Дар Тоҷикистон бештар аз 70 дарсади корбарони фаъоли Интернет мардҳо ҳастанд, занону духтарон ҳатто 30 дарсадро ҳам ташкил намекунанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар истифодаи интернет ва дигар фанновариҳои иттилооотӣ занон аз мардон ақиб мемонанд ва ин нобаробарӣ бояд мояи нигаронии амиқ бошад. Дар гузориши бузурге дар бораи дастрасии занон ба интернет, ки ахиран Барномаи Рушди Созмони Милал нашр кард, омадааст, корбарони зан нисбат ба корбарони мард 200 миллион нафар камтар ҳастанд. Ҳоло дар саросари ҷаҳон аз ҳисоби 2 миллиарду 800 миллион корбарони Интернет, якуним миллиард нафари онҳо мардон ҳастанд ва як миллиарду 300 ҳазор миллион корбари дигар занону духтарон ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи Созмони Милал, агар ба ин масъала аз ҳоло расидагӣ нашавад, мумкин аст ин тафовут дар се соли оянда ба 350 миллион нафар бирасад.
Паул Замбрано мушовири аршади масоили фанновариҳои навин дар Барномаи Рушди Созмони Милал ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дастрасии занон ба фанновариҳои мухобиротӣ барои беҳбуди зиндагии мардуми саросари дунё
бисёр муҳим аст, бояд сари ин масъала андеша кард: “Дастрасии занон ба фанновариҳои мухобиротӣ аз ду ҷиҳат муҳим аст, аввал аз назари ҳуқуқи инсон, чунки бар асоси усули ҳуқуқи башар занон низ мисли мардон дастрасии баробар ба фанновариҳои мухобиротӣ дошта бошанд. Дуввум аз назари иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим мебошад, зеро собит шудааст, ки занон низ метавонанд, ҷойҳои кории нав корхонаҳои нав биёфаранд ва дар рушди иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат кунанд. “
Бино ба гузориши Созмони Милал, занҳо на танҳо ба Интернет камтар дастрасӣ доранд, балки назар ба мардон аз компютеру телефонҳои ҳамроҳ камтар истифода мекунанд. Чунин тафовут дар кишварҳои мутаррақӣ зиёд нест, аммо дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла дар хонаводаҳои мамолики африқоӣ аввал мардҳо ҳақ доштаанд, ки аз компютер истифода кунанд. Паул Замбрано мегӯяд: “Оморҳо баёнгари воқеъият аст. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд нобаробарии дастрасӣ ба фанновариҳои мухобиротӣ бисёр зиёд аст ва аз 40 то 44 дар садро ташкил медиҳад. Дар ин кишварҳо ба ҳисоби миёна ҳар шаш мард ва ҳар чаҳор зан ба Интернет дастрасӣ доранд.”
Дигар ин ки ба ҳисоби миёна дар саросари ҷаҳон шанси занон барои гирифтани телефони ҳамроҳ 21 дар сад камтар будааст, яъне занҳо ҳоло занон дар дунё дар муқоиса ба мардҳо 300 миллион телефони ҳамроҳ камтар доштаанд. Дар Тоҷикистон ҳам вазъ чунин аст ва аксаран писарон соҳиби телефони ҳамроҳу интернет ҳастанд ва духтарон соҳиби “ҷорубу, сатил”.
Қаҳрамон Бақозода, мудири “Зеркало”, муассисаи таҳқиқи афкори умум мегӯяд, назарсанҷии тозаи онҳо ин тамоюли манфиро дар Тоҷикистон ҳам нишон додааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби 24 дар сад корбарони фаъоли Интернет дар Тоҷикистон аксарият мардон ҳастанд: “Мутаасифона ҳамин хел шуда истодааст, ки аз байни 24 фоиз аксарияти куллашон мардҳо мебошанд, яъне ки 73 фоизи истифодабарандагони интернет мардҳо ҳастанд ва 27 фоизаш духтарҳо, ки ин ҳам як масъалаи ташвишовар аст. Ҳамин хел тасвир ба назар меояд, ки мардҳо ҳамеша нишаста дар Интернет кор мекунанд ва занҳо кори хона.”
Як пажӯҳиши Бунёди Сорос низ маълум кардааст, ки соли 2012 корбарони Интернет аз ҳисоби мардон дар Тоҷикистон 60 дар сад ва аз ҳисоби занон камтар аз 40 садро ташкил медиҳад. То соли 2010 корбарони Интернет аз ҳисоби занону духтарони тоҷик 41 дар садро ташкил медодааст ва аз ҳисоби мардон 59 дар садро. Дар гузориши Созмони Милал ҳамчунин омадааст, ки теъдоди духтарони барномасозу муҳандисони фанновариҳои навин дар ҷаҳон кам аст ва дар кишварҳои дар ҳоли рушд танҳо 20 дар сади коргарони ин арса духтарон ҳастанд.
Созмони Милал дар ин гузориш барои рафъи ин камбудӣ 5 тавсия додааст ва дутои онро Паул Замбрано чунин шарҳ дод: “Аввал ин ки мо бояд сиёсати баробарии гендериро бо сиёсати рушди фанновариҳои мухобиротӣ пайванд диҳем. Дар бисёре аз кишварҳо ин сиёсатҳо алоҳида ба роҳ монда шудааст ва ҳар кишвареро, ки нагирем, масъулони соҳаи фанновариҳои навин бо масъулони сиёсати гендерӣ суҳбат намекунанд. Афроде, ки барои сиёсати гендерӣ кор мекунанд, фанновариҳои мухобиротиро муҳим намешуморанд. Ва баръакс афроди арсаи фанновариҳои мухобиротӣ сиёсати гендериро намефаҳманд. Мо бояд ин ду бахшро дар сатҳи олӣ ба ҳам васл кунем. Дигар ин ки мо бояд қобилияти духтаронро барои кор дар соҳаи фанновариҳои мухобиротӣ боло барем. Чунки дар арсаи фанновариҳои мухобиротӣ дар миёни ҳар 8 мард як ё 2 духтар кор мекунад. Ман дар нишастҳои зиёде дар бораи фанновариҳои мухобиротӣ ширкат кардаам ва аксари ҳозирони он мардҳо будаанд. Теъдоди барномасозон низ аз ҳисоби занҳо бисёр кам аст. Мо бояд ин масъаларо низ ҳал кунем."
Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дар бахшҳои фанновариҳои навин низ аксарият писаронанд ва масалан дар як гурӯҳи 25 нафарӣ, теъдоди духтаронро ба ангушт метавон ҳисоб кард.