Ба Шӯҳрат Қудратов иҷоза надодаанд, бо модараш видоъ кунад

Наздикони Шӯҳрат Қудратов, вакили зиндонии Зайд Саидов, мегӯянд, ба ӯ иҷоза нашудааст, то дар маросими видоъ бо модараш иштирок кунад. Муқаддама Мунавварова шоми 13 март даргузашт.

Шӯҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили зиндонии Зайд Саидов, хабари даргузашти модари 65-солаашро дар зиндон шунидааст. Аммо наздиконаш мегӯянд, мақомот иҷоза надодаанд, то ӯ дар маросими видоъ бо Муқаддама Мунавварова иштирок кунад. Қудратов, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи шаҳри Душанбе аз озодӣ маҳрум шуда буд, ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов, гуфт, онҳо ба додгоҳи олӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе ва инчунин раёсати боздоштгоҳ муроҷиат кардаанд, то иҷоза диҳанд, ӯ дар маросими видоъ

Шӯҳрат Қудратов бо фарзандонаш

бо модараш иштирок кунад. Аммо Зоиров мегӯяд, “дар посух фақат ҷавоби “не”-ро шунидем”.

Мақомот гуфтаанд, чунин имтиёз барои касе дода нашудааст ва ин аз ихтиёри онҳо берун аст. Дар гузашта низ Маҳмадрӯзӣ Искандаров – раҳбари пешини ҳизби демократ ва Ёқуб Салимов – вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон низ хабари фавти модарони худро дар зиндон шунида, аммо дар намози ҷанозаашон иштирок карда натавонистаанд.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, ӯ субҳи 14 март бо Шӯҳрат Қудратов дидор карда, хабари даргузашти модарашро ба ӯ расонд. “Озурда буд, аммо таҳаммул мекунад,”-афзуд Зоиров.

Муқаддама Мунаввароваи 65-сола -- модари Шӯҳрат Қудратов шоми 13 март аз дунё даргузашт. Бародари Қудратов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш бемории қанд ва фишорбаландӣ дошт, аммо зиндонӣ шудани Шӯҳрат ба бадтар шудани вазъи саломаташ сабаб шудааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли ҷорӣ Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо Додгоҳи олӣ рӯзи 3 март дар пайи шикояти вакили мудофеи Қудратов, ин ҳукмро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Лаҳзаҳои эълони ҳукми Қудратов

Додгоҳи олӣ эълон кард, моддаи 247, қисми 4, яъне “қаллобӣ” аз парвандаи Қудратов ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин, ҳукми ин вакили мудофеъ аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст.

Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатлиХолмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.

Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми зиндони ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Маҷмаи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов изҳори нигаронӣ карда ва Ҳюман Райтс Вотч онро "сиёсӣ" номида буданд.