар интихоб кардааст. Аммо чаро бо ин садои марғуладор рӯйи саҳнаи аслии ҳунарӣ наомад? Ҳамин суолро аксар роҳгузарон ва дӯстдорони мусиқӣ аз ин ҳунарманди кучанишин мекардаанд. Ӯ дар посух ҳамеша мегӯяд, барои ҳунарманди асил муҳим на саҳнаву ҷойи сурудхонӣ, балки садои хуб ва таваҷҷӯҳи мухлисон аст.
Зимни сӯҳбати мо бо Сироҷиддин, Екатерина, як зани рус дар даст коғаз ба ин овозхон наздик шуд. Ин зани рус ҳам яке аз мухлисони садои ин ҳунарманди кӯчанишин будааст ва барои ӯ тибқи ваъдаи кардааш, матни суруди маъруфи русӣ, "Катюша"-ро овардааст. Сироҷиддин ҳам аз ин туҳфаи зани рус хеле хушҳол шудаву ба ӯ бисёр миннатдорӣ мекард. Екатерина дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳарчанд бо забони тоҷикӣ ҳарф зада наметавонад, аммо ин забонро хуб мефаҳмад. Ва ҳар боре ки аз ин гузаргоҳ мегузарад, таваҷҷӯҳашро ин садо ба худ ҷалб мекунад ва ӯ лаҳзаҳое назди ин мард таваққуф карда аз оҳангҳои ӯ, ба қавли худаш «як ҷаҳон маънӣ» мебардорад.
«Ман намегӯям, ки инҷо нишастану суруд хондани ин мард айб аст. Агарчӣ ӯ дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехонад, аммо бубинед, тамоми инҷоро садои ӯ меларзонаду хоҳ нохоҳ ҳар нафари тасодуси ӯро мешунавад. На якбор, балки ҳар гоҳе ки мехоҳад»- мегӯяд хонум Екатерина.
Воқеан ҳам имрӯз 2-юми июн зодрӯзи устоди зиндаёд Зафар Нозим аст ва ин порчаи видео, ба хотири гиромидошти ӯ аз ҳунарманди кӯчанишине, ки ба ӯ тақлид мекунад.
Худи Сироҷиддин ҳам мегӯяд, ба садои ӯ на танҳо тоҷикон, балки русзабонҳо ҳам таваҷҷӯҳ кардаву бо ӯ гоҳҳо ҳамсӯҳбат мешаванд. Сироҷиддин зодаи минтақаи Ғарм аст. Ӯ, ки аз замони хурдсолӣ ошиқи садову таронаҳои овозхон Зафар Нозим будааст, аз нахустин вохӯриаш бо ин устоди зиндаёд ва акси якҷояаашон ёдоварӣ мекунад. «Вақте ки дар як марака бо устод Зафар Нозим вохӯрдам, дастамро сахт фишурданд ва ман ҳам барои хотира бо устод як акс ҳам дорам. Ҳоло бошад он аксро нусхабардорӣ кардам ва ҳоло ҳарҷое мераваму онҷо суруд мехонам, бо ман аст».
Мисли ин ҳунарманди хушсадо имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе афроди зиёдеро дидан мумкин аст, ки бо иҷрои оҳангҳои овозхонони маъруф мисли Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Аҳмад Бобоқул, Дӯстдмуроди Алӣ барои дарёфти қутти лоямут овозхонӣ мекунанд. Вале дар ин миён садои ин ҳунарманд, ки тамоми гузаргоҳро пахш мекунад, аксарият тавсиф мекунанду хеле шабеҳ ба садои Зафар Нозим медонанд.
Амонулло, ки 5 сол боз бо ин мард ошноӣ дораду дар як гӯшаи дигари шаҳр оҳангҳои Аҳмад Зоиррро мехонад, мегӯяд, агар ӯ ҳам имконоту шароити беҳтар медошт, метавонист ба саҳнаҳои бузурги ҳунарӣ ворид шуда, мухлисони бештар пайдо кунад: «Ман ҳамеша бо аккордеон суруд мехонам, ки аксаран оҳангҳои Аҳмад Зоҳир аст. Ҳар гоҳе оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро мехонам, тасаввур мекунам, тамоми мушкилиҳо дар зиндагӣ паси сар мешавад.»
Ҳамин гуна вақте дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанед ва ё аз гузаргоҳи зеризаминӣ убур мекунед, таронаҳое низ ба гӯшатон мерасанд, ки наметавон онро нашунид. Ва ҳамин садову оҳангҳо тавониста, ки зиндагии чанд хонаводаро таъмин кунад. Зеро худи овозхонҳои сарироҳӣ ҳам мегӯянд, ин ҳама барои ба даст овардани пулест то осиёби зиндагиро бичархонанд.