Боздошти 7 бангладешӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. ВИДЕО

Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд. Насимҷон Носиров, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 2133-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, рӯзи 27 январ гуфт, ин афрод ҳангоми кӯшиши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуда, ҳоло нисбат ба онҳо тафтишот оғоз гардидааст. "Тафтиши пешакӣ шаҳодат ба он мекунад, ки боздоштшудаҳо мехостанд тавассути хоки Тоҷикистон гузашта, ба ҷангҷӯён дар хоки Афғонистон пайванданд", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти 7 бангладешӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Тобистони соли 2014 як шаҳрванди Ироқ ҳангоми убури марз аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик боздошт шуда буд.
Насимҷон Носиров гуфт, боздошти ин гумонбарон рӯзи 9 январи имсол дар натиҷаи як амалиёт сурат гирифтааст. Вай афзуд, "баррасии парванда дар дасти масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст" ва дар сурати таъйиди айбашон аз тарафи додгоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар гузашта як шаҳрванди Ироқ ҳам боздошт шудааст

Дар ҳоле ки тафсилоти бештари қазияи боздошти бангладешиҳо дар даст нест, саволҳои зиёде дар мавриди ин афрод феълан беҷавоб мемонад. Аз ҷумла, ҳуввият ва машғулияти онҳо, чӣ гуна вориди Тоҷикистон шуданашон, ниятҳои онҳо дар Афғонистон ва ғайра. Ҳанӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба ин саволҳо посух намедиҳанд.

Насимҷон Носиров

Аммо бори аввал нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон боздошт мешаванд. Тобистони соли 2014 як шаҳрванди Ироқ ҳангоми убури марз аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик боздошт шуда буд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ он замон дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ироқ Абдуллоҳ ибни Аҳмад ал-Арабияро ҳангоми убури марзи давлатии Тоҷикистон боздошт карда буданд.

Ошкору боздошти 50 кило нашъа дар оғози соли 2017

​Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар оғози соли 2017 аллакай чанд ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ҳам сабт кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ду сокини шаҳри Кӯлоб бо ин ҷурм боздошт шудаанд. 50 кило маводи мухаддир ва ҳам як силоҳ дар як амалиёти моҳи январ мусодира шуда, чор қочоқбари афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ безарар карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистон 583 кило маводи мухаддир мусодира шуда, 14 қочоқбар ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ва задухӯрди мусаллаҳона нобуд гардидаанд. Илова бар ин, 12 шаҳрванди Афғонистон, ки ба корҳои хоҷагидорӣ дар хатти сарҳад машғул буданд, аз сӯи сарҳадбонони тоҷик боздошт ва тибқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба намояндагони сарҳадбонони афғон таслим карда шудаанд.

1400 километр марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд. Минтақаҳои шимоли Афғонистон дар чанд соли ахир саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии афғон ва гурӯҳи Толибон мебошад.