Таҳқиқ: Миллионҳо доллар фоидаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон

Бахши узбекии Радиои Озодӣ, Рийн Аляс ва Элитса Симеонова

Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ даҳҳо миллион зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистонро ба буҷаи давлат ошкор кард. Сухан дар бораи Ultimo Group Limited меравад. Ин ширкат аз ҳисоби интиқоли гази табиӣ барои хешовандони Шавкат Мирзиёев ва бозигарони дигар фоида овардааст.

Соли 2023, дар пайи моҷарои камбуди газ барои аҳолии Узбекистон, Мирзиёев ба мақомоти кишвараш дастур дод, ки фасодро дар соҳаи маводи сӯхт ва энержӣ аз байн бибаранд. Ӯ чанд дафъаи дигар таъмини шаффофиятро дар ин бахшҳо тақозо кард.

Узбекистон бо 36 миллион аҳолиаш як кишвари ғанӣ аз газ ба шумор меравад. Аз ин пеш, соли 2019, Шавкат Мирзиёев бо ишора ба даврони ҳукмронии Ислом Каримов гуфта буд, ки "касе ҳақ надорад имрӯз ба мисли гузашта кор кунад... Пинҳонкорӣ, ношаффофӣ, коррупсия, хешутаборбозӣ ба кор кумак намекунанд."

Вале таҳқиқи хабарнигорони "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, маълум кард, ки шарикони як домоди Шавкат Мирзиёев бо ширкати Ultimo Group Limited пайванд доранд. Маҳз ҳамин ширкат чанд сол пеш барандаи қарордоди таъмини газ бо нархи гаронтарин ба ширкати калонтарини истеҳсоли семент дар Узбекистон будааст. Дар ҳоле ки дар гузашта бо чунин кор машғул нашуда, таҷриба надорад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон (дар байн), бо аъзои оилааш. Шаҳри Тошканд, 9-уми июли соли 2023

Бар асоси санадҳое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, ба ҳисобҳои бонкии Ultimo Group Limited барои содироти қариб 1 миллиард метри мукааб газ корхонаи давлатии "Узтрансгаз" зиёда аз 66 миллион доллар гузарондааст. Қисми зиёди ин газро аз Туркманистон овардаанд.

Кори Ultimo Group Limited бино ба як нақшаи бисёр печидаи иртиботи миёни чанд ширкати хориҷӣ – аз Ню-Йорк гирифта то Дубай ва Ҳонгконг – ба роҳ монда шудааст. Ин ширкатҳо асосан бо тиҷорат ва хадамоти маҳсулоти дараҷаи як машғуланд. Мудирони ин шабака шарикони Отабек Умаров – домоди Шавкат Мирзиёев – мебошанд. Отабек Умаров дар соли 2007 бо Шаҳноза Мирзиёева издивоҷ кардааст. Вай як ходими соҳаи варзиш ва муовини раиси Хадамоти амнияти давлатист.

Дар ин силсилаи ширкатҳо шахси марказӣ Азизҷон Комилов аст. Вай президенти Федератсияи ҷудо, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон ва фарди наздик ба Отабек Умаров мебошад.

Таҳқиқоти пешини Радиои Озодӣ собит карда буд, ки шахсони наздик ба Умаров, аз ҷумла як бародари ӯ, бо мадади ҳукумати Мирзиёев ва тавассути сохторҳои печидаи тиҷоратӣ пулҳои ҳангуфте ҷамъ карда тавонистаанд.

Отабек Умаровро дар Узбекистон як шахси калидӣ, аммо паси парда дар миёни элитаи сиёсиву иқтисодии ҳукумат меноманд. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар як таҳқиқаш гуфтааст, “Узбекистон бо мизони баланди фасод, хешутаборбозӣ ва суистифода аз қудрат як кишвари худкома мемонад”. Ин созмон ҳамзамон мегӯяд, дар давраи Мирзиёев “дар роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ пешрафти муайяне ҳосил шудааст”.

Умаров аз рӯйи вазифааш мансабдори сатҳи миёна ба ҳисоб меравад, вале солҳои охир як шахсияти шинохта шудааст: ӯ бо меҳмонҳои баландпояву шайхони араб мулоқот карда, худро ба ҳайси пуштибони варзиш дар Узбекистон намоиш медиҳад. Як далелаш пеш бурдани бренди 7Saber аст, ки ба Умаров рабт дорад ва он дар либоси варзишгарони олимпии Узбекистон рӯшан дида мешавад. Ин рамз аз соли 2021 ба чархиш даромад ва ширкатро ба таври мустақим бо гурӯҳи Ultimo Group мепайвандад. Се сол пеш ин ширкат ногаҳон ба як миёнрави қарордодҳои газии Узбекистон табдил шуд.

Аммо маъруфияти ногаҳонии ин ширкат ҳадди ақал аз як ҷиҳат аҷиб ба назар мерасад: бо ин ҳама дастовардҳои молиаш на сомонаи фаъол дорад ва на ҳузури иҷтимоӣ. Як ҳаммолики он дар ҳоли ҳозир зани бознишастаест, ки ҳеч гоҳ ба соҳибкорӣ машғул нашудааст.

Муаллифони таҳқиқоти Радиои Озодӣ барои маълум кардани ин ки ширкат чӣ гуна ба созишномаи бисёрмиллионии газӣ даст ёфт, ба Отабек Умаров, Ultimo Group ва чанд идораву корхонаи давлатии Узбекистон муроҷиат карда, вале ҷавоб нагирифтанд. То лаҳзаи нашри гузориш посухе ба даст наомад. Муроҷиати хатӣ ба маъмурияти Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бепосух монд.

СОЗИШИ ПУРАСРОРИ ГАЗӢ

Ширкати Ultimo Group Limited дар моҳи марти соли 2021 бо сармояи 9500 доллар дар шаҳри Тошканди Узбекистон номнавис шудааст. Суроғаи ҳуқуқиаш як манзили истиқоматист. Ҳаммоликони он

  • Дилёр Қаюмов, узви гурӯҳи ҷонибдорони Шавкат Мирзиёев дар хориҷа;
  • Тӯҳфат Анвархӯҷаев, писари корманди пешини Хадамоти амният ва бародарзодаи сафири ҳозираи Узбекистон дар Туркия

ҳастанд.

Ҳеч яке аз онҳо ба ҳайси соҳибмулки ин ширкатҳо номнавис нашудаанд, вале Дилёр Қаюмов дар гузашта дар соҳаи нафту газ кор карда, бо ширкати канадаии RLG International ҳамкорӣ доштааст.

Замони таъсиси Ultimo Group ин ширкат барои “Узбекнефтегаз” дар мавриди истеҳсолоти муассир ба ҳайси мушовир хидмат кардааст. Кори ин ширкат якбора пеш рафт.

Ширкати азимтарини сементбарории Qizilqumsement, ки 86 дарсади саҳмияҳояш он замон дар дасти давлат буд, солҳои 2021 ва 2022 эҳтиёҷи худро ба гази табиӣ дар ҳаҷми 375 миллион метри мукааб пешбинӣ карда буд. Бар асоси қонун, ширкатҳои давлатӣ бояд барои интихоби таъминкунандаи газ тендер эълон кунанд. Ҷузъиёти тендер маълум нест, вале 13-уми апрели соли 2021 Qizilqumsement бо ширкати Ultimo Group созишнома имзо кард. Ин замоне буд, ки аз номнавис шудани ширкати Ultimo Group як ҳафта гузашта буд.

Бар асоси шартҳои созишнома, Ultimo Group вазифадор шуд, ки Qizilqumsement-ро бо 379 миллион метри мукааб гази табиӣ таъмин кунад. Ин миқдор аз эҳтиёҷоти Qizilqumsement каме бештар буда, арзишаш 36,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Инро “Озодлик” бар асоси таҳлили созишномаҳо маълум кардааст.

То он замон корхонаи сементбарорӣ, ки ҳоло хусусӣ карда шудааст, ба ҳайси “корхонаи стратегӣ” газро мустақим аз давлат бо нархи поинтар мехарид. Бо таъсиси Ultimo Group ба ҳайси як миёнрав, ба иттилои “Озодлик”, нархи харидории газ то 50 дарсад афзуд.

Ultimo Group ширкати истеҳсолкунандаи газ набуда, лӯлаеро, ки Qizilqumsement тавассути он газ мегирад, назорат намекунад. Лӯлаи газ ба монополисти давлатии "Узтрансгаз" марбут аст, ки бар асоси супориши Мирзиёев, вазифааш харидории гази маҳаллӣ ва хориҷӣ ва фурӯши он ба харидорони маҳаллӣ, аз ҷумла Qizilqumsement мебошад.

Qizilqumsement яке аз муассисони Ozsanoatqurilishmateriallari, анҷумани истеҳсолгарони маҳсулоти бинокорӣ, мебошад, ки бо дастури Мирзиёев соли 2019 таъсис шуда, ; қароргоҳаш дар ҳамсоягии суроғаи ҳуқуқии Ultimo Group мебошад. Бар асоси як маълумоти Бозори авроқи гаронбаҳои Лондон дар мавриди Uzbekneftegaz аз ноябри соли 2021, яъне ҳамон соле, ки Ultimo Group бо Qizilqumsement созишнома имзо кард, Uztransgaz ба Ozsanoatqurilishmateriallari ва “шарикони дигари стратегӣ дар соҳаи саноат” бо нархи 63 доллар барои ҳар 1000 метри мукааб газ мефурӯхт.

Бар асоси ин нарх соли 2021 агар газро на аз Ultimo Group, балки аз Uztransgaz мехарид, имкон дошт, ки Qizilqumsement тахминан 10 миллион доллар сарфа мекард. Ultimo Group ҳар 1000 метр мукааб газро бо маблағи аз 95 то 145 доллар мефурӯхт.

Маълум нест, чаро Qizilqumsement газро аз як миёнарав харида, пули бештар сарф кардааст, чун бар асоси дастури Мирзиёев аз соли 2019 Uztransgaz танҳо таъминкунандаи мустақими гази табиӣ барои истеъмолгарони калидӣ ба ҳисоб мерафт. Ба суолҳои “Озодлик” на дар ин ширкат ва на дар Ultimo Group ҷавоб надоданд.

Қарори ҳукумати Узбекистон аз соли 2021, ки ҳамчун асоси созишномаи миёни Qizilqumsement ва Ultimo Group ёд шудааст, метавонист асли матлабро рӯшан кунад. Вале дар созишномае, ки матни онро “Озодлик” аз бойгонии сомонаи тендерҳои давлатии Узбекистон дастрас намуд, исми қарор пок карда шудааст.

Суоле, ки беҷавоб мемонад, ин аст, ки даромади ширкати Ultimo Group аз созиш бо Qizilqumsement чӣ қадар будааст? Бар асоси санадҳои бонкиву гумрукие, ки “Озодлик” онҳоро омӯхт, Ultimo Group аз ҳисоби созишҳои газӣ даҳҳо миллион доллар маблағро дар гардиш нигоҳ доштааст.

Аз моҳи апрели соли 2021 то марти соли 2022 Ultimo Group аз Туркманистони ҳамсоя беш аз 955 миллион метри мукааб газро тавассути ширкати Turkmengaz ворид кардааст ва санадҳои гумрукӣ ҳам ба ин ишора мекунанд. Нархи умумиаш 88,5 миллион доллар навишта шудааст. Бар асоси созишнома, Ultimo Group ҳар ҳазор метри мукааб гази туркманиро соли 2021 бо наз архи 69 то 106 доллар ва соли 2022 бо нархи аз 100 то 116 доллар харида, соли 2022 ба Qizilqumsement бо нархи аз 95 то 145 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб фурӯхтааст.

Худи ҳамон сол Uztransgaz, ки тавассути лӯлаи ин ширкат гази туркманӣ ба Узбекистон ворид мешуд, ба Ultimo Group даҳҳо миллион доллар пардохт кардааст. Бар асоси ҳисобҳои бонкӣ, ки дар ихтиёри бахши узбекии Радиои Озодӣ қарор доранд, аз январ то сентябри соли 2022 Ultimo Group на камтар аз ҳашт дафъа ва 66,6 миллион доллар дарёфт кардааст. Дар шарҳи пардохтҳо навишта шудааст, ки “ҳаққи пардохти гази табиӣ” бар асоси созиши “34/26-2021”.

“Озодлик” ҷузъиёти ин созишномаро пайдо накард ва муроҷиаташ ба Uztransgaz ва Ultimo Group дар бораи муҳтавои пардохтҳо беҷавоб монд. Муаллифони таҳқиқот ба ҷуз созишнома бо Qizilqumsement, содироти тахминан ним миллиард метри мукааб гази туркманӣ ва пардохти 66 миллион доллар аз тарафи Uztransgaz дар бораи фаъолияти дигари тиҷоратии ширкати Ultimo Group маълумоте ба даст наовард.

АЗИЗҶОН КОМИЛОВ ВА МУРҒҲОИ БАЛАНДПАРВОЗ

Баъд аз он ки Азизҷон Комилов раҳбарии Федератсияи ҷудои Узбекистонро ба уҳда гирифт, ӯ чанд бор шарики кории Отабек Умаров гардид. Умаров ва Комилов, ки таблиғгари навъҳои варзиши муҳорибавӣ дар Узбекистон ҳастанд, бисёр вақт бо ҳам сайру сафар мекунанд.

Дар ихтиёри Радиои Озодӣ як аксе ҳаст, ки дар он Комилов ва Тӯҳфат Анвархӯҷаев, молики 50 дарсади саҳмияҳои Ultimo Group бо навиштаи “Зодрӯз муборак!” тасвир ёфтаанд. Ин акс ҳоло аз Инстаграм пок карда шудааст.

Ин танҳо машғулияте нест, ки ду нафарро ба ҳам меорад. Имейли ширкати Ultimo Group, ки дар санадҳои ширкат навишта шудааст, ба Беҳрӯз Абдушукуров марбут аст. Ӯ мудири ширкати Falcon Hunting Solutions мебошад. Комилов ин ширкатро соли 2018 таъсис дода, танҳо молики он ба ҳисоб меравад.

Азизҷон Комилов (рост) ва Туҳфат Анвархӯҷаев

Falcon Hunting Solutions ба ташкили шикору саёҳат, инчунин “ҳифзи табиат” ва “ҳифзи гуногунии биологӣ” маъруф аст. Айни замон, ба навиштаи гузориши Бонки Рушди Осиё, ин ширкат барои “оилаҳои салтанатии арабӣ” шикори мурғи ҳубориро ташкил мекунад. Дар миёни муштариҳои он писари амири Дубай шайх Ҳамдан ибн Муҳаммад ибн Рошид Ал-Мактум ҳаст.

Умаров ва Комилов соли 2019 дар ҷашни арӯсии ӯ меҳмон буданд. Худи шайх моҳи октябри соли 2019 барои шикори шоҳин ба Узбекистон сафар кардааст. Чанде баъд аз ин амири Дубай шайх Муҳаммад ибн Рошид ал-Мактум ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуд. Умаров ва Комилов ӯро дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд.

Писари амири Дубай дар қисмати ҷанубу ғарби Узбекистон дар масоҳати 300 гектар бо шикори шоҳин машғул шудааст. Falcon Hunting Solutions ҳамроҳи оилаи амири Дубай барномаи афзоиши саршумори мурғи ҳубориро ба роҳ монданд.

Ғайр аз ин, ширкат дар кори Федератсияи ҷудои Узбекистон, аз ҷумла, сохтмони толорҳо барои машқи ҷудо иштирок мекунад. Ҳадди ақал дар як ҳолат дар маросими ифтитоҳи чунин толор рамзи ширкати Умаров 7Saber намоиш дода шудааст.

Қароргоҳи Falcon Hunting Solutions дар Тошканд дар як маркази корие ҷойгир аст, ки дар он ширкатҳои вобаста ба Комилов, Умаров ва шарикони тиҷоратии онҳову ширкатҳое, ки бо шабакаи Ultimo Group дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рабт доранд, сабтином шудаанд.

Истиқболи амири Дубай Муҳаммад бин Рошид ал-Мактум аз тарафи Умаров (чап) ва Комилов (нафари дувум аз чап), Узбекистон, моҳи октябри соли 2019

"ДУГОНИК"-ҲОИ ШИРКАТ ДАР ДУБАЙ

Моҳи июли соли 2021, чор моҳ баъди таъсиси Ultimo Group дар Узбекистон, ширкате бо номи Ultimo Group FZE дар минтақаи озоди иқтисодии аморати Шарҷа номнавис шуд. Таҳқиқи санадҳо рабт доштани шарикони Умаров ва ширкати Ultimo Group FZE-ро собит мекунад. Ин ширкат бахше аз шабакаи байнулмилалии ширкатҳое аст, ки бо тиҷорати маҳсулоти дараҷаи як, аз ҷумла мошинҳои гаронарзиш машғул мебошад.

Мудир ва соҳибмулки шаҳодатномаи Ultimo Group FZE шаҳрванди Бритониё Росс Коннон мебошад. Дар ин бора феҳристи шаҳодатномаҳои соҳибкорон дар Иморот далолат мекунад. Онро созмони тиҷоратии ғайридавлатии C4ADS дар Вашингтон таҳқиқ карда, сипас дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Коннон худро як “мушовири муштариҳои инфиродӣ” меномад, ки бо ширкатҳо дар бораи хадамоти шаҳрвандии хориҷӣ, ҳаққи иқомат ва хонафурӯшӣ кор мекунад. Ӯ бо Умаров равобити мустақими корӣ дорад.

Коннон дар моҳи июни соли 2021 дар маросими муаррифии либоси рамзи 7Saber ба ҳайси мудири кулли ширкати тиҷоратии Berkeley Square Project Management иштирок кард, чун, ба гуфтаи Умаров, ҳуқуқи соҳибӣ ба бренди мазкурро ба даст овардааст. Умаров дар Инстаграм Коннон ва шарики маҳаллии худ Ораз Абдураззоқовро табрик карда, гуфтааст: “Мо ҳама муваффақиятҳои шуморо пайгирӣ ва кори тими нави шуморо дастгирӣ мекунем”.

Кумитаи олимпии Узбекистон, ки муовини раиси он Азизҷон Комилов, шахси наздик ба Умаров мебошад, аз пайдо шудани “бренди нави миллӣ” истиқбол кард ва як моҳ баъд эълон шуд, ки либоси олимпичиёни Узбекистонро дар бозиҳои зимистонаи Пекин соли 2022 ширкати 7Saber таҳия хоҳад кард.

Росс Коннон (байн) ҳангоми муаррифии 7Saber-и Отабек Умаров, Тошканд, 26-уми июни соли 2021

Коннон ҷойи корашро Berkeley Square Investment меномад, ки бо ширкати бренди 7Saber-ро бадастоварда дар Дубай рабт дорад. Вале журналистон ширкатеро бо чунин ном на дар Лондон ва на дар Дубай пайдо карда натавонистанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғаи ширкат дар ҳардуи ин шаҳр рафтанд, чун моҳи августи соли 2020 дар сомонаи ширкати Berkeley Square Investment навишта шудаанд, вале на изи Коннон ва на ширкатро он ҷо наёфтанд.

Як нафари дигаре ҳам ҳаст, ки бо Ultimo Group FZE ва Умаров, инчунин шабакаи ширкатҳои Ultimo Group робита дорад. Дар саҳифае, ки ба минтақаи иқтисодӣ бахшида шуда он ҷо Ultimo Group FZE сабт шудааст, ду суроғаи имейлӣ зикр шудааст. Яке ба Коннор ва дигараш ба Дониёр Қодиров марбут аст, ки худро “мутахассиси соҳаи маҳсулоти дараҷаи як ва ҷавоҳирот” меномад.

Моҳи майи соли 2023 федератсияи ҷудои Узбекистон акси мақомоти варзишӣ, аз ҷумла Отабек Умаров ва Комиловро аз мулоқоти варзишгарони ҷудо дар Давҳа нашр кард. Дар назди Умаров бо рамзи VIP Дониёр Қодиров истодааст. Ӯ танҳо нафаре аст, ки расман ба идораи варзишии Узбекистон ҳеҷ иртиботе надорад.

Дар Инстаграми Қодиров як навори видеоӣ гузошта шудааст, ки дар он ӯ бо Комилов ва размикори маъруф Ҳабиб Нурмуҳаммадов дида мешавад. Қодиров ба таври мустақим ё ғайримустақим бо дастикам чор ширкати марбут ба Ultimo Group-и сабтшуда дар Узбекистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҳонгконг ва Амрико рабт дорад. Аз ин се ширкат - Rushmore, Boutique Seven ва World Trade Solutions бо соатҳои гаронбаҳо, хадамоти дарбонӣ машғул буда, чорумаш фурӯшандаи мошинҳои дараҷаи як мебошад.

Дар шаҳри Тошканд чанд ширкати Ultimo Group дар як бизнес-сентр суроғаи ҳуқуқӣ доранд, аз ҷумла Falcon Hunting Solutions-и Комилов ва як ширкати дигаре, ки ӯ дар он ҳаммолик ба ҳисоб меравад.

Отабек Умаров (нафари севум аз тарафи рост) ва Дониёр Қодиров (нафари дувум аз тарафи рост), Давҳа, моҳи майи соли 2023

НОПАДИДШАВӢ

Фаъолияти Ultimo Group Limited дар бозори гази Узбекистон, ҳамон гуна, ки ногаҳон се сол пеш пайдо шуд, зуд нопадид гардид. Дар пойгоҳҳои давлатӣ ҳеч маълумоте дар бораи иштироки Ultimo Group дар тендерҳои давлатӣ дигар вуҷуд надорад, ба ҷуз он ки бо арзиши 36 миллион доллар дар соли 2021 бо ширкати Qizilqumsement қарордод имзо карда буд.

Бар асоси санадҳои гумрукӣ, ширкат моҳи марти соли 2022 воридоти гази Туркманистонро хотима дод ва пардохти охирини пул моҳи сентябри ҳамон сол сурат гирифтааст. 20 миллион доллар.

Июли соли 2022 яке аз ҳаммоликони Ultimo Group Дилиёр Қаюмов саҳми 50-дарсадии худро ба модараш Матлуба Қаюмова вогузор намуд. Як соҳибмулки дигари ширкати Ultimo Group Тӯҳфат Анвархӯҷаев саҳми 50-дарсадии худро ҳифз кардааст. Аз оғоз ин ширкат дар хонае сабт шуда буд, ки дар он Қаюмов ва модари ӯ номнавис шудаанд.

Баъдан суроғаи ҳуқуқии Ultimo Group ба Ichan Qala Hotel дар маркази шаҳри Тошканд иваз карда шуд. Ин меҳмонхона бо ширкати узбекистонии K7 Hotel Management рабт дорад, ки танҳо молики он бародари Отабек Умаров - Ойбек Умаров мебошад.

Қаюмов дар Tashkent City Mall дар мақоми раҳбарӣ кор мекунад ва ин маркази тиҷоратӣ зери назари Мирзиёев қарор дорад. Сохтмони онро шабакаи ширкатҳое ба уҳда гирифтааст, ки бо қочоқу пулшӯӣ машғул буда, бо хешовандони президент робита дорад.

Дилиёр Қаюмов дар моҳи март Мирзиёевро бо кори Tashkent City Mall ошно кард. Видеои онро дафтари матбуоти президент ва худи маркази тиҷоратӣ нашр карданд. Дар видео дида мешавад, ки ба Мирзиёев аввал фурӯшгоҳи бренди Умаров 7Saber-ро муаррифӣ мекунанд. Сомонаи ширкати Ultimo Group Limited се сол баъди таъсисёбиаш ҳанӯз фаъол нест.

Дилёр Қаюмов бо Шавкат Мирзиёев ва ҳамроҳонаш. Моҳи марти соли 2024