Озори ҷинсӣ дар ҷои кор. Дастдарозии раҳбарон – забонкӯтаҳии занон. ВИДЕО

Акс аз Wikimedia Commons

Дилангез, сокини 25-солаи Душанбе, баъд аз хатми донишгоҳ муддати дароз наметавонист барои худ ҷойи кор пайдо кунад. Дар ниҳоят, вақте дар як ширкати тиҷоратӣ ба кор пазируфта шуд, хеле шод гардид. Бовар дошт, ки метавонад аз рӯи ихтисос кор карда, малакаашро бештар ва роҳашро барои карйера ҳамвор кунад. Аммо кори ӯ дар ин ширкати хусусӣ се моҳ зиёд давом накард.

Албатта, ин занҳоро фаҳмидан мумкин аст. Ба ҷое муроҷиат намекунанд, хусусан барои ба гӯши шавҳару фарзандон, ҳаққу ҳамсоя нарасидани овозаҳо. Андеша мекунанд, бо ихтиёри худ аз кор рафтан беҳтар аст.

Дар пайи талошҳои раҳбари ширкат барои ҳамхобагӣ бо ӯ маҷбур шуд аз кор биравад, вале дар ин миён номаш вирди забони мардум шуд. Ӯ рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз рӯзи оғози кор дар тобеияти менеҷери калон будам. Аввал шӯхӣ мекард. Баъд дасташро ба китфам ё миёнам мегузошт. Вақте бори аввал аз миёни ман гирифт, гуфтам, ки дигар чунин корро накунад. Агар танҳо мемондем, талош мекард, маҷбурӣ бибӯсад. Хеле нафратовар буд.”

Дилангез мегӯяд, бо ҳамин далел аз кор рафт, вале баъди муддате фаҳмид, ки дар корхона дар бораи ӯву раҳбар гапу овозаҳои баду бадномкунандае мечархад. Вай мегӯяд, ҳарчанд ба ҳамкорони собиқаш мегӯяд, ҳеҷ гоҳ даъвату пешниҳодҳои шаҳвонии раҳбарро напазируфтааст, касе ба ҳарфи ӯ бовар намекунад. Муҳимтар аз ҳама, Дилангез метарсад, ки ин овозаҳои бадномкунанда метавонад ба нақшаҳои барпо кардани оилааш осеб расонад.

Шикоят ба додгоҳ бенатиҷа буд

Бо инки дар қонунҳои Тоҷикистон барои “ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо истифода аз вазифаи хидматӣ” (моддаи 142) муҷозот пешбинӣ шудааст, шикояти занон барои дастдарозии мардони ҳамкораашон кам иттифоқ меафтад. Соли 2015 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар шаш моҳи он сол танҳо 4 зан аз болои раҳбаронашон барои дастдарозӣ шикоят кардаанд. Шукронаи 32-сола дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ он сол гуфта буд, аз болои дастдарозиҳои ҷияни раҳбари бонке, ки ӯ кор мекард, ба додгоҳ муроҷиат кард. Вале додгоҳ гуфт, далели шайъии амалҳои ғайриахлоқии мардро наёфтааст ва аз ин рӯ парвандаро қатъ мекунад. Шукрона гуфт, дар баробари инки аз кор монд, дар додгоҳ ба ҳадафе нарасид ва дар байни мардум ҳам шарманда шуд.

“Беҳтар буд, пораи хомӯш буданро аз онҳо мегирифтаму аз ин дардисарҳо халос мешудам”, - гуфта буд Шукрона дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ.

Дар чанд соли охир додгоҳҳои Тоҷикистон қазияҳои марбут ба озори ҷинсии занон аз ҷониби рӯҳониёнро баррасӣ кардаанд

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, бисёре аз занони азиятшуда ва қурбони шаҳватпарастиҳои ҳамкоронашон аз тарси беобрӯгии бештар хомӯширо афзал медонанд ва осори талхи таҷрибаи “ишқи” маҷбуриро ба танҳоӣ мекашанд.

"Зӯрам намерасад"

Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқшиносе, ки масъалаи озори шаҳвониро омӯхтааст, мегӯяд, ҳодисаҳои озори ҷинсии бонувони зердаст аз ҷониби раҳбаронашон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нав нест. Тафовут дар ин аст, ки ҳарду ҷониб, асосан занҳо ҳамеша хомӯш мемонанд ва ба ҷое шикоят намекунанд: “Ягона роҳи наҷотро занон дар тарки кор “бо хоҳиши худ” мебинанд. Албатта, ин занҳоро фаҳмидан мумкин аст. Ба ҷое муроҷиат намекунанд, хусусан барои ба гӯши шавҳару фарзандон, ҳаққу ҳамсоя нарасидани овозаҳо. Андеша мекунанд, бо ихтиёри худ аз кор рафтан беҳтар аст.”

Ҳуқуқшинос мегӯяд, заноне, ки озори ҷинсӣ дидаанд, ҳамеша ибораҳои “ӯ раҳбар аст” ва “зӯрам намерасад”-ро пеш меоранд. “Вале сабаби дигар ин аст, ки ба адолат бовар намекунанд”, - афзуд ӯ.

Абдураҳмон Шарифов дар таҷрибаи кории худ занҳои зиёдеро дидааст, ки мегӯянд, баъди як объекти ҳавасхоҳии мардон ва қурбонии фаҳшо шуданашон шунидаанд, ки аъзои дигари ҷомеа, бахусус занҳо худи онҳоро дар рух додани ин ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, дар ҳама ҳолат зан бояд иффату обрӯяшро андеша кунад.

Дилангез ҳам айни чунин интиқодро аз ҳамкоронаш шунидааст: “Ҳатто гуфтаанд ки гӯё ман бо тарзи либоспӯшиам диққати мардҳоро ҷалб мекардаам”.

Робитаи ҷинсӣ - василаи тақвияти мавқеъ дар кор

Ҷомеашиносони дигар мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон пайдо кардани кор мушкил аст ва рақобат барои мутахассисони ҳама соҳа хеле сахт аст. Аз сӯе занону духтарони зиёд маҳз робитаҳои наздики ҷинсӣ бо раҳбар ё як кордиҳандаи дигарро василаи ҳифзи ҷои кори худ мебинанд ва аз беобрӯгӣ намеҳаросанд. Аммо нафарони зиёди дигар дар ин муҳим азият мешаванд.

Дар ҳолати тарки кор кардани занон онҳо андеша мекунанд, ки бояд обрӯи кории худро ҳам ҳифз кунанд, то ки дар ҷои нави корӣ бидуни ба истилоҳ “думҳои беобрӯкунанда” пазируфта шаванд ва онҳоро бо чашми кам ва таҳқир набинанд.

Тимур Тимерханов, як ҳаммуаллифи барномаи ҷамъиятии “Дастрасии занҳо ба маълумоти миёнаю олӣ дар Тоҷикистон” мегӯяд, талоши ҳифзи кору даромад занҳоро аз мубориза барои шарафу номи некашон бозмедорад: “Мутаассифона, аксар вақт овозаҳо дар фазои профессионалӣ исми ин номзад ба корро сиёҳ мекунад. Ва духтарҳо дар ин мавзӯъ хомӯширо ихтиёр мекунанд ва дар натиҷа аз ҷиҳати равонӣ азоб мекашанд”.

Аз мубориза барои ҳақи худ набояд тарсид

Тимур Тимерханов машварат медиҳад, ки занон дар чунин ҳолат набояд хомӯш истанд ва бо кӯмаки ҳуқуқшинос барои ҳифзи ҳуқуқи худ омода бихезанд. Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, ҳолати беҳуқуқии занон дар баробари майлҳои шаҳвонии ҳамкорон ё раҳбари корхона бештар дар идораву корхонаҳои маҳаллӣ ё ширкатҳои хусусӣ мушоҳида мешавад. Раҳбар ё озордиҳанда бовар дорад, ки ин корхона зери назари ӯ қарор дорад ва дар сурат шикояти зан ҳам ҳалли ин қазия дар ихтиёри ӯву ҳуқуқшиносони зердасташ аст.

Дар созмонҳои хориҷӣ, ки аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ кор мекунанд, кодекси ахлоқ ё манъи робитаҳои ҷинсии раҳбару зертобеъ амал мекунад. Дар ҳолати шикояти коргари қаторӣ аз дастдарозиҳои раҳбар шонси пешгирӣ аз ҳодисаи бад бештар аст ва кор то барканории раҳбар аз вазифа мебарад.

Аз сӯи дигар, як коршинос гуфт, вақте аъзои ҷомеа медонанд, ки ба кори одилонаву беғарази мақомоти тафтишотиву судӣ бовар кардан мумкин аст, занҳои озордида ҳам беистиҳола ба дари додгоҳ мераванд. Вале то замоне, ки коррупсияву равобити ғайриқонунӣ амал мекунад, ба ҷавобгарӣ кашидани марди озордиҳанда кори мушкил аст.

ИНЧУНИН ТАМОШО КУНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зери «заррабини» ҳавасҳо