Шаҳриёр Даминов бо қаиқаш то Олимпиада рафтанист

Шаҳриёр Даминов

Шаҳриёр Даминов ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд, ки дар миёни 500 нафар дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар Португалия иштирок кард.

Шаҳриёр Даминов, сокини 18-солаи Душанбе, ягона варзишгари тоҷик буд, ки дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 36 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати қаиқронии каноэи якнафарӣ дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гуруҳи "В" мақоми аввалро гирифт.

Даминов мегӯяд, "дар ҷамъбасти умумӣ ҳафтум шудам. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 56 давлати дунё, аз ҷумла дар гурӯҳи мо варзишгарон аз 36 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд."

Натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар таърихи ин навъи олимпии варзиш дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст. Ҳамзамон бо ин,

Шаҳриёр бо ин натиҷа ҳаққи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон миёни бузургсолонро ба даст овард, ки рӯзҳои 20-24 август дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад.

Шаҳриёр Даминов орзу дорад, ширкатдори бозиҳои олимпӣ шавад: "Орзуи ягонаи ман ҳамин аст, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардорам ва роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2016-ро ба даст оварам," -- мегӯяд ӯ.

Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронии Тоҷикистон мегӯяд, барои онҳо мусобиқаи имсола хеле муҳим аст. "Аз 4 то 8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия мусобиқаи охирини сол барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 баргузор мешавад. Барои иштирок дар мусобиқоти байналмилалӣ мо 16 варзишгарро омода мекунем, ки бо синну соли мухталиф иштирок мекунанд," -- гуфт ӯ.

Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мақоми сеюм ва медали биринҷии ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Ӯ аз пайравони поягузори мактаби қаиқронии Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов ва шогирдонаш бародарон - Юрий ва Михаил Лобановҳо мебошад. Бародарон Лобановҳо борҳо қаҳрамони ҷаҳон ва Юрий қаҳрамону

ҷоизадори биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар каноэи дунафарӣ шудаанд. Нодир Сафаров мегӯяд, "шароити қаиқҳои мо хуб аст, аз ин ҷиҳат мушкил надорем. Варзишгарон ҳам бисёр болаёқатанд. Аммо мушкили мо дар фасли зимистон аст, ки тақрибан 3 - 3,5 моҳ аз об дурем ва аз машқҳое, ки дар дохили об мешавад, маҳрумем. Агар сарпарастон бошанд ва мисли варзишгарони дигар кишварҳо дар хориҷи кишвар тамрин кунем ва ё ҳадди аққал дар обанбори Сарбанд тамрин кунем, бисёр хуб мешавад."

Мактаби қаиқронии Тоҷикистонро 3 соли ахир Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии худ гирифта ва таъмиру бозсозӣ кардааст. Бар изофаи навъҳои обии варзиш дар маркази варзишӣ, толорҳои воллейболу баскетбол, бадансозӣ ва вазнабардорӣ низ фаъол аст. Аммо, аз ҳама муҳим, Бонки миллӣ ба мактаби варзишӣ 40 қаиқи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии сохти Лаҳистонро тақдим кардааст, ки имкони ҷалбу тамрини наврасону ҷавонон ба қаиқронӣ дар Тоҷикистонро ба маротиб афзоиш дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қаиқрони ҷавони тоҷик орзу дорад, ки ба олимпиадаи Рио де Жанейро роҳхат гирад.