Баъзе ширкатҳои чиноӣ, ки аз тиҷорат дар Тоҷикистон фоидаи ҳангуфт ба даст меоранд, мехоҳанд таваҷҷӯҳи харидори тоҷикро ба маҳсулоти шаҳвонӣ ҷалб кунанд.
Ҳарчанд ҳанӯз иттилои дақиқе дар даст нест, вале гуфта мешавад, "арӯсакҳои инсоннамо" ё “занони маснӯӣ” барои қонеъ кардани хостаҳои шаҳвонӣ дар паси марзи Тоҷикистонанд ва як ширкати чиноӣ мехоҳад, тиҷорати ин навъ “бозичаҳо”-ро ба роҳ монад.
Дар ҳоле, ки бахши умдаи ҷавонони шаҳрнишин ин хабарро бо лабханд қабул ва онро танҳо як роҳи бизнес муаррифӣ карданд, ин хабар бахши муҳофизакори ҷомеаро нороҳат кард. Намояндагони ин қишр мегӯянд, ворид шудани “занони маснӯӣ” метавонад дар бунёди оилаи суннатӣ рахна зада, ахлоқи ҷавононро зери хатар гузорад.
Дар Тоҷикистон мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулоти шаҳвонӣ вуҷуд надорад ва агар вуҷуд ҳам медошт, шояд касе ошкоро ба он ворид намешуд. 90 дар сади аҳолии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд ва зиндагии мардум низ умдатан дар чаҳорчщби талаботи асосии дини Ислом пеш меравад. Ба гуфтаи бозоршиносон, ин омил низ наметавонад пеши роҳи бизнеси қочоқии маҳсулоти шаҳвониро бигирад.Тоҷикистон бо давлати Чин ҳаммарз буда фаъолияти соҳибкорони ин ду кишвар бо суръат рушд мекунад ва имкони бо ҳар роҳ ворид шудани ин маҳсулот аз эҳтимол дур нест.
Аммо рӯҳониён мегӯянд, тиҷорат ва истифодаи "арӯсакҳои маснӯӣ" дар як кишваре, ки 90 дарсадаш мусалмонанд, фасоди ахлоқӣ, бемориҳои равонӣ ва бебанду бориро дар ҷомеа, хусусан миёни ҷавонон эҷод хоҳад кард.
Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик истифода аз ин гуна ба истилоҳ “бозичаҳо”-ро аз нигоҳи дин номумкин медонад. Ба гуфтаи ӯ Худованд ҳар инсонро аз зоти худаш зан ё шавҳар офаридааст, ки истифодаи ғайри он гуноҳ мебошад ва бар пояи ояи мушаххаси Қуръон "зинокорӣ ҳисобида мешавад”.
То кунун баъзе аз давлатҳои исломӣ воридоти чунин маҳсулотро ба кишварҳои худ мамнуъ эълом кардаанд, вале бо ин вуҷуд, ин "озичаҳо" аз роҳи қочоқ вориди бозорҳо шуда бо нархҳои хеле арзон ба фурӯш мераванд.
Далер, як ҷавони тоҷик, воридоти масулоти шаҳвониро хилофи суннатҳои мардуми кишвар медонад, вале мегӯяд, "хариду фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, вале он қочоқ мешавад, чӣ бирасад ба арӯсакҳои резинӣ, ки мо бихоҳем ё не. Ба таври қочоқӣ ворид мекунанд ва пинҳонӣ ба фурӯш мебароранд".
Таҳлилгарон мегӯянд, тиҷорат дар замони мо кам андар кам ба марзҳои ахлоқӣ бовар мекунад. Аз ҷумла Ҷалолиддин Аҳмадов мегӯяд, тавлдикунандагони онҳо "занҳои маснӯӣ"-ро ба авҷи камол расонидаанд, то ҷойе, ки як зани маъмулӣ шояд натавонад бо ӯ дар рақобат шавад.
“Пӯсти чунин арӯсакҳо ба куллӣ ба пӯсти инсон монанд аст, вақте мебинӣ тамоман фарқ карда наметавонӣ. Гап мезанад, барномаи махсус дорад, фаъолияташ густарда буда ҳарфи “не”-ро намедонад. Ниҳоят меҳрубон аст. Мушоҳида мешавад, ки дар оянда низ эҳтимол ин тиҷоратро ба ҳайси ивазкунандаи зан истифода кунанд”.
Аз сӯи дигар, ҷомеашиносон мегӯянд, маълум нест, бо чӣ роҳ метавон аз вуруди “бозичаҳо”-и шаҳвонӣ ба кишвар пешгирӣ кард, зеро онҳо ба сурати умум мол ба шумор мераванд ва тавлидгаронашон мегӯянд, ҳадафашон башардӯстона аст, яъне ҳалли мушкили онҳое, ки бо роҳи дигар наметавонанд, ҳисси шаҳвонии худро қонеъ кунанд.