Шерхон Салимзода - раиси нави Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз омӯзиши кори бистсолаи ин ниҳод тасмим хоҳад гирифт, ки фаъолияташро аз чӣ оғоз мекунад. Ӯ рӯзи 3 феврал дар суҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, ба ҳар ҳол дар ҷараёни кораш мубориза бо нашъамандӣ ва, ҳамин тавр, қочоқи маводи мухаддирро сахттар хоҳад кард.
Салимзода гуфт, "мо пешгирӣ аз нашъмандӣ ва паҳншавии маводи мухаддирро дар авлавияти кори худ қарор медиҳем. Фаъолияти худро бештар ба он равона мекунем, ки чунин ҳолатҳои номатлуб камтар шаванд."
Ба суоли Озодӣ, ки оё дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ягон барномаи хоси худро дорад? Шерхон Салимзода гуфт, “аввал бо фаъолияти Оҷонсӣ ошно мешавам. Ин фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аст. Инҳо стратегияи худро доштанд. Онро меомӯзам ва агар ба манфиати кор бошад, идома хоҳам дод.”
Ӯ дар идомаи суҳбаташ аз Рустам Назарзода, раҳбари собиқи Оҷонсии зидди маводи мухаддир тавсиф карда ва гуфт, ки ӯ тақрибан бист сол дар ин вазифа кор кардааст. “Ман фикр мекунам, Рустам Назарзода дар ҷодаи ташкил кардану пеш бурдани кори Оҷонсӣ саҳми арзанда дорад. Хидматҳои ӯро раисиҷумҳур хуб қадр кард. Дар зарфи 20 сол дар як сатҳ ва дар як мақомот кор кардан кори ҳар шахс нест,” – афзуд ӯ.
Аммо Салимзода дар бораи кори панҷсолааш дар Додситонии кулл аслан сӯҳбат кардан нахост ва онро “кори алакай гузашта” ном бурд. Ӯ гуфт, беҳтар аст ҳама ба оянда нигаранд ва гузаштаро ба ҳоли худаш монанд: “Аз замони хатми кор пешинаам алакай як сол бештар гузаштааст. Баъд аз он дар Иттифоқҳои касаба кор кардам. Ифтихор дорам, ки тайи қариб як сол дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ раҳбар будам. Он чизе, ки аз дастам омад, барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи коргарон кардам.”
Шерхон Салимзода - раиси Иттифоқҳои касаба ва собиқ додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал бо як фармони раисиҷумҳур раҳбари нави Оҷонсии зидди маводи мухаддир таъин шуд. Салимзода дар ин вазифа генерал Рустам Назарзодаро иваз кард, ки ҳоло дувумӣ бо фармони дигари раисиҷумҳур раҳбари нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардидааст.
Шерхон Салимзода ҳамагӣ як соли қабл аз мақоми додситони кулл барканор ва тайи тақрибан ду моҳи баъди аз вазифа рафтанаш бекор буд. Баъдан, ӯ ба ҳайси раҳбари нави “Профсоюз” ё Иттифоқҳои касаба интихоб гардид.
Он вақт бисёриҳо якбора поин рафтани мақоми Салимзодаро ба танқиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кори ӯ ва зертобеонаш дар як ҷаласаи тобистони соли 2014 рабт доданд. Оқои Раҳмон дар ин ҷаласа аз фаъолияти масъулони Додситонии кулл башиддат интиқод карда, бо ишора ба мошинҳои гаронбаҳо ва хонаҳои бодабдабаи бархе аз онҳо гуфта буд, ки "ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст?"
Шерхон Салимзодаи 59-сола зодаи ноҳияи Темурмалик буда, соли 1979 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои гуногун дар мақомҳои додситони ноҳияи Шӯрообод, раиси шӯъбаи кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон, додситони ноҳияи Фрунзеи вақт ё Синои ҳозира, додситони шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз 30 январи соли 2010 то 24 январи соли 2015 додситони кулли Тоҷикистон буд. Ӯ як муддат ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ фаъолият кардааст.