"Чӣ кор кунем, ба куҷо равем?" Шикояти даҳ муҳоҷири тоҷик аз Магадан

Даҳ муҳоҷири тоҷик мегӯянд, дар Магадан ба “ғуломӣ” афтодаанд

Даҳ муҳоҷири тоҷик дар паёме ба "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадан (Русия) мисли ғулом кор фармуда мешаванд.

Онҳо гуфтанд, дар сардиҳои тоқатфарсо кори вазнин мекунанд, вале на хӯроки хуб доранд ва на маош мегиранд. Соҳиби ферма шиносномаашонро гирифта, ҳузури онҳоро қонунӣ накардааст ва акнун қарор аст, ба ҷуз ду нафар дигарон ихроҷ шаванд.

Сабзалӣ (ном дигар шудааст), яке аз муҳоҷирон, гуфт: "Мо шабона кор мекунем. Аз соати ҳафти бегоҳ то субҳ. Соҳиби мо як беларусӣ аст. Моҳи севум аст, ки кор мекунем, пул намедиҳад. Пул гӯем, ҷанг мекунад."

Номи соҳиби ферма маълум аст. "Мигрант Медиа" борҳо талош кард, бо ӯ тамос гирад ва мавқеашро ба қазия пурсад, вале то ин дам бенатиҷа буд.

Тавре муҳоҷирон мегӯянд, соҳиби ферма дар рӯзи аввал шиносномаи онҳоро гирифта, ваъда додааст, ки корро қонунӣ мекунад, вале накардааст. "Аз Тоҷикистон даҳ кас омадем. Ду нафар патент гирифт, дигарон натавонистанд. Бояд рӯзи 12-уми декабр аз ин ҷо мебаромадем, лекин соҳиби ферма нигоҳ медорад, кор мефармояд," – гуфт Сабзалӣ.

Сафар, муҳоҷири дигар, мегӯяд, "дар Идораи муҳоҷират ба мо гуфта буданд, ки агар рӯзи 12-уми декабр набароед, як сол мешинед." Талошҳои мо барои тамос бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар вилояти Магадан низ бенатиҷа буд. Онҳо ба зангҳои мо ҷавоб надоданд.

Навор дар Инстаграм:

Муҳоҷирон мегӯянд, моҳи октябр бо пешниҳоди як ҳамдеҳаашон аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба ин ҷо барои кор омадаанд. Сабзалӣ гуфт: "Моро ба назди сардори ферма дароварду гуфт, ки хӯрокатон бепул, ҷойи хобатон бепул, якум моҳ 20 ҳазор рубл мегиред, моҳи дуюм 30 ҳазор рубл. Мо дар се моҳ фақат 20 ҳазор рубл гирифтем."

Сабзалӣ мегӯяд, баъдан ба онҳо шарту шароити дигарро фаҳмондаанд: “Агар кор накунӣ, ягон гӯсола ё гов мурад, ба гарданат мезананд. Чӣ кор кунем, куҷо биравем, мо намедонем. Ба куҷо арзу шикоят кунем?”

“Шароити зиндагӣ ва хӯрду хӯроки муҳоҷирон ҳам хуб нест”, -- мегӯяд Сафар. Вай афзуд: "Дар пеши ферма чанд хона ҳаст, як ҳуҷра гирифтаанд, кана дорад. Қандоб мехӯрӣ, тамом. Саҳарӣ, нимрӯзӣ ва шом ягон тушбера дар об меҷӯшонаду медиҳад. Пул надорем, ки чизе харему хӯрем."

Ин муҳоҷирон мегӯянд, амалан дар ҳолати ғуломӣ афтодаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон дархости кумак доранд. Худашон бе шиноснома аз ин ҷо баромада ва бе билет ба Тоҷикистон расида наметавонанд.

Валентина Чупик

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, аз рӯйи қонун бояд мақомоти Русия одамонро аз ғуломӣ раҳо кунанд, вале дар шароити кунунӣ бояд мақомоти Тоҷикистон ғами шаҳрвандони худро хӯранд.

"Воқеият ин аст, ки касе бояд ба Кумитаи тафтишот фишор оварад, то парванда кушояд. Ин осон нахоҳад буд. Азбаски ин воқеа дар як минтақаи хеле дурдаст аст, бадбахтона, мо дар он ҷо умуман касеро надорем. Ягона коре, ки мо карда метавонем, ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунем, то ягон консулро ба он ҷо фиристад,” – хулоса кард ӯ.