Сертификати бокирагӣ - иҷозат барои арӯсии ҷавонон

Тайи як соли охир ба Маркази экспертизаи судии тиббии вилояти Хатлон наздики 25 нафар барои тасдиқи бокирагии худ муроҷиат кардаанд.

Як ҷавони 24-солае аз ноҳияи Бохтар, ки худро бо номи рамзии Ҷовид муаррифӣ кард, мегӯяд, волидонаш дастикам 5 ҳазор доллари амрикоӣ барои тӯйи домодиаш сарф карда, арӯсеро овардаанд, ки ба истилоҳ, «нодухтар» будааст.

Субҳи рӯзи дигар Ҷовид ҳамсари тоза ба никоҳ даровардаашро раҳо ва эълон кард, ки бо ӯ зиндагии муштарак доштан намехоҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки волидони арӯс ба покдомании духтари худ таъкид карда, бокирагии ӯро тавассути экспертизаи судии тиббӣ исбот намудаанд. Мавҷуда Шарифова, раҳбари маркази бӯҳронии созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ», дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз ин қазия огоҳ аст, гуфт:


«Писару духтар хешу табор буданд ва писар соҳиби маълумоти олӣ. Субҳ хеста мегӯяд, ки арӯсаш бокира нест. Хешовандони духтар ба хонаи домод баргашта, ӯро ба экспертизаи судии тиббӣ мебаранд. Коршиноси маркази экспертиза пас аз ташхис мегӯяд, ки ин духтар ҳанӯз бокира аст ва ба ӯ касе даст нарасонидааст. Аммо домод пойфишорӣ карда, мегӯяд, ки мард ҳастам ва медонам. Даъво мекунад, ки хешовандони арӯс одамони сарватманданд ва маълумотномаи маркази экспертизаи судии тиббӣ дар бораи бокирагии духтар харида шуда, қалбакист. Ҳамин тавр, ин оила вайрон шуд».


Намояндаи ин созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, агар ҷавондухтарон қабл аз издивоҷ аз муоинаи судии тиббӣ гузашта, барои худ маълумотнома ё ба истилоҳ, «справкаи тасдиқкунандаи бокирагӣ» дарёфт кунанд, мавриди тавҳин қарор нахоҳанд гирифт.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати ноҳияи Бохтар аз ҳукумати марказии Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи ҳатмӣ будани муоинаи тиббии арӯсу домодшавандаҳо қарори расмиеро ба тасвиб расонад.


Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, гуфт, ин амр мизони азҳампошии оилаҳоро коҳиш дода, барои таҳкими пояҳои оила ва устувории муносибати ҷуфтҳо мусоидат хоҳад кард.



Абдуалим Исмоилов

А. Исмоилов: «Хуб мешуд, ки пеш аз ақди никоҳи расмӣ писару духтар дар шоҳидии волидони худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Комилан дуруст мешуд, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори дахлдоре қабул шавад. Дар он сурат мақомоти САҲШ қабл аз бақайдгирии никоҳи ҷавонон маълумотномаи тиббии номзадҳоро талаб мекарданд».


Раиси ноҳияи Бохтар афзуд, агар яке аз сабабҳои муоинаи тиббии қабл аз издивоҷ ҷилавгирӣ аз олудашавии духтарон ба вирус ё эҳтимоли безурётии навҷавонон бошад, ҳамзамон ин амр аз баҳсҳои марбут ба бокирагию покдомании духтарон пешгирӣ хоҳад кард, ки вақтҳои охир аз ҷониби ҷавонон дар ин бора даъвоҳои зиёде ба гӯш мерасад.


Саодат Сироҷова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилояти Хатлон дар ин иртибот мегӯяд, ҳар моҳе дар ноҳияи Бохтар ба ҳисоби миёна беш аз 10 мавриди бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад, ки ин рақамро мақомоти маҳаллӣ нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Вай афзуд, дар сурати аз муоинаи тиббӣ гузаштан ва мутмаин шудан, ки номзадҳо аз лиҳози ҷинсӣ ба ҳам мувофиқ меоянд, баҳсҳои марбут ба покдомании зану шавҳари ҷавон ҳам ба миён нахоҳад омад.


«Писару духтар магар мутмаин ҳастанд, ки саломатиашон хуб аст ва онҳо олудаи ягон вирус нестанд? Бемориҳои гурда ҳаст, «детская матка» ҳаст, ё

Саодат Сироҷова

безурётӣ, ки дар оянда сабаби оилавайронӣ мешавад. Ҳоло дар судҳо баҳсу мунозираҳое ҳам зиёд шудаанд, ки писар даъво мекунад, ки арӯсаш сокира набуд ва намехоҳад бо ин гуна духтар хонадорӣ кунад. Мувофиқи қонун, ҳоло гинекологҳо ҳуқуқи тафти ё муоинаи духтарони бокираро надоранд. Аммо агар муоинаи умумии тиббии арӯсу домодшавандаҳо ҳатмӣ гардонида шуда, як ҷузъи он марбути тасдиқи бокира будан ё набудани духтарон бошад, аз вайроншавии бисёр оилаҳо пешгирӣ карда мешуд. Барои ҳамин, мо ҷонибдорем, ки чунин муоинаи тиббӣ ҳатмӣ карда шавад», - изҳор дошт С. Сироҷова.



Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи як соли охир ба Маркази экспертизаи судии тиббии вилояти Хатлон наздики 25 нафар барои тасдиқи бокирагии худ муроҷиат кардаанд. Садриддин Наҷмидд

Садриддин Наҷмиддинов

инов, сарвари маркази мазкур, гуфт, дар баъзе маврид падару модарон низ духтарони арӯсшавандаашонро ба муоина оварда, маълумотномаи тасдиқкунандаи бокирагии ӯро мегиранд ва баъдан тӯйи домодӣ барпо мекунанд. Ҷаноби Наҷмидинов афзуд, аммо мавридҳое ҳам мешаванд, ки ҳатто агар бокирагии арӯсҳо исботи худро ёбад, ҷавонҳо ба идомаи зиндагии муштарак розӣ намешаванд.


«Дар баъзе ҳолатҳо ташхис мекунему ба ин хулоса меоем, ки худи ҷавонон, домодҳо, беморие доранд, ки бо ҳамсарашон дуруст ҳамхобагӣ карда наметавонанд ё пардаи бакорати духтарон тунук буда, зимни алоқаи ҷинсии нахустин ҳам хун падин намеояд, аммо ҷавонон ҳама айбро дар сари духтар бор мекунанд. Мо муоина мекунем, тавсия медиҳем, мефаҳмонем, ки духтар айбе надорад ва бояд зиндагии якҷоя дошта бошед. Аммо баъзан ҷавонмардон ҳатто розӣ намешаванд, ки ақаллан худашонро муоина кунанд», - афзуд С. Наҷмиддинов.


Як гинеколог аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки баъзан амалиёти дӯхтани бакорат бар ивази аз 80 сомонӣ то 100 доллари амрикоӣ анҷом дода мешвад.

Ва аммо агар қисмате аз ҷомеашиносони маҳаллӣ пешниҳоди муоинаи ҳатмии тиббии номзадҳоро хуш истиқбол мекунанд, гурӯҳе дигар ба ин назаранд, ки ҳанӯз ҷомеаи шарқии Тоҷикистон ба иҷрои ин муқаррарот омода нест ва талаби варақаи коршоямии тиббӣ аз арӯс ё домод боиси эҷоди нобоварӣ миёни онҳо хоҳад шуд. Коршинос Дилором Маҳкамова дар ин иртибот мегӯяд: «Баъзан ҳатто арӯсу домод қабл аз издивоҷ бо ҳамдигар шинос нашуда, бо хости волидонашон оиладор мешаванд. Яъне таваккалӣ, бе мутмаин шудан ба мувофиқии характерно ва саломатии ҳамдигар. Аз ҷиҳати дигар, чаро духтарон бояд ҳатман ба қавле «справкаи бокирагӣ» дошта бошаду писар не?! Ва кӣ чунин ҳақ дорад, ки дар кишвари демократию дунявӣ ба мавзӯи сокира будан ё набудани шаҳрванд дахл кунад?!»



Дилором Маҳкамова

Ҳоло дар Тоҷикистон қонуне, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштани домоду арӯсро қабл аз бастани ақди никоҳ ҳатмӣ бидонад, вуҷуд надорад ва мақомоти давлатӣ аз ҳуқуқи талаби иҷрои ин амр бархурдор нестанд.


Аммо Садриддин Наҷмидинов, роҳбари Маркази экспертизаи судии тиббии вилояти Хатлон, иддао дорад, ки феълан зарурати ҳатмӣ гардонидани муоинаи тиббии қабл аз издивоҷ ба миён омадааст:


«Чунин муоинаи тиббии арӯсу домодҳо дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад ва ба гузашта аз чунин муоина нишонаи эҳтироми ҷавонон нисбати ҳуқуқи ҳамдигар аст. Аммо дар мо чунин муоина ҳамчунин ба хотири исботи бокирагии духтароне, ки шавҳар карданӣ мешаванд, хуб аст. Чунки дар як соли охир бисёр муроҷиат мекунанд писарон, ки арӯсашон бокира нест. Агар ба ин восита ақаллан аз ҷудошавии як оила ҷилавгирӣ шавад, пас ҳатмӣ гардонидани муоинаи тиббиро ҷонибдорӣ мекунам».


Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба мавзӯи бокирагию покдомании духтарони арӯсшаванда бо ҷиддияти том муносибат карда, дар сурати ифшои ба истилоҳ «нодухтарӣ»-и арӯс шавҳару хешовандони домод ва аҳли деҳа аз арӯс ва хонаводаи вай дурӣ ҷуста, ӯро бадном мекунанд.


Мавҷуда Шарифова, намояндаи созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ», мегӯяд, ахиран дар як муҳокимаи додгоҳӣ аз ҳуқуқи зане дифоъ мекард, ки бо ҳамсари худ 30 сол зиндагии якҷоя дошта, ҳамакнун аз ҳам ҷудо шуданӣ буданд.
М. Шарифова: «Ҳамроҳи ҳуқуқшинос дар ин мурофиа широт варзидем. Зану шавҳар 5 фарзанд дошта, чанде аз онҳоро ҳатто оиладор карда буданд ва фарзанди ноболиғ ҳам доштанд. Аммо нофаҳмиҳо дар байнашон зиёд шуда, азми талоқ мекунанд. Суд аз онҳо сабани ҷудошавиашонро пурсид. Мард дар ҷавоб хомӯш монд. Аммо хушдомани он зан аз ҷо бархоста гуфт, ки 30 сол пеш вақте ин занро келин оварда будем, вай нодухтар буд…»


Яъне ҳатто бо гузашти 30 соли зиндагии муштарак ҳам мавзӯи бокира набудани зан боиси таънаю маломати ӯ ва вайроншавии ин оилаи дерпо шудааст.