Расидани фасли сармо ва оғози лимити шадиди барқ дар аксарияти кулли қаламрави Тоҷикистон, ба истиснои чанд шаҳри ангуштшумораш, саноатро тақрибан ба куллӣ аз пой медарорад.
Дар тӯли 6 ило 7 моҳи фасли сармо ҳаёти иқтисодӣ дар музофоти кишвар танҳо дар чордевори бозору нақлиёт ва як каме дар сохтмон маҳдуд мешавад. Корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар ин паҳно ба иллати камбуди барқ дар рӯз ҳамагӣ чанд соат кор мекунанд ё пурра аз кор монда, амалан ба як анбори оҳанпора табдил мешаванд.
Як ҳоли зор...
Соҳибкор Аҳтам Назаров ҳанӯз 14 сол қабл дар рустое, ки ба сар мебарад, як осиёби хурди барқӣ сохта буд. Ӯ мегӯяд, дар фасли сармо аз кори ин осиёб ҳеҷ суде намебарад ва ҳарчӣ аз ин корхонааш ба даст меояд, сарфи маоши коргарон ва пули барқу андоз мешавад: “Кор мекунад, вале азбаскӣ барқ нест, ҳамагӣ 1 ё 2 соат. Ба маҳзи бебарқӣ як ҳоли зоре дорем дар зимистон.”
Аҳтам Назаров афзуд, бебарқӣ танҳо мушкиле нест, ки аз гиребони соҳибкор дар рустоҳои Тоҷикистон маҳкам гирифтааст: “Якум ҳамин бебарқист. Аммо мушкили асосӣ ин аст, ки хеле зиёд ғам медиҳанд. Тоҷикстандарту идораи андоз меояд боло сарат, идораи беҳдоштӣ меояд, идораи зидди сӯхтор... Ва ҳамааш аз ту як тамаъ доранд, ки ягон чиз ҳаққи моро ҳам бидеҳ.”
Ин мусоҳиби мо ахиран бори аввал аз Чин миқдоре маводди сохтмон овард ва мегӯяд, бо сарфи тақрибан 7 000 доллар дар 2 моҳ ҳудуди 3000 доллар фоида гирифтааст. Дар ҳоле ки бо сарфи айни маблағ барои сохтани осиёб Аҳтам Назаров чунин фоидаро дар як сол ҳам гирифта наметавонад.
Боздеҳи хеле ночиз ва дар мавсими лимити барқ тақрибан баробари сифр як иллати асосист, ки соҳибкорони тоҷикро аз сохтани корхонаҳои тавлидотӣ дар манотиқи рустоӣ манъ мекунад. Дар зеҳни ин тоифа тафаккур ва мантиқе то ҳол роиҷ аст, ки фоидаи ба маротиб зиёдтар ва зудтарро метавон аз бозор ҳосил кард, на аз корхона, ки барои соҳибаш бештар дарди сар меорад, то фоида. Ва касе замонат ҳам намедиҳад, ки агар корхона комёб шуд, оё фардо кадом муштзӯре ба он чашм ало нахоҳад кард?
9 фоизи барқ барои 73 фоизи мардум
5,6 миллион нафар, ё 73 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар русто ба сар мебарад, вале ба ҳисоби Барномаи рушди СММ, ин мардум ҳамагӣ 9 дарсад аз ҷамъи нирӯи барқи кишварро истифода мекунад. Ин идораи СММ дар гузориши вижае дар бораи асароти камбуди барқ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳар сокини русто дар соли 2011 ҳамагӣ 250 киловатт нирӯи барқ истифода бурдааст, ки назар ба ҳар сокини шаҳр 4 маротиба камтар аст. Бино бар ин гузориш, ба иллати камбуди барқ ҳар сол дар Тоҷикистон то 30 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ талаф шуда, дар мавсими лимит 850 корхонаи хурду миёна аз кор мемонанд. Ва аслан корхонаҳое, ки дар музофот, дар манотиқи таҳти лимит сохта шудаанд.
Ба назари иқтисоддонҳои тоҷик, лимити барқ ҳаёти иқтисодӣ дар музофоти кишварро барои 6-7 моҳи сол фалаҷ карда, ба як мониаи бузург дар роҳи рушди бахусус манотиқи рустоӣ табдил ёфтааст. Ин мушкил, ҳамин тавр, иҷрои барномаҳои пуриддаои давлат дар бораи то соли 2015 дар худи Тоҷикистон анҷом додани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаро низ зери суол мебарад.
“Барқ намерасад пеш аз ҳама”
Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар коркарди нахи пахта ва сохтани маҳсулоти ниҳоӣ аз ин нах як андоза пешрафт кардааст: “Ҳоло баробари 40 фоизи давраи шӯравӣ пахта истеҳол мешавад. Мо дар он солҳо то 1 миллион тонна пахта ҷамъ меовардем, ки ҳамагӣ 15-18 фоизаш дар худи Тоҷикистон коркард шуда, бақияаш ба сурати нах ба хориҷ
фурӯхта мешуд. Мо он замон 22 корхонаи пахта доштем. Ҳоло ин рақам ба 58 расидааст. Дар ин муддат чандин фабрикаи ришта ҳам сохта шуд. Аммо истеҳсоли равған кам шуд. Ҳоло қариб 20 000 тонна равған мебарорем, дар ҳоле ки дар давраи шӯравӣ Тоҷикистон дар 4 корхонаи бузурги равғанкашӣ дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаву Конибодом то 90 000 тонна равғани пунбаву соя истеҳсол мекард. Аммо феълан, ки пунбадона кам шуд, корхонаҳои бузург қариб кор намекунанд.”
Ваҳҳоб Воҳидов афзуд, арсаи коркарди меваҷоту сабзавот дар Тоҷикистон низ ҳамчунон бо ҳарду пой мелангад ва аз ҷумла ба иллати лимити барқ: “Барои мисол, истеҳсоли сабзавот назар ба давраи шӯравӣ ду маротиба афзуда, солона ба 1 250 000 тонна расидааст. Вале агар мо дар он замон 374 миллион қуттии шартӣ консерваи гуногуни гӯшту меваву сабзавот тавлид мекардем, имрӯз базӯр ба ҳадди 70-80 миллион ва гоҳо ба 100 миллион мерасему халос. Яъне 4 маротиба камтар! Чунки барқ намерасад пеш аз ҳама.”
11 сотих барои ҳар сокини русто
Тоҷикистони, ба таъбири шоиронаш, “камзамин” ҳамагӣ 700 000 гектар замини кишт дорад, ки аз он дар 200 ҳазораш мардум манзил сохтааст. Ним миллион гектари боқӣ ба ҳар кадом аз 5,6 миллион аҳолии русто чизе дар ҳудуди 11 сотих(садяк) рост меояд, ки албатта, басанда нест ва шумори афзояндаи ин мардумро бо ҷои кор дар соҳаи кишоварзӣ таъмин карда наметавонад. Ин аст ки аксари сокинони рустоҳо бо талаби ҷои кор худро ё ба шаҳр мезананд ва ё муҳоҷират ба Русияву кишварҳои дигарро ихтиёр мекунанд. Бино ба ҳисобҳо, қариб 80 дарсад аз беш аз 1 миллион лашкари муҳоҷирони тоҷик дар Русия маҳз аҳли рустоянд, ки дар зодгоҳи худ алтернативаи дигареро намебинанд.
Як роҳи таъмини ҷои кор барои ин мардум метавонист корхонаҳои хурди тавлидотӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ё тавлиди молҳои дигар шавад, вале дар роҳи расидан ба ин ҳадаф як кӯҳи бузург боз ҳам камбуди барқ аст. Сиёвуш Қосимӣ, шореҳи иқтисодии ҳафтавори “Озодагон” мегӯяд: “Албатта, таъсири лимити барқ ба рушди рустоҳои Тоҷикистон зиёд аст. Вақте барқ нест, тоҷирону сармоягузорон, албатта, барои эҳдоси корхона дар русто майл нишон намедиҳанд. Мушкили барқ мушкилест, ки 20 ило 21 сол боз давом дорад ва ин таъсири хеле бад мерасонад ба ҷалби сармоя ба рушди рустоҳои Тоҷикистон. “
Тақсимоти номутаносиби кор
Дар ҳоли ҳозир, бо вуҷуди хеле арзонтар будани ҳам нерӯи корӣ ва ҳам пули иҷора дар деҳот ва ҳам имкони бо харҷи камтар “пазондани гап” бо мақомоти сершумори назоратӣ, аксари соҳибкорон дар Тоҷикистон талош мекунанд, ки дар шаҳр корхона бисозанд. Дар натиҷа таҷаммӯъи корхонаҳои саноатӣ дар чанд шаҳри ангуштшумор ва асосан дар Душанбеву Хуҷанд ва шояд дар атрофи корхонаи алюминсозии Турсунзода ба мушоҳида мерасад. Як паёмади ин тақсимоти номутаносиби кор аст, яъне 90 дарсади корхонаҳои саноатӣ, ки маоши беҳтар доранд, дар чанд шаҳр маҳдуд шуда, барои аҳли музофот ҷуз кори каммузди саҳро, бозорнишинӣ ва муҳоҷират чораи дигар боқӣ намегузорад.
Шореҳи иқтисодии “Озодагон” Сиёвуши Қосимӣ мегӯяд, чунин тақсимоти нодурусти манобеъи кор ба навбаи худ боиси ба шаҳрҳо сарозер шудани сели мардуми ҷӯёи кор шуда, рушди рустоҳои Тоҷикистонро барои солиён ақибтар меандозад: “Инки корхонаҳои саноатиро фақат дар чанд шаҳри ангуштшумор месозанду боқӣ шаҳру рустоҳо бе корхона мемонанд, ба харитаи тақсимоти меҳнати Тоҷикистон таъсири хеле манфӣ мерасонад. Вақте корҳои асосӣ танҳо дар шаҳр маҳдуд мешавад, ин як навъ тақсими ноодилонаи кор аст ва натиҷаашро ҳам мо мебинем, ки имрӯз беш аз 1 миллион мардуми қобили кори мо ба муҳоҷират мераванд. Чунин ҳол ба инкишофи нерӯи кории Тоҷикистон ҳам таъсири бевосита мегузорад, зеро онҳое ки дар шаҳр дар ин корхонаҳо кор пайдо мекунанд, нерӯи кории худро шояд тараққӣ диҳанд, вале онҳое ки ин имконро надоранд, табъан бекор мемонанд ва нерӯи кории онҳо батадриҷ суст мешавад. Чунки агар инсон ба кораш идома надиҳад, қобилияту малакаву маҳораташ рӯ ба коҳиш меорад, ки асароти хеле манфӣ дорад.”
“Тафаккури соҳибкорро бояд тағйир дод”
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 80 барномаи рушди навоҳии кӯҳистонро тасвиб карда буд. Дар солҳои истиқлол низ чандин чунин барнома тасвиб шуд, ки то соли 2015 дар худи кишвар анҷом додани коркарди маҳсулоти хоми кишоварзиро дар назар дошт. Вале ин барномаҳо аз як сӯ, ба далели камбуди сармоя ва аз тарафи дигар, ба маҳзи камбуди барқ зиёд муваффақ нашуданд.
Зиёратшоҳи Саъдуллоҳ, вакили парлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи ноҳияи кӯҳистонии Нуробод аз таҷрубаи худаш мегӯяд, ки ба сохтани як корхона моил кардани соҳибкорони тоҷик кори саҳл нест. Ба ақидаи оқои Саъдуллоҳ, дар баробари мушкилоти зикршуда омилҳои зеҳние ҳам дар байн ҳаст, ки монеъи рушди саноат дар саҳафоти хориҷ аз шаҳрҳои бузург мешавад.
Мусоҳиби мо мегӯяд, мафкураи соҳибкорони тоҷик ҳанӯз ба ҳадде насабзидааст, ки дар баробари масоиле, чун таъмини мардум бо ҷои кор, масъулияти иҷтимоӣ
эҳсос кунанд: “Агар соҳибкор бихоҳад, дар ҳар дарёчаи кӯҳистон метавонад нирӯгоҳи хурде сохта корхонаашро бо барқ таъмин кунад ва зиёдатиашро ҳатто бифурӯшад. Агар кунанд, мекунанд. Вале онҳо паҳлуи сабукии корро фикр мекунанд. Агар тафаккури соҳибкори тоҷик иваз шаваду ба дуртару фарохтар барнома рехтан одаташ шавад, роҳи ҳалли мушкили барқро метавон пайдо кард. Лекин муттаассифона, онҳо дар ҳоли ҳозир ба Душанбе мечаспанд ё ба Хуҷанд, ки аз барқи давлатӣ истифода барем. Дар натиҷа тақсимоти кор номутаносиб мешавад ва ҷойҳои корӣ дар шаҳрҳо ҷамъ мешаванд. Соҳибкори тоҷик бояд аз шаҳр каме ба берунтар фикр кунад.”
Вазорати рушди русто
Бо вуҷуди тасвиби барномаҳои мукаррари рушд ва ислоҳи соҳаи кишоварзӣ, дар Тоҷикистон то ҳол як ниҳоди вижае нест, ки масъулияти рушди фарогири манотиқи рустоиро бар ӯҳда дошта бошад. Дар вазорати кишоварзӣ ба мо гуфтанд, ки ин вазорат масъули танҳо хоҷагиҳои кишоварзист ва корхонаҳои саноатие, ки дар деҳот сохта мешаванд, марбут ба вазорати саноату энержист. Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, азбаски беш аз 70 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот ба сар мебарад ва аҳли русто бо мушкилоте, чун фақру нодорӣ, нисбат ба мардуми шаҳр бештар дастбагиребонанд, фурсати таъсиси як вазорати алоҳидаи рушди русто фаро расидааст, ки байни саноат ва кишоварзӣ фарқ нагузорад ва як сиёсати комилу фарогири рушди рустоҳои Тоҷикистонро пеш барад.
Аммо ба бовари ҳамсӯҳбатони мо, рушди рустоҳои Тоҷикистон танҳо дар сурате таккони ҷиддӣ хӯрда, индустриализатсия, ё саноатисозии иқтисод танҳо замоне дигарбора пой ба ин водӣ хоҳад монд, ки агар нирӯгоҳи Роғун сохта шавад ва кишвар билохира аз ин балои буҳрони бебарқӣ, ки ҳар зимистон аз гиребонаш мегирад, халос хӯрад.