Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 21 январи соли ҷориро “Рӯзи ҳамраъйӣ бо Шӯҳрат Қудратов” эълон кардааст. Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки дар додгоҳ аз ҳаққи Қудратов ҳимоят мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмими онҳо шоми 17 январ дар як ҷаласаи вижа дар Душанбе гирифта шудааст.
Оқои Зоиров дар шарҳи ин тасмим гуфт: “Чаро 21 январ? Чунки рӯзи мавлуди Шӯҳрат аст. Вай ба синни 38 мерасад”,-шарҳ дод Зоиров ва афзуд, “ҳадаф аз рӯзи ҳамраъйӣ ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба қазияи Шӯҳрат Қудратов мебошад”.
Шӯҳрат Қудратов, муовини раҳбари ҲСДТ ва яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 13 январи соли ҷорӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Тоҳирбек Мӯсобекзода -- додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми қироати ҳукм гуфт, Қудратов баъд аз озодияш аз зиндон низ ду сол ҳаққи адвокатӣ нахоҳад дошт. Додгоҳ ин вакили мудофеъро, ки тобистони соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон боздошт шуда буд, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 320, яъне "додани пора" ва 247, яъне "қаллобӣ" аз озодӣ маҳрум кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳматулло Зоиров мегӯяд, ду рӯз пеш ин ҳалномаи Додгоҳи шаҳри Душанберо дастрас карда, қарор аст, рӯзи 20 январ аз болои он ба Додгоҳи олӣ шикоят бубарад. Оқои Зоиров гуфт, нафари таҳти ҳимояташ бегуноҳ асту то лаҳзаи охир барои “сафед” шудани ӯ тамоми талошашро хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе дар баробари Шӯҳрат Қудратов интиқод карда, хостори бозбинии он шудаанд.
Аз ҷумла рӯзи 18 январ, Front Line Defenders, як бунёди байналмилалӣх, ки ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон кумак мекунад, бо пахши як изҳорот гуфт, аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов хеле нигарон буда, мӯътақид аст, ки ҳукми ӯ мустақиман ба фаъолиятҳои қонуниаш барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон рабт дорад.
Созмони мӯътабари байналмилалии Human Rights Watch рӯзи 15 январ гуфт, дар парванда ва ҳукми зиндони вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ангезаҳои сиёсӣ хеле рӯшан мушоҳида мешаванд. Стив Свердлов – пажӯҳишгари ин созмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, ин қазия ва ин ҳукм барои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ нахоҳад овард ва бояд бозбинӣ шавад.
Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи Васоити Ахбори Омма, ки қароргоҳаш дар Киеви Украина воқеъ аст, низ бо пахши як изҳорот 9 сол зиндони Шӯҳрат Қудратовро маҳкум карда, раҳоии ӯро тақозо намудааст. Ин пажӯҳишгоҳ мегӯяд, дар содир кардани чунин ҳукм мақомоти расмии Тоҷикистон нақши асосӣ доштаанд.
Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазиир собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.
Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин пулро ӯ бояд ба нафари ҷабрдида – раиси ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов - медод, то аз даъвояш алайҳи Суламаев гузарад.
Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва муҳокимаи ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд. Қудратов ҳамчунин аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров аст.
Ин ҳизб бо вуҷуди дар боздошт қарор доштани Қудратов, ӯро аз рӯйхати ҳизбӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи 1 март номзад карда буд.