Паҳподҳои нахи нурӣ. Шеваи ҷанги Русияву Украина дигар шудааст?

Артиши Украина дар набард бо нерӯҳои ҳавоии Русия теъдоди афзояндаи паҳподҳо ё дронҳоеро мебинанд, ки бо нахи нурӣ ё оптикӣ идора мешаванд ва заданашон ҳам осон нест.

Дронҳоеро, ки бо амвоҷи радиоӣ идора мешаванд, радёбӣ ва аз кор андохтан мумкин аст. Коре, ки бо дронҳои нахи нурӣ карда намешавад. Артиши Украина ҳам ҳоло фанновариҳои ба ин монандро ба кор мебарад, аммо дар ин самт аз Русия ақиб мемонад.

Сергей Бескрестнов, низомии украинӣ, гуфт, "ин дронҳо дар як соат то 60 километр ҳаракат мекунанд, манёвр анҷом медиҳанд ва нахи нурӣ то фосилаи 10 километр пойдор мемонад ва канда намешавад."

Нерӯҳои Украина дар наздикии шаҳри Покровск дронҳоеро озмоиш мекунанд, ки ба нахҳои нозуки нурӣ васл шудаанд.

"Чанд моҳ аст, ки артиши Русия аз паҳподҳои нахи нурӣ истифода мебарад. Бахусус дар вилояти Курск. Ҳеч кас мавҷи видеоии онро ёфта наметавонад. Ба ҷойи мавҷи радиоӣ, паҳподро бо нахе идора мекунанд, ки аз думаш боз мешавад. Абзорҳҳои электронӣ ин дронҳоро аз кор андохта наметавонанд,” – гуфт Роман Паҳулич, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Украина.

Сергей Бескрестнов мегӯяд, нерӯҳои украинӣ қаблан бо роҳҳои ҷангалӣ бехатар ҳаракат мекарданд, “чун ҷангал монеи мавҷҳои радиоӣ мешавад. Ба душман пайдо кардани мову ҳадаф гирифтан дар даруни ҷангал осон набуд, зеро мавҷ гум мешавад.”

Баръакси паҳподҳои маъмулӣ дар паҳподҳои нахи нурӣ, мавҷ дар сатҳи поён ва наздик ба замин ҳам қавӣ мемонад. Бисёре аз онҳо то масофаи 20 километр ба ҳадафашон мерасанд. Печидани нахи онҳо ба чизе ва ё канда шудан, аз хатарҳои асосӣ барои ин навъи паҳподҳост. Нерӯҳои Украина мегӯянд, Русия истифода аз паҳподҳои нахи нуриро бо суръат зиёд мекунад.

Сергей Бескрестнов, низомии украинӣ: “Бар тибқи гузоришҳои ширкатҳои чинӣ, фармоишҳо аз тарафи Русия ҳар моҳ зиёду зиёдтар мешаванд. Онҳо ҳам дронҳои зиёдтар истеҳсол мекунанд ва сабтҳои видеоии мо нишон медиҳад, ки русҳо ин паҳподҳоро дар ҳамаи ҷабҳаҳо истифода мебаранд.”

Украина ҳам барои истеҳсоли ингуна дронҳо дасту по мезанад. “Озмоишҳои аввалини паҳподҳои мо чандон хуб набуданд, чун бо ғалтакҳо ва нахҳои нурӣ мушкилӣ доштем. Озмоишҳои ахир нишон доданд, ки шаш ширкати мо метавонанд, ин навъи дронҳоро истеҳсол кунанд,” – шарҳ дод Сергей Бескрестнов.

Видеоро дар инҷо бинед: