"Ҳафтнун" ва ё ҳафт Наврӯзи Тоҷикистон

Ҳафт Наврӯзи Тоҷикистон

Наврӯз Ҳасанов рӯзи 19 марти соли 1992 дар остонаи Наврӯз дар Ховалинг ба дунё омадааст ва аммаи азизаш ин номи зеборо ба ӯ гузоштааст. Наврӯз мегӯяд: “номам ба худам хело маъқул ва бо номам мефахрам.” Ҳар сол Наврӯзро, ки “беҳтарин ҷашн аст”, таҷлил мекунам. Наврӯз, ки 22 сола мешавад, факултаи муҳосиба ва молияи Донишгоҳи аграриро хатм кардааст, ҳоло бекор аст, вале мехоҳад, дар кумитаи гумрук кор кунад. Мо ӯро дар Фейсбук пайдо кардем.

Наврӯз Сафаров 20 марти соли 1997 дар Душанбе таваллуд шудааст ва бо шарофати падараш номи “Наврӯз”-ро гирифтааст. Номаш ба худаш “албатта маъқул” аст. Ҳоло муҳассили мактаби миёна аст ва мехоҳад, ҳуқуқшинос шавад. Соли нави хуршедӣ ва ё Наврӯзро ҳар сол таҷлил мекунад. Дар яке аз кӯчаҳои "В Контакте" ба ӯ вохӯрдем.

Наврӯз Шералӣ на 19 ва 20, балки 21-уми март ва дар Панҷакент таваллуд шудааст ва модараш ба ӯ чунин ном гузоштааст.  Худаш мегӯяд: "Ба фикрам аз ин номи беҳтар барои ман вуҷуд надорад, зеро ман дар рӯзи Наврӯз таваллуд шудаам. Наврӯз барои ман ҳам иди аҷдодонамон ва ҳам рӯзи зодрӯз аст ва ман бо хушнудӣ онро ҳар сол ҷашн мегирам. Рӯзи 21-уми марти соли 1991 таваллуд шудаам, 22-сола ҳастам. Дар шаҳри Томски Русия дар магистратура мехонам, забоншинос ҳастам ва омӯзгори забони олмонӣ. " Ӯ низ дар "В Контакте" мегашт.

Наврӯз Абдуализода аз шаҳри Турсунзода аст ва ӯро ба гуфтаи худаш волидонаш ”ба таври автоматӣ” ном гузоштаанд, зеро дар рӯзи 21 март таваллуд шудааст. Номи бародарони Наврӯз ҳамқофияи номи худаш, яъне Беҳрӯз ва Фирӯз аст. Наврӯз зодаи соли 1992 буда, ҳоло дар Қазоқистон дар Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорат таҳсил мекунад ва Наврӯзи 22-юми худро дар ҳаминҷо ҷашн мегирад. Дар "В Контакте" буд ва саломи моро бе алейк нагузошт.

Наврӯз Абдураҳмон аз Душанбест, вале имсол Наврӯзро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷашн мегирад. Дар як рӯзи зебои баҳорӣ ва 23-уми марти соли 1993, ба дунё омадааст ва бобояш ӯро Наврӯз ном гузоштааст. Бисту як Наврӯзро дидааст ва дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ кор мекунад. Номаш ба худаш писанд аст ва ҳар сол ду рӯз пас аз Наврӯз зодрӯзашро ҳам ҷашн мегирад. Дар Фейсбук рафиқ шудем.

Наврӯз Раҷабов аз Қӯрғонтеппа аст ва баръакси дигар Наврӯзҳо, рӯзи 6 апрели соли 1987 ба дунё омадааст ва волидонаш, “педагогҳои замони шӯравӣ" Наврӯзаш ном ниҳоданд.  Ӯ мегӯяд: «Номам ба худам маъқул, на фақат барои он ки ин ном ифодагари тоҷик буданам ва яке аз идҳои бузурги халқамон ҳаст, аммо ин ном аз ҷиҳати динамон на он қадар хуб аст. Иншоаллоҳ номи Абдулло ва ё Абдураҳимро низ қабул кунам! Ин маънои онро надорад ки ман аз номи худам даст мекашам. Албатта Наврӯзро ҷашн мегирем. Дар Тоҷикистон ҳамин қадар иди хуб мондааст, ба истиснои Иди Қурбон ва Рамазон. Шашуми апрел ба 27 қадам мегузорам. Наврӯз устоди варзиш дар «паркур», як равияи нав дар варзиш аст ва дар як ширкати провайдери мобилӣ ва Интернет кор мекунад. Дар "В Контаке" хонаи маҷозӣ дорад.

Наврӯз Одинаев, дар Фархори дурдаст ба дунё омадааст, вале имсол зодрӯзу ҷашнашро дар Маскав таҷлил мекунад. Ин Наврӯзро, ки 23 марти соли 1988 таваллуд шудааст, падараш бо муҳаббати зиёд нисбат ба ин ид ном ниҳодааст. Наврӯз, ки ҳоло дар Маскав ба ҳайси ошпаз кор мекунад, аз падараш сипосгузор аст, ки чунин номи хубро ба ӯ додааст. Мегӯяд, ки барои Наврӯз ва зодрӯзаш ҳар сол ин моҳро интизор мешавад. Бо рафиқонаш дар Одноклассники ҳаст ва аз байни чандин нафар розӣ шуд, яке аз ҳафт Наврӯз бошад.

Агар шумо ҳам Наврӯз ном доред, як акси хуби худро бо посух ба ин суолҳо бифристед:
Шуморо кӣ Наврӯз ном гузошт?
Кай ва дар куҷо таваллуд шудаед?
Оё номатон ба худатон писанд аст?
Наврӯзро ҷашн мегиред?
Аксу иттилоъро ба имейли мо ба tajik@rferl.org бифристед
Худро дар инҷо хоҳед дид дар сафи Наврӯзҳои дигар:
http://www.ozodi.org/media/photogallery/25302233.html?nocache=1