Шамил Мустақимзода. "Ҳамлавар ба сафорати Тоҷикистон дар Русия" ё "ҷабрдида"? ВИДЕО

Номи Шамил Мустақимзода моҳи ноябри соли 2019 дар амалиёти "Корд" дар сомонаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе зикр шудааст

Пайвандони Шамил Мустақимзода, ҷавони гумонбар ба ҳамла ба як корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия, иттиҳоми мақомотро нисбат ба ӯ "боварнокарданӣ" донистанд.

Масъулони сафорат мегӯянд, ин ҷавон ба як муҳофизи консулгарӣ бо корд ҳамла кардааст. Баръакси ин, Мустақимзода дар наворе дар Ютуб иддао мекунад, ки ӯро дар назди намояндагии расмии Тоҷикистон дар Маскав “сахт заданд”.

Ҷонибҳо чӣ мегӯянд?

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Ҳодиса рӯзи 29-уми март дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия иттифоқ уфтодааст. Як манбаъ дар сафорат рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамлавар дар даст корд дошт ва ба яке аз муҳофизон ҳамла кард. Ҳарчанд имкон наёфт, бо корд бизанад, вале зарари ҷисмонӣ расонд.”

Дар ҳоле ки мақомоти интизомии Русия то ба ҳол ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодаанд, Шамил Мустақимзода дар наворе дар Ютуб иддао кард, ки ӯро барои риш доштан заданд. Иддаое, ки масъулини сафорат инкор мекунанд.

Наворро шаби гузашта чанд муҳоҷири тоҷик, ки ба қавли худашон бо талаби озодии Иззат Амон ба назди бинои сафорат рафта буданд, сабт кардаву дар Ютуб гузоштанд. Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 27-уми март аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд.

Ҷанҷол барои риш?

Яке аз ин ҷавонон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шамил Мустақимзода ҳамроҳи онҳо набуд ва гуё барои гирифтани шиноснома ба сафорат рафта будааст.

“Мо бо талаби озодии Иззат Амон ба назди сафорат рафта будем. Ин ҷавонро зада, аз дари консулгарӣ берун карданд. Сару рӯяш хунолуд буд. Вақте пурсидем, гуфтанд, ки кормандони сафорат аз ӯ талаб кардаанд, ришашро гирад, вале ӯ дашном дода, яке аз кормандони консулгариро задааст. Баъдан ӯро латукӯб карда, аз дари консулгарӣ берун кардаанд. Дар дасташ ягон корд набуд”, -- нақл кард мусоҳиби мо.

Ӯ афзуд, пулис Шомил Мустақимзодаро якҷо бо онҳо ба шуъбаи пулиси ноҳияи Пресненскийи Маскав бурда, баъд аз бозпурсӣ ҷавоб додааст. “Дигар хабар надорем, ки ин ҷавон ҳоло дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад”, -- афзуд ӯ.

“Аз ночорӣ ба Русия рафт”

Дар ҳамин ҳол, пайвандони ҷавони гумонбар дар ҳамла ба корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия дар деҳаи Розиёни Данғара иттиҳоми мақомотро нисбат ба ӯ “боварнокарданӣ” медонанд.

Ҷунайдулло Ғиёсов, амаки Шамил Мустақимзода, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соле пеш бародарзодааш дар шароите, ки ба қавли ӯ, “нони хӯрдан” надоштанд, ба Русия рафт. “Хона надоштанд, дар Душанбе якуним сол дар иҷора менишастанд. Пулашро ман медодам. Рӯзи нек надоштанд, нони хӯрдан надоштанд. Бачаи бад набуд. Кори бадашро надидем. Зӯрашон омад ва ба Русия рафтанд, ки зиндагиашонро беҳтар кунанд”, -- гуфт ӯ.

Ҷунайдулло Ғиёсов мегӯяд, бовар надорад, ки бародарзодааш ба касе ҳамла карда бошад: “Агар касеро ҳам задааст, пас, хеле зӯраш омдаааст, ки чунин кор кунад.” Талошҳои мо барои тамос бо Саидумар Ғиёсов, падари Шамил Мустақимзода, ки дар Русия қарор дорад, натиҷа надод.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шамил Мустақимзода бо ҳамла ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муттаҳам мешавад

Дар кофтукоб ҳаст ё не?

Манобеи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, Шамил Мустақимзода бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҷустуҷӯ мешуд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ накарданд.

Ҳамсӯҳбатони мо дар ин ду ниҳод гуфтанд, ин нафар дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор надошт ва нисбат ба ӯ парванда низ вуҷуд надорад.

Аммо номи ӯ дар сомонаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар моҳи ноябри соли 2019 зикр шудааст. Дар он ҷо навиштаанд, Шамил Мустақимзода 28-сола ва аз ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аст ва дар амалиёти шартии “Корд” дастгир шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз ӯ корд ёфтаанд.

Бори аввал нест, ки ҳамла ба кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия расонаӣ мешавад. Моҳи сентябри соли гузашта, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан, як корманди сафоратро заданд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон муттаҳам шуд.