Арчаи марказӣ баробари насб шуданаш дар маркази шаҳри Душанбе ба макони таҷаммӯи кӯдакону ҷавонон ва оилаҳои зиёд шуд. Аз хурд то бузург мехоҳанд бо ин арча акс бигиранд ва шукӯҳи фарорсаии идро дар остонаи Соли нави 2018 барои таърихчаи худ ҳифз кунанд.
Арчае ба баландии 25 метр се ҳафта пеш аз фарорасии Соли нав бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе насб шуд ва зоҳиран мавриди истиқболи бисёр сокинони кишвар шуд. Дар атрофи арча ҳоло як Бобои барфии касбӣ ҳам кор мекунад ва барои аксбардорӣ ва табрики
Кори Дилшоди Бобои барфӣ аз панҷ то нӯҳу даҳи шом идома мекунад ва ӯ ният дорад то омадани Соли нав ва ҳамин тавр дар рӯзҳои аввали баъди ид ҳам ин ҷо кор кунад.
солинавӣ ҳаққи хизмат мегирад. Муҳити атрофи арчаро ходимони полис ҳам назорат мекунанд.
Боймуҳаммад аз Кӯлоб меҳмони Душанбе шудааст. Ӯ мегӯяд, соли 2017 барои ӯ хотирмон буд, чун дар ин сол соҳиби фарзанд шуд. Вай мегӯяд, арчаи солинавӣ як дастоварди хуби идона ва ҳам макони диданӣ шудааст, ба ҳамин хотир ҳам мехоҳад лаҳзаҳои хурсандии худро дар охирин рӯзҳои соли 2017 дар аксу видео сабт кунад. Мегӯяд, ин сол – хушбахттарин сол дар зиндагии ӯ шуд: “Ман се руз боз дар шаҳр ҳастам. Чанд ба телефонам чанд акс гирифтам. Солҳо гузаранд, ман ҳатман ин эҳсосоти худро бо фарзандонам тақсим мекунам”.
Машраб донишҷӯ аст. Ӯ низ бо дӯстонаш ба майдони “Дӯстӣ” дар назди арча селфи мекунад: “Мо якҷоя бо дӯстонамон ҷамъ омадем, ки аксҳоямонро гирифта ба падару модар фиристем. Бале, арча зебо аст!”
Сумая яке аз меҳмонони хурдсоли арча аст. Вай барои ин мулоқот омодагӣ дида либоси Барфак ба бар кард ва бо падару модару бародару хоҳаронаш ин ҷо омад. Сумая мегӯяд, дар ин боздид ҳафт акс гирифт ва панҷтои он ҳамроҳ бо Бобои барфӣ буд.
Зимнан, Бобои барфӣ як шахси серкор аст. Ҳар лаҳза ба наздаш нафароне омада дархости аксбардорӣ мекунанд. Акс бепул нест, барои ин ҳаққи хизмат пардохт мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дилшод Набиев, ки дар соатҳои шом бо сарулибоси рамзи аслии солинавӣ омадааст, дар асл донишҷӯ аст. Ӯ аз муштариёни худ барои аксбардорӣ панҷ сомонӣ мегирад. Дилшод дар сӯҳбати аудиоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар барояш дарёфти як миқдор даромад боиси хушҳолӣ бошад, дидани чеҳраҳои хандону розии кӯдакон ва меҳмонон боз муҳимтар аст.
Бобои барфӣ на танҳо дар аксгирӣ хиизмат мекунад. Гоҳо фармоишҳои дигари муштариёнро ҳам иҷро мекунад. Бархе волидон бо кӯмаки Бобоби барфӣ ба фарзандони раҳдури донишҷӯ ё муҳоҷири кориашон дар Русия паёмҳои видеоӣ сабт мекунанд. Барои чунин кор ӯ пул намегирад. Мегӯяд, сӯҳбат бо мусофир савоби худро дорад.
Кори Дилшоди Бобои барфӣ аз панҷ то нӯҳу даҳи шом идома мекунад ва ӯ ният дорад то омадани Соли нав ва ҳамин тавр дар рӯзҳои аввали баъди ид ҳам ин ҷо кор кунад.
Мегӯяд, барои мисли ӯ донишҷӯ шонси хуби бештар кардани даромад пеш омадааст ва аз ин шонс бояд истифода кард.
Маъмулан шаби соли нав бо ташаббуси мақомоти Душанбе дар маркази пойтахт назди арча консерти идона ҳам бо иштироки ситораҳои ҳунари тоҷик барпо мешавад. Имсол мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд, вале мусаллам аст, ки арчаи идона ҳусну ороиши аслии ин ид хоҳад шуд.