Масъулини «Ширкати таъмини сӯзишворӣ» аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд, аммо тибқи як маълумоте, ки аз ин ширкат дастраси мо шуд, зимни созишномаҳо 5 ҳазор тонна аз корхонаи коркарди нафти шаҳри Орски Русия ва 3 ҳазор тонна аз Туркманистон аэрокеросин то охири моҳ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон солона аз хориҷ 68 ҳазор тонна - 80 дарсад аз Русия ва бақия аз Туркманистон ин навъи сӯзишвориро ворид мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Буҳрони маводи сӯхт дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон
Анвар Нуров, сарвари шӯъбаи фурудгоҳҳои раёсати авиатсияи вазорати нақлиёти Тоҷикистон нигарониҳо дар мавриди боло рафтани қимати чиптаҳои ҳавопаймоҳоро бепоя хонд. Вай гуфт, то охири моҳ ин мушкил ҳалли худро меёбад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дигар дар фурудгоҳҳои мобайнӣ нахоҳанд нишаст: «Аслан ин мушкил соли 2012 сар зад, вақте дар Русия барои маводи нафтӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ карданд. Ин қимати сӯзишвориро боло бурд. Аммо ҳоло мақомоти зидахл дар ҳамдастӣ бо Ширкати таъмини сӯзишворӣ вориди амал шудаанд ва пас аз ворид шудани аэрокеросин аз Русияву Туркманистон ин мушкил ба пуррагӣ ҳалли худро хоҳад ёфт».
Русия шурӯъ аз соли 2010 барои маводи нафтие, ки ба Тоҷикистон мефурӯхт, боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард ва дар қатори дигар навъҳои сӯзишворӣ қимати аэрокеросин – навъи стратегии он низ боло рафт. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло аз Русия як тони аэрокеросин бо қимати 1300 доллар вориди Тоҷикистон мешавад. Бо иловаи 416 доллар боҷӣ гумрукӣ ва ҳам хокпулӣ ё ҳаққи транзит дар масири миёни ду кишвар, қимати аслии он ба 1800 доллар мерасад. Ҳавопаймоҳо онро дар ҳоли ҳозир ба 1900 доллар мехаранд, дар ҳоле ки онро, масалан, дар Русия ба 900 ва дар Қирғизистон ба 1 ҳазору 140 доллар дастрас кунанд.
Ҳафтаи қабл Русия эълон дошт, ки муваққатан боҷи гумрукиашро аз маводи нафтӣ барои Тоҷикистон лағв хоҳад кард. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, аввалин сӯзишвории бидуни боҷи гумрукӣ 2 декабр ворид ва ба мизоҷон бо нархи арзонтар дастрас хоҳанд шуд. Аммо коршиносон мегӯянд, ба коҳиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон наметавонанд бовар кунанд, чун аз қабл мақомот эълон доштаанд, ки ҳамчунин арзониро пешбинӣ намекунанд, чун тоҷирон ҳам намехоҳанд даромадҳои худро коҳиш диҳанд.
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик.
Коршинос Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин ба он маъно хоҳад буд, ки қимати чиптаву дигар молу маводи ниёзи мардум низ тағйир нахоҳад буд: «Гумони ғолиб бар он аст, ки қиматҳо боло мераванд, на поён. Он чӣ имрӯз мушоҳида мешавад. Ҳарфи имзо шудани созишнома садо доду камбуди маводи нафтӣ ҳам ба миён омад. Ҳоло қимати бензин ҳам боло рафта, дар нуқтаҳои сӯзишворӣ ҳатто камбуд ба назар мерасад. Чун дар бозор рақобати солим нест, инро интизор набояд дошта бошем, ки пас аз лағви боҷи гумрукӣ арзонӣ мешавад. Ва бар хилофи ҳамаи қонунҳои бозор Худо накунад, ки бадтар шавад»