Овозхонони тоҷик, ки то кунун аз шеваи андозбандӣ норозӣ буданд, сар аз ин моҳ бояд боз ҳудуди 20 дарсад бештар андоз супоранд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, сар аз оғози моҳи январи соли ҷорӣ барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо, овозхононе, ки бидуни шаҳодатнома ва танҳо бо патент фаъолият мекунанд, бояд ба хазинаи давлат ҳар моҳ 540 сомонӣ пардохт кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан маблағи андоз аз овозхонон 450 сомонӣ буд.
Искандар Зарипов, раҳбари бахши иттилоотии Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ вобаста ба фаъолият дар минтақаҳо метавонад тағйир ёбад. Аз ҷумла, молиёт ё андоз барои овозхононе, ки дар пойтахт фаъолият мекунанд, маблағи бештарро ташкил хоҳад дод. Ҷаноби Зарипов илова кард, ки "ин танҳо ба овозхонон рабт дорад, вале барои навозанда ва раққосаҳо боз дигар молиёт муайян шудааст. Тибқи банди 32-юми ин қарор навозандагон раққосон ва наттоқони тӯю маъракаҳо 80 сомонӣ андози даромад, 40 сомони андози иҷтимоӣ, дар маҷмӯъ 120 сомонӣ бояд пардохт кунанд."
Эҳтимоли афзудани ҳаққи андоз аз сарояндаҳо ҳанӯз аз ним соли қабл матраҳ шуда буд. Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон бо ишора ба ночиз будани маблағи молиёти овозхонон ва ҳамчунин бо ёдоварӣ аз саркашии онҳо аз пардохти ин маблағ гуфта буд, эҳтимол дорад, назорат ба даромади овозхонон қавитар ва маблағи молиёти онҳо ҳам боло бурда шавад.
Дар ҳамин ҳол, ахиран масъулини Кумитаи андоз бо як эълони дигари худ табъи овозхонони тоҷикро боз ҳам хиратар карданд. Онҳо аз тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз ҷаримабандии беш аз 200 овозхони тоҷик хабар дода, барои саркашӣ аз андоз исми чанд овозхони шинохтаи кишвар мисли Остон Азизов, Бахтиёр Қосимов ё Баха 84 ва Сӯҳроби Маҳмуд ном бурданд.
Овозхон Сӯҳроби Маҳмуд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои Кумитаи андозро рад кардаву гуфт, ӯ мувофиқи имкон молиёт ё андози давлатро месупорад ва тасодуфан дар «рӯйхати сиёҳ»-и ин ниҳод афтодааст. Аммо Сӯҳроб аз афзоиши маблағи андози овозхонон нигаронӣ карда, гуфт, кори онҳо, яъне ширкат дар тӯю маросим ва консертҳо мавсимӣ аст ва на ҳамеша ӯ имкони пардохти ин маблағро дорад. Сӯҳроб мегӯяд, ӯ ҳоло ду роҳ дорад, ё тарки овозхонӣ мекунад ва ё аз патентҳои кӯтоҳмудат, танҳо дар мавсими тӯю маъракаҳо истифода хоҳад бурд.
"Ҳар моҳ тӯю маросим намешавад, ки овозхонҳо маблағе ба даст оранд ё мо тавони ҳар сол ташкили консертро надорем. Ҳоло ин фикрро ҳам дорам, ки касбамро иваз кунам. Санъаткор ҳам зиёд шудааст, мардум ҳам на ҳама имкони ташкили тӯи калонро доранд. Албатта, мефаҳмем, ки ин талаби қонун аст ва андози фоидаро супорӣ, аммо вақте фаъолият мавсимӣ аст, ин мушкил пеш меорад",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Афзоиши молиёт барои овозхони дар тӯю маросим, ташвишу нигаронии аксар ҳунармандони тоҷикро, ки бе ин ҳам бо Кумитаи андоз мушкил доштанд, боз ҳам бештар кардааст. Махсусан, ҳунармандони касбӣ ва онҳоеро, ки дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият доранду дар тӯю ҷашнҳо кам ширкат мекунанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, тасмими мазкур метавонад овозхононро рӯҳафтодаву дилсард кунад. Як ҳунарманди тоҷик ва устоди консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, шеваи андозбандӣ барои овозхонон бояд хубтар омӯхта шавад.
Низом Қутбиддинов, овозхони ҷавон, ки тоза вориди саҳнаи ҳунар шудааст, мегӯяд, аз тӯю маросим барояш чандон даромади зиёде намемонад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин маблағ байни навозандагон тақсим мешавад. Низом мегӯяд, дар баробари даромад бояд хароҷоти овозхонон барои сабту таҳияи тарона ва умуман кори ҳунарӣ ба назар гирифта шавад. Низом 2 фарзанд дорад ва мегӯяд, зиндагии хешро бо ҳамин роҳ пеш мебарад.
Ӯ афзуд, "пешниҳодҳо буд, ки барои муҳоҷират ба Русия равам, вале ман ҳунарамро дӯст медорам, консерватория хондаам, мехоҳам дар рушди санъат саҳмгузор бошам. Ба фикри ман, агар андоз камтар мешуд, кори мо ҳам осонтар мешуд. Шахсан 2 моҳ шуд, ки андоз насупоридаам, чун тӯю кор нест. Мо, ки ҳоло тарғиби кам ва таронаи кам дорем, аз ин ҷиҳат мушкил мекашем. Барои мо бояд имкон дода шавад, то санъати худро рушд диҳем."
Молиёт ё иҷозатномаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон 5 соли қабл ҷорӣ шуд ва овозхонон ҳам чун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба хазинаи давлат маблағ супоранд. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи андоз, ҳунармандоне, ки дар муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият мекунанд, ба гирифтани патент муваззаф нестанд ва ин масъулият ба зиммаи он муассиса гузошта мешавад.
Искандар Зарипов, раҳбари бахши иттилоотии Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ вобаста ба фаъолият дар минтақаҳо метавонад тағйир ёбад. Аз ҷумла, молиёт ё андоз барои овозхононе, ки дар пойтахт фаъолият мекунанд, маблағи бештарро ташкил хоҳад дод. Ҷаноби Зарипов илова кард, ки "ин танҳо ба овозхонон рабт дорад, вале барои навозанда ва раққосаҳо боз дигар молиёт муайян шудааст. Тибқи банди 32-юми ин қарор навозандагон раққосон ва наттоқони тӯю маъракаҳо 80 сомонӣ андози даромад, 40 сомони андози иҷтимоӣ, дар маҷмӯъ 120 сомонӣ бояд пардохт кунанд."
Эҳтимоли афзудани ҳаққи андоз аз сарояндаҳо ҳанӯз аз ним соли қабл матраҳ шуда буд. Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон бо ишора ба ночиз будани маблағи молиёти овозхонон ва ҳамчунин бо ёдоварӣ аз саркашии онҳо аз пардохти ин маблағ гуфта буд, эҳтимол дорад, назорат ба даромади овозхонон қавитар ва маблағи молиёти онҳо ҳам боло бурда шавад.
Овозхон Сӯҳроби Маҳмуд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои Кумитаи андозро рад кардаву гуфт, ӯ мувофиқи имкон молиёт ё андози давлатро месупорад ва тасодуфан дар «рӯйхати сиёҳ»-и ин ниҳод афтодааст. Аммо Сӯҳроб аз афзоиши маблағи андози овозхонон нигаронӣ карда, гуфт, кори онҳо, яъне ширкат дар тӯю маросим ва консертҳо мавсимӣ аст ва на ҳамеша ӯ имкони пардохти ин маблағро дорад. Сӯҳроб мегӯяд, ӯ ҳоло ду роҳ дорад, ё тарки овозхонӣ мекунад ва ё аз патентҳои кӯтоҳмудат, танҳо дар мавсими тӯю маъракаҳо истифода хоҳад бурд.
"Ҳар моҳ тӯю маросим намешавад, ки овозхонҳо маблағе ба даст оранд ё мо тавони ҳар сол ташкили консертро надорем. Ҳоло ин фикрро ҳам дорам, ки касбамро иваз кунам. Санъаткор ҳам зиёд шудааст, мардум ҳам на ҳама имкони ташкили тӯи калонро доранд. Албатта, мефаҳмем, ки ин талаби қонун аст ва андози фоидаро супорӣ, аммо вақте фаъолият мавсимӣ аст, ин мушкил пеш меорад",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Афзоиши молиёт барои овозхони дар тӯю маросим, ташвишу нигаронии аксар ҳунармандони тоҷикро, ки бе ин ҳам бо Кумитаи андоз мушкил доштанд, боз ҳам бештар кардааст. Махсусан, ҳунармандони касбӣ ва онҳоеро, ки дар муассисаҳои фарҳангии кишвар фаъолият доранду дар тӯю ҷашнҳо кам ширкат мекунанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, тасмими мазкур метавонад овозхононро рӯҳафтодаву дилсард кунад. Як ҳунарманди тоҷик ва устоди консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, шеваи андозбандӣ барои овозхонон бояд хубтар омӯхта шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад