Сарони амнияти ИДМ: "Давлати исломӣ" + қишри норозӣ = инқилоби "ранга"

Раҳбарони ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар пойтахти Тоҷикистон эҳтимоли сар задани "инқилобҳои ранга" ва таҳдидҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

Ҷаласаи сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзи 25 май дар Душанбе имкони сар задани "инқилобҳои ранга" ва хатарҳои эҳтимолӣ аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ин ҷаласаи 38-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Дар ин нишаст сарони ниҳодҳои амниятӣ андешидани чораҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароиро матраҳ мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои ин ҳамоиш ҳамчунин масъалаи зуҳур ва густариши гурӯҳҳои миллатгарои навпайдо ва имкони ширкати онҳо дар "инқилобҳои ранга" будааст.

Дар ин ҷаласа имкони баргузории амалиёти муштарак бар зидди хатарҳои эҳтимолии ношӣ аз "Давлати исломӣ" ё ДОИШ матраҳ хоҳад шуд. Инчунин, ниҳодҳои амниятӣ дар масъалаи мубориза алайҳи густариши идеологияи терроризм ва ифротгароии динӣ табодули таҷриба мекунанд. Ҳоло 11 давлати пасошӯравӣ узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ ҳастанд, ки мақараш дар Минск, пойтахти Беларус аст.

ЧАРО МАСЪАЛАИ АМНИЯТ ДОҒ МЕШАВАД?

Мақомоти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамвора аз ҳузури ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" нигаронӣ намуда ва ҳоло бо бештар шудани хабарҳо аз расидани ҷангиёни ин гурӯҳ ба Афғонистон, ки марзҳои ҷанубии ин созмон ба шумор меравад, бар нигарониҳо афзудааст. Масъалаи амният ба яке аз мавзӯъҳои тақрибан ҳамарӯзаи ниҳодҳои пасошӯравӣ, монанди ИДМ, Созмони паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ва гуфтугӯҳои дуҷониба табдил меёбад.

Аз як сӯ ин ниҳодҳо мегӯянд, тавони онро доранд, ки ба ҳама гуна таҳдид посухи сазовор диҳанд, вале аз сӯи дигар аз сустии ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳо дар баробари ин таҳдидҳо шикоят мекунанд.

Таҳоҷуми ахири ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон "масъалаи амният"-ро доғ кард. Ҳарчанд нерӯҳои давлати Афғонистон ҳамон гуна ки мегуфтанд, ҷангҷӯёнро саркӯб хоҳанд кард, ба торумори онҳо даст ёфтанд, ҳамлаи ахири онҳо дар Кундуз ба "воҳимаи сиёсӣ"-и таҳдиди онҳо ба Тоҷикистон, ки марзҳои ҷанубии ИДМ шумурда мешавад, табдил ёфт. Унсури нави ин таҳдидро ба васл шудани Толибон, ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Туркистон ва гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайванд медиҳанд.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ба ин назаранд, ки дар ҳоли ҳозир садҳо тан аз ҷангиёни тоҷик дар сафҳои Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия меҷанганд. Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки тибқи иттилои онҳо, 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон қарор доранд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандони худ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ"-ро таҳдид ба амнияти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои онҳое ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, ваъдаи афв додаанд.

СУИСТИФОДА АЗ ҚИШРҲОИ НОРОЗӢ

Ахиран Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, таъкид кард, ҳар узви аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки аз Сурияву Ироқ бармегардад, бояд таҳти назорати вижа қарор бигиранд. "Махфӣ нест, ки теъдоди зиёди зархаридҳои рустабор дар хориҷи кишвар дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд. Дар бозгашт ба Ватан онҳо метавонанд бо худ он навъҳои мудҳиши террорро оваранд, ки хоси гурӯҳи "Давлати исломӣ” аст", - ҳушдор дод ӯ.

Оқои Патрушев рӯзи 20 май дар нишасти мақомҳои амниятии кишварҳои узви ОДКБ дар Суғд ҳам гуфт, "ҳодисаҳои, ба истилоҳ, баҳори араб ва ҷанг дар Сурияу Ироқ, вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ, Украина ва атрофи он зуҳури таҳдидҳои нави ҳарбӣ ва ҷо додани он дар фазои иттилоотиро ба таври аёнӣ ба намоиш мегузоранд." Дабири Шӯрои амнияти Русия афзуд, "дар муборизаи давлатҳо аз барои манофеи худ "каҷравиҳо" - истифода аз зарифиятҳои норизоии ҷомеа, созмонҳои тундгаро ва эктремистӣ, сафарбариҳои ҳарбии хусусӣ - як амали маъмулӣ шудааст. Муносибати таҷовузкоронаи Амрико ва НАТО нисбат ба Русия афзоиш меёбад. Зарфияти ҳамлаварии онҳо дар наздикии сарҳади Русия бештар мешавад, ки на танҳо барои мо , балки барои иттифоқчиёни мо таҳдид эҷод мекунад."

Аз ин пеш, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников хабар дода буд, ки фақат дар қаламрави Ироқ тақрибан 1,7 ҳазор шаҳрвандони Русия меҷанганд. Патрушев ҳамчунин гуфтааст, ки ин гурӯҳ метавонад аз қишри норозии кишварҳои пасошӯравӣ истифода кунад.