Ирсоли парвандаи Зайд Саидов ба Додгоҳи Олӣ

Зайд Саидов.

Додситонии кули Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Зайд Саидовро барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ фиристод.
Насим Холмуродов, як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 29 август зимни таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов аз сӯи додситонии кулл дар нимаи дуввуми рӯзи чоршанбе ба Додгоҳи олӣ ирсол шуд.

Ин манбаъ мегӯяд, Додгоҳи Олӣ дар ҷаласаи имрӯзаи мушовараи додгоҳӣ маълум хоҳад кард, ки масъулияти баррасии парвандаи Зайд Саидовро кадоме аз додрасҳо ба ӯҳда хоҳад гирифт.

Зимнан, ҳангоми ирсоли парвандаи Зайд Саидов аз Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии кулл вакилони соҳибкори маъруф 22 август бо дархостномае ба Додситонии кулл муроҷиат намуда хоҳиш карданд, ки бинобар беасос будани далелҳои ҷониби тафтишот, ҳамаи иттиҳомоти зерҳимояашонро лағв кунанд.

Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст.

Вакилони дифои Зайд Саидов ошноӣ бо парвандаи 8-ҷилдаи Оҷонсии зидди фасод алайҳи зерҳимояашонро ба анҷом расонида мегӯянд, ки далелҳои он муътамад нестанд.

Вакилони дифои Зайд Саидов ба унвони мисол «иттиҳоми таҷовуз ба номус»-ро зикр карданд, ки ба иддаои онҳо, ягон асоси воқеӣ надорад ва бар пояи далелҳои ғайривоқеӣ пешкаш шудааст: «Оҷонсии зидди фасод, ки ахиран хуни Зайд Саидовро барои ташхис гирифта буд, дар авоили ҳамин ҳафта маълум кардааст, ки гӯё Зайд Саидов дар нисбати кӯдаке, ки исқоти ҳамл шудааст, аз ҳаққи падарӣ истисно набудааст». Ин дар ҳолест, ки мансубияти падарии шахс сад дар сад танҳо тавассути озмоиши ДНК санҷида мешавад. Бо сабаби ин ки дар қаламрави Тоҷикистон анҷоми чунин навъи санҷиши тиббӣ имконнопазир аст, вакилон аз тафтишот хостаанд, ки озмоишро дар кишвари дигар, мисли Олмон аз ҳисоби ҳимоятгарон барпо кунанд.

Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт аст ва мутмаин мебошад, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат аст.