Шойгу дар Кобул ба дунболи чист?

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, рӯзи 25-уми ноябр ба Кобул рафт ва бо шуморе аз чеҳраҳои баландпояи ҳукумати "Толибон" мулоқот кард.

Расонаҳои русӣ ва афғонистонӣ аз мулоқоти Шойгу бо муовини сарвазири ҳукумати "Толибон" ва вазири дифои ин гурӯҳ хабар доданд.

Бо вуҷуди он ки Русия ҳанӯз ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст, Маскав ва Кобул робитаҳои нисбатан наздик доранд.

Дафтари муовини раиси вазирони ҳукумати "Толибон" эълон кардааст, ки дар ин дидор муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳамлу нақл ва сармоягузорӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи дафтари Мулло Бародар, ин мақоми русӣ бо дастури Владимир Путин ба Кобул омад ва дар ин сафар намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон ва муовини нахуствазири он кишвар вайро ҳамроҳӣ мекунанд.

Мулло Бародар дар гуфтугӯ бо Шойгу гуфтааст, ки таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии ҳукумати онҳо ба иқтисод равона шуда, Афғонистонро ба як маркази ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа табдил кардааст.

Ба гуфтаи "Толибон", Шойгу дар ин нишаст ваъда додааст, ки Маскав ин гурӯҳро аз "рӯйхати сиёҳ" берун хоҳад кард. Ҳамчунин ду тараф ба созиш расидаанд, ки барои рушди ҳамкорҳои тиҷоратӣ, транзитӣ ва сармоягузорӣ кумитаи муштарак таъсис диҳанд.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар ҳоле ба Кобул рафт, ки дар рӯзҳои охир диду боздидҳои сиёсӣ дар робита ба Афғонистон афзоиш ёфтааст. Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон пас аз боздид аз кишварҳои минтақа бо мақомоти "Толибон" дар Кобул мулоқот кард.

Бар асоси гуфтаҳои "Толибон", дабири Шӯрои амнияти миллии Русия аз тарҳи "Афғон-транс", ки Узбекистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон васл мекунад, ҳимоят кард ва гуфт, ки ширкатҳои русӣ алоқаманди сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва нақлиёт дар Афғонистон ҳастанд.

Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати "Толибон" дар дидор бо Сергей Шойгу гуфтааст, ки ҳукумати онҳо мехоҳад Афғонистон дар форматҳои минтақаӣ ҳузур дошта бошад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ҳукумати "Толибон" ба касе иҷозат нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода кунад.

Дар мувофиқатномаи Давҳа низ "Толибон" ваъда дода буданд, ки иҷоза намедиҳанд, то хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Покистон, аз "Толибон" хоҳони иҷрои ин ваъдаашон ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон гуфт, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо ба Чин ва кишварҳои дигари минтақа таҳдиди амниятӣ аст. Пеш аз ин, Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳоеро аз ҳузури гурӯҳҳои террористии гуногун, аз ҷумла "Ал-Қоида" дар Афғонистон пешниҳод карда буд.