12 ҳазор донишомӯзи тоҷик ба пешвози Мирзиёев мебароянд. АКС

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистонро дар нахустин сафари расмиаш ба Тоҷикистон 12 ҳазор хонандаи мактаб ва донишҷӯ истиқбол хоҳанд гирифт. Манобеи ҳукуматӣ ва баъзе матбуот дар Тоҷикистону Узбекистон гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд Мирзиёев рӯзи 9-уми март ба Душанбе меояд.

Ин маъракаи бисёр муҳим гуфта шуд ва ҳатто ҷараёни тамринро вазири маориф ва илм назорат мекунад.

Як манбаъ дар ҳукумати пойтахт рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло донишҷӯёну хонандагони мактаб шеваи истиқбол аз президенти Узбекистонро тамрин мекунанд.

"Тамрин асосан аз маҳалли фурудгоҳ то кӯчаи Айнӣ (гардиши фарудгоҳ) ҷараён дорад. Азбаски идомаи роҳи рафтани Мирзиёев ба Қасри Миллат маълум нест, тамрин дар ҷойҳои дигар сурат намегирад. Ҳамаи донишомӯзон дар даст парчам доранд ва, албатта, ба нишони эҳтиром ва пазироӣ даст боло мекунанд", - афзуд манбаъ.

Лаҳзаҳои омодагии донишомӯзон ба пешвози Мирзиёев

Дар гузашта раисони ҷумҳур ва намояндагони кишварҳои хориҷиро дар фурудугоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони ҳукумати Тоҷикистон қабул ва то Қасри Миллат, маҳалли кор ва пазироии президент, роҳнамоӣ мекарданд. Ҳангоми берун омадани онҳо аз фурудгоҳ ва ҳаракаташон ба самти марказ роҳҳо барои чанд дақиқа баста мешуд, аммо ҳеч вақт ҳазорҳо донишҷӯву хонанда ба истиқболашон набаромада буд.

Акс аз Сияршо Ҳоҷиев, корбари Фейсбук

Як донишҷӯи тоҷик, ки ин рӯзҳо дар "маршировка"-и бахшида ба истиқболи Мирзиёев дар Душанбе иштирок дорад, гуфт, ба онҳо дастур шудааст, ки писарон бо куртаву галстук ва духтарон бо либоси миллӣ, аз ҷумла атласу чакан, ҳозир шаванд.

"Ин маъракаи бисёр муҳим гуфта шуд ва ҳатто ҷараёни тамринро вазири маориф ва илм назорат мекунад. Дар ду тарафи роҳ сеқаторӣ донишҷӯёну хонандагон истода, раиси ҷумҳури Узбекистонро "хуш омадед" мегӯянд", - нақл кард мусоҳиби мо.

Ӯ гуфт, қаблан дар чандин "маршировка" иштирок карда, дилгир шудааст, аммо ин дафъа ба хотири равобити беҳтар миёни ду ҳамсояи девор ба девор ҳеч эътирозе накард. Дар мавриди инки оё дар миёни хонандаҳои мактаб хурдсолон низ ҳастанд, ин ҳамсуҳбати мо гуфт, "асосан хонандагони синфҳои болоӣ ҳастанд. Шояд баъзе аз хурдсолон барои шеъру таронахонӣ бошанд, вале ман надидам."

Акс аз Сияршо Ҳоҷиев, корбари Фейсбук

Мақомоти Тоҷикистон низ пинҳон намекунанд, ки сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе муҳим аст. Ҳафтаи гузашта Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ин сафари муқаррарӣ набуда, таърихӣ хоҳад буд. Як гардиши куллӣ дар муносибатҳои неки ду кишвар мешавад".

Охири ҳафта миёни марзи Тоҷикистону Узбекистон 9 гузаргоҳ дубора ба кор оғоз кард

Дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба Душанбе, қарор аст, ҳудуди бист санади ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо шавад, ки яке аз онҳо сабукӣ дар низоми раводид ва сафарҳои бемаҳдудият ба қаламрави якдигар мебошад.

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳадде об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ифтитоҳи ботантанаи гузарогоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон