Ҳаво сард аст ва духтарон аз сардӣ меларзанд, вале маҷбуранд бо лабханду чеҳракушодӣ ҳамроҳи ҳарбиён рақс кунанд. Қисме аз мусаллаҳон сарулибоси ҳарбии артиши Русияро дорад ва бахши дигар либосҳои ҳархела, камуфляжҳои дарёфтӣ, аммо бисёриҳо нимтанаи ҳарбӣ ё “бушлат” дошту на танҳо аз он, балки аз арақи сафед гарму сархуш буд.
Барномаи навбатии мо аз ҳамин саҳна сар мешавад.
Ҳамон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 ҳазорон нафар дар Имом Соҳиби Афғонистон ваҳшати убури зимистона аз рӯди Омӯ бо даҳҳо ғарқшуда ва захмӣ ҳанӯз пеши назарашон ҷӯёи сарпаноҳ буданд. Аксарият заминро меканданду маскане барои худ ва кӯдаконашон месохтанд. Созмони Милал ҳанӯз аз онҳо хабар надошт ва хаймае барояшон нафиристода, ҳанӯз ҳавопаймоҳои номаълум ба сарашон бомбаву тир нарехта буд.
Аммо қисми асосии аҳолии Тоҷикистон таҳти таассурот аз ҷамъомади порлумони вақти Тоҷикистон дар қасри “Арбоб”-и канораи шаҳри Хуҷанд буд ва бо орзуи сулҳу осоиш.
Ин нишаст аз нимаи ноябр то аввали декабри соли 1992 идома ёфта, аҳолии Тоҷикистонро умедвор карда буд, ки ҷанг ба поён расид ва сулҳу осоиш омад. Дар бораи ин “иҷлосияи сарнавиштсоз ва таърихӣ” зиёд навиштаанду рисолаҳои илмӣ ҳимоят кардаанду унвонҳо гирифтаанд ва ҳар сол дар моҳи ноябр баргузории онро ҷашн мегиранд. Вале намегӯянд, ки роҳ то сулҳи воқеӣ пас аз он иҷлосия дароз ва хунин буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шумо он рӯзи 23-юми февралри соли 1993 дар куҷо будед? Аз он рӯз чӣ чизҳое дар ёдатон мондааст, метавонед, зери ин барнома бинависед.