Алим Шерзамонов – раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар ВМБК, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, пешниҳод кардааст, ки дар шароити ба қавли ӯ начандон хуби сиёсӣ фаъолияти ин ҳизби мухолиф муваққатан қатъ карда шавад.
Шерзамонов шароити фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро номусоид номид. Ӯ рӯзи 20-уми август дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити кунунии Тоҷикистон ҳизби сотсиал-демократ натанҳо имкони иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботҳоро надорад, балки наметавонад аъзои воқеияшро ошкор карда, фаъолияти густарда ба роҳ монад.
Алим Шерзамонов: Фазои сиёсиеро, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармост, фазои сиҳат гуфтан номумкин аст. Баъди мамнӯъ шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар ду соли қабл ва фишори афзоянда болои
ҲСДТ бояд фаъолияташро дар Тоҷикистон муваққатан қатъ кунад. Чунки ҳузураш ягон маъно надорад. Ҳизб наметавонад дар интихоботҳои оянда иштирок карда пирӯз шавад
аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, даъвои бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон қимати худро гум кард. Имрӯз, баръакс, дар кишвар тарсу ваҳм ҳукмфармо шудааст. Ягона созмони сиёсие, ки аз ҳизби ҳоким вобаста нест, ҳизби сотсиал-демократ аст, вале ин ҳизб феълан ба таври рӯшод ва густарда фаъолият карда наметавонад.
Радиои Озодӣ: Ба чӣ далел?
Алим Шерзамонов: Ба чанд далел. Аммо пеш аз ҳама ба далели онки аксар аъзо ва ҳаводорони ҳизби мо таҳти фишору таъқиб ҳастанд ва намехоҳанд номашон ошкор шавад. Худи ман ба унвони раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон тайи ду соли охир натанҳо ба мақомоти расмӣ, ҳатто ба мақомоти ҳизб рӯйхати баъзе аъзоро пешниҳод накардам. Мабодо, ки барояшон дардисар эҷод нашавад. Агар онҳо фош шаванд, барои ҳамаашон мушкил пеш меояд. Барои мисол, дар корхонаи хусусӣ кор кунад, роҳбарашро маҷбур мекунанд, то ӯро ҷавоб диҳад. Аз рӯи фикри мақомот, узви мо бояд дар ягон ҷо кор накунад, маош нагирад. Дуввум, ҳар вақту новақт онҳоро ба идораҳои дахлдор даъват карда, мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳанд.
"КОРИ ҲИЗБ ДАР ИН ШАРОИТ МАЪНО НАДОРАД"
Радиои Озодӣ: Он тавр, ки шумо гуфтед, ҳизб ба шакли пурра фаъолият накунад ва аъзояшро фош карда натавонад, дар ҳоли ҳозир миссияаш аз чӣ иборат аст? Ҳифзи сохтори ҳизб?
Алим Шерзамонов: Ҳизб ин ташкилоти коллегиалӣ аст ва ман худ ба худ қарор карда наметавонам. Аммо ба ҳайси як узв дуруст мешуморам, ки ҳизб бояд фаъолияташро дар Тоҷикистон муваққатан қатъ кунад. Чунки ҳузураш ягон маъно надорад. Ҳизб наметавонад дар интихоботҳои оянда иштирок карда пирӯз шавад. Дар гузашта ҳам чунин вазъ буд, аммо он вақт умед буд. Дар гузашта мо ва ҳизби наҳзати исломӣ ду ҳизби мухолиф ба шумор мерафтем ва барои ҳаққи худ талош мекардем. Ҳоло шароит бакуллӣ тағйир кардааст. Бо он тарсу ваҳме, ки эҷод шудааст, агар пагоҳ эълон кунанд, ки дигар ба интихобот дахолат намекунем, мардум омода нестанд озод рафта номзадиашонро бигузоранд. Ба озод буданашон бовар намеояд.
Радиои Озодӣ: Чанде пеш Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ гуфта буд, ки интизор меравад ба зудӣ анҷумани ҳизб баргузор шавад. Оё имкон дорад, ин масъала дар онҷо баррасӣ гардад?
Алим Шерзамонов: Ҳоло масъалаи баргузории анҷуман таҳти суол аст. Шӯрои сиёсӣ чанд дафъа рӯзи баргузории анҷуманро таъин кард, вале дубора ба қафо партофт. Дар ҳадди ақал ду анҷумани ахир, ки то соли 2015 дар Тоҷикистон гузашт, фишор сахт буд. Ман натавониста будам аз вилояти Бадахшон ягон нафарро ҳамчун вакили анҷуман биёрам. Барои ҳамин, танҳо худам рафта меомадам. Имрӯз дар гумон аст, ки дар Тоҷикистон Чапаев пайдо шавад. Манзурамро фаҳмидед. Қаҳрамон кам аст.
Радиои Озодӣ: Дар пайи чунин фишорҳое, ки гуфтед, чӣ қадар аз аъзои шумо расман аз ҳизб хориҷ шуд?
Алим Шерзамонов: Дар вилояти Бадахшон аз соли 2001 то ин дам ҳамагӣ як ё ду нафар аз ҳизби сотсиал-демократ бо ариза хориҷ шудаанд. Аммо ҳар аъзое, ки дар сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои дигар камубеш кор мекунад, аз мо хостааст, ки онҳоро зиёд “реклама” накунем. Мегӯянд, ки "мо аъзои ҳизб ҳастем, вале машҳур нашавем, беҳтар аст.”
Радиои Озодӣ: Дар ин муддат онҳое ҳам буданд, ки ба ҳизби шумо пайвастанд?
Алим Шерзамонов: Албатта, дар вилояти Бадахшон муҳаббати зиёд изҳор карданд. Ба қавле аризаи шифоҳӣ доданд. Аз рӯи муҳаббати онҳо ҳисоб кунем, теъдоди аъзои ҳизби сотсиал-демократ дар вилоят аз 10 то 15 ҳазорро ташкил хоҳад дод. Вале бар асоси санад, беш аз 4 ҳазор узв дорем. Ба далели муҳоҷирати мардум гоҳе ин шумора болову поин мешавад.
"БАЪДИ СУРИЯВУ ИРОҚ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БОЭҲТИЁТ ШУДААСТ"
Радиои Озодӣ: Баъзеҳо шароити ҳозираи Тоҷикистонро ба бунбаст монанд мекунанд. Агар шумо ҳам ба ин назар мувофиқед, фикр мекунед, чунин вазъ чӣ қадар давом хоҳад кард? Муваққатист?
Алим Шерзамонов: Он воқеаҳое, ки боиси пайдо шудани нуқтаҳои доғе ба мисли Сурияву Ироқ ва Украина шуданд, умри режимҳое ба мисли режими Тоҷикистонро дарозтар карданд. Метарсам, ки умри ин низомҳо тӯлонитар аз интизорӣ ва пешбинии таҳлилгарон мешавад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гузашта ба чунин режимҳо фишор меовард, имрӯз хеле боэҳтиёт шудааст. Намехоҳад, ки ягон нуқтаи доғи дигар пайдо шавад.
Радиои Озодӣ: Дар бораи созмонҳои мухолифин дар хориҷа чӣ назар доред? Вазну таъсири онҳоро чигуна арзёбӣ мекунед?
Алим Шерзамонов: Мутаассифона, он созмонҳои ҷамъиятие, ки то солҳои 2010-2015 дар Тоҷикистон фаъол буданд, он расонаҳо ва хабарнигорони фаъол дигар нестанд. Имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан нишоне аз ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ ва матбуоти озод намондааст. Барои онки созмони мухолифин дар хориҷ ба сиёсати дохилии Тоҷикистон таъсир бирасонад, бояд дар дохил “мададкоре” дошта бошад. Вагарна метарсам, созмони мухолифини тоҷик дар хориҷа ба тақдири созмони мухолифини баъзе кишварҳо рӯбарӯ хоҳад шуд, ки сӣ-чиҳил сол дар хориҷа монданд.
ВАҚТЕ ЯК ҲИЗБӢ ДАР ФИКРИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ АСТ
Радиои Озодӣ: Худи шумо ҳам дар хориҷ ҳастед. Чаро аз кишвар рафтед ва чӣ мекунед?
Алим Шерзамонов: Аз кишвар берун рафтам, чун дар дохил нагузоштанд, ки кор карда ризқи худро пайдо намоем. Гуфтем, ки дар ягон ҷо кор кунем ва ризқи хонаводаро ба даст орем. Дигар чӣ кор кунем?
Радиои Озодӣ: Яъне, фақат сабаби иҷтимоӣ буд?
Алим Шерзамонов: Ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо намехоҳам расонаӣ кунам.
Радиои Озодӣ: Ва дар охир. Баъзеҳо мегӯянд, шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле ошкору бепарда мақомотро танқид мекунед ва сиёсатҳои ҳукуматро ба боди мазоҳ мекашед. Бо шумо коре надоранд? Ё фақат дар берун аз кишвар чунин шарҳҳоро менависед?
Алим Шерзамонов: Ман дар Тоҷикистон ҳам аз ин вазнинтар изҳори назар мекардам. Чаро кор надоранд? Аз 12 соате, ки дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маро бозпурсӣ карда буданд, як бахши аъзамаш ба ҳамин изҳори назарҳои ман рабт мегирифт.