Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2013 дар маҷмӯъ 679 мавриди харидуфӯрӯши инсон сабт шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар аст.
Маҳбуба Азимова, сухангӯи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 5 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин ҷумла 72 нафар зану духтар ва 25 нафар ноболиғон мебошанд. Масъулон омили асосӣ дар ин амрро ба сатҳи пасти огоҳӣ ва ҳуқуқиву маърифатии занону духтарон рабт медиҳанд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта як ҷаласаи вижа дар мавзӯъи «Ҷилавгирӣ аз қоҷоқи инсон дар Тоҷикистон» барпо кард. Дар ин нишаст таъкид шуда буд, ки занон бештар фирефтаи ваъдаи қочоқбарони кишварҳои арабӣ гашта, дар он ҷо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон талош ба ин аст, ки аз чунин ҳодисаҳо пешгирӣ шавад.
Соли гузашта як мавриди ҳодисаи харидуфурӯши инсон дар шаҳри Хуҷанд ҷилавгирӣ шудааст. Гуфта мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистон мехост ду зани тоҷикро ҳамчун қочоқ ба берун аз қаламрави Тоҷикистон берун барад, вале аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.
Дар нишасти «Ҷилавгирӣ аз қоҷоқи инсон дар Тоҷикистон» Амороти Муттаҳидаи Араб, Русия, қисман Чин ва кишварҳои Афғонистону Эрон аз ҷумлаи масирҳои асосии қочоқи атбоъи Тоҷикистон ном бурда шуд. Дар ҳамон ҳамоиш Барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон барои солҳои 2013 - 2015 низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аммо бо вуҷуди иқдомоти Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ талошҳои ин кишварро дар мубориза бо қочоқи инсон нокофӣ медонанд. Дар гузориши солонаи ҳуқуқи башари Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико таъкид шудааст, ки "иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои маҳдудтарини мубориза бо қочоқи инсон нестанд, вале мақомот дар ин самт талошҳои ҷиддӣ пиёда мекунанд." Бино ба ин гузориш, ҳамчунон Тоҷикистон ба ташхиси расмии қурбониҳои қочоқ ниёз доштаааст ва бояд василаи гузоштани фарқ миёни қурбониҳои қочоқи ҷинсӣ ва фаҳшоро муқаррар намояд, то қурбониҳои қочоқ ҳамчун фоҳиша муҷозот нашаванд.
Муаллифони гузориш хотиррасон кардаанд, ки дар соли 2012 дар Тоҷикистон танҳо се фарди масъул дар қочоқи инсон ва кори иҷборӣ муҷозот шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад