Генерал Муҳаммадшоҳ Искандаров (Шоҳ Искандаров), сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, хабари гӯё боздошти яке аз писаронашро бо миқдори зиёди маводи мухаддир рад кард. Ӯ рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки матлаби нашршуда дар бори ӯву писараш "як тӯҳмат" ва "дурӯғ аст"-у ҳеҷ асос надорад. Дар сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ҳам эҳтимоли боздошти фарзандони генерали вазорати умури дохилиро рад карданд.
Вокуниши телефонии Муҳаммадшоҳ Искандаров ба матолибе буд, ки давоми ду рӯзи гузашта дар вебсайттҳои eurasianews.info ва ca-snj.com нашр шудааст. Ин вебсайтҳо иддао кардаанд, ки писари генерали тоҷик Муҳаммадшоҳ Искандаров аз ҷониби макомоти амниятӣ барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст. Ин расонаҳо таҳти унвони “Тиҷорати хонаводагии маводи мухаддири Муҳаммадшоҳ Искандаров” ("Семейный наркобизнес Мухаммадшоха Искандарова") мақолае ба нашр расонида, ӯ ва фарзандҳояшро дар қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Ҷиргатол ба Қирғизистону Қазоқистон ва Русия айбдор намуданд.
"Саропо бӯҳтон аст"
Дар мақолаи мазкур зикр шудааст, ки гӯё фарзандони Муҳаммадшоҳ Искандаров – Қаноатшоҳ ва Амиршоҳ –дар қочоқи маводи муххаддир даст доранд. Муҳаммадшоҳ Искандаров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, гуфт, ин хабарҳо комилан асос надоранд. Ӯ афзуд, феълан наметавонад ба таври расмӣ муфассал бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад, вале гуфт, “ин навиштаҳо саропо буҳтон ҳастанд”.
“Писари ман Қаноатшоҳ аслан наздикӣ ба қочоқи маводи мухаддир надорад. Вай соҳибкор аст ва ба тиҷорат машғул аст. Бубинед, ин расонаҳо то куҷо дурӯғ мегӯянд. Онҳо навиштаанд, ки гӯё писари ман бо номи Амиршоҳ ва бародараш машғули чунин корҳои сиёҳ ҳастанд. Ҳол онки ман фарзанде бо номи Амиршоҳ надорам. Амиршоҳ номи падари ман аст”, - афзуд ӯ.
Мақола чӣ мегӯяд...
Рӯзи 18 октябр вебсайти eurasianews.info бо такя ба манобеи худ иддао кард, ки Муҳаммадшоҳ Искандаров гӯё "дар қочоқи маводи мухаддир даст" ва "канали “Ҷиргатол”-ро таҳти назорат дорад". Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки гӯё ду писари генерал барои роҳ ёфтани маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ба Қирғизистон ва баъдан Қазоқистон саҳм доранд.
Мансубияти ин ду вебсайт, аз ҷумла ҳуввият ҳайати таҳририя, макони нашри онҳо ва ҷузъиёти дигари марбут ба суроғаи вебсайтҳо маълум нест.
Сохторҳои интизомӣ: "ин хел гап нест"
Рӯзи 20 октябр чанд сохтори интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи эҳтимоли боздошти фарзандони генерал Искандаров онҳо ҳеҷ хабаре надоранд. Аз ҷумла, манбае дар додситонии кулли Тоҷикистон қотеона гуфт: "ин хел гап нест, ҳамааш дурӯғ аст".
Як мақоми дигари интизомӣ гуфт, ки хабари даст ба қочоқи маводи мухаддир задани як генерал ва корманди баланпояи полиси Тоҷикистон "кори саҳл нест". Вай гуфт, эҳтимолан душманҳои Искандаров дар пушти ин матлаб истодаанд ва бо ҳадафи сиёҳ кардани ӯ ба ин кор даст задаанд.
"Ман кайҳо шуд ба матбуоти интернетӣ бовар надорам"
Зимнан, худи Муҳаммадшоҳ Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ки хабари нашри матлабро зоҳиран бори аввал мешунид, гуфт, "ман барои ҳамин кайҳо шуд ба матбуоти интернетӣ бовар надорам, чунки бисёр шудааст, ки гапҳои дурӯғро чоп мекунанд". Искандаров гуфт, ки сари кору вазифа аст ва фарзандонаш ҳам аз паи кору рӯзгори худ мебошанд.
бо изҳори тааҷҷуб гуфт, аслан намедонад чаро дар бораи ӯ чунин ҳарфҳоро навиштаанд. Вай гуфт, агар ин хабар дуруст мебуд, ҳатман мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ҷараён мегузоштаанд ва мавриди пурсуҷӯ қарор медоданд.
Муҳаммадшоҳ Искандаров 49 сол дошта, бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3 декабри соли 2013 аз мақоми муовини сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт ба вазифаи раиси пулиси шаҳри Турсунзода таъйин шуд. Собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин соли 1997 созишномаи сулҳи ҳукмат ва мухолифонро имзо кард ва ба кор дар сохторҳои полиси ҳукуматӣ гузашт. Соли 1998 баъди ба қаламрави вилояти Суғд ворид шудани полковники саркаш Маҳмуд Худойберидев исми ӯ маъруф шуд. Соли 2012 дар пайи амалиёти низомии Хоруғ ва пахши гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ дар водии Рашт (2010-2011), рутбаи генерал-майорро гирифт.
Бо ордени "Спитамен" ва "Шараф"-и дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Яке аз охирин намояндагони собиқ мухолифини тоҷик аст, ки дар мақоми баланди давлатӣ кор мекунад.