Шарҳи ВКД дар бораи тадобири шадиди амниятӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки чораҳои шадиди амниятии рӯзи якшанбе дар кишвар "тамрини нерӯҳи интизомӣ" буда ва ҷое барои нигаронӣ надорад.

Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чораҳои шадиди амниятӣ дар рӯзи якшанбе дар пойтахт ва манотиқи дигари кишварро танҳо санҷиши нерӯи ҳайатҳо дониста, аз сокинон хостанд, ки дар ин замина нигарон набошанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии 25 январ гуфт, "ин танҳо як тамрин буд. Ягон асос барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Чунки ин вобаста ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ аст ва бояд мақомоти қудратӣ ба ҳамагуна вазъият омода бошанд."

ЯК РӮЗ ПЕШ

Субҳи якшанбеи 24 январ дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шуд. Дар пойтахт кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар назди биноҳои муҳими давлатӣ ва ҷодаҳои пуриздиҳом, назар ба рӯзҳои гузашта бештар ба назар мерасиданд.

Аз шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳам гуфтанд, ки рӯзи 24 январ тадобири амниятӣ шадидтар шуда ва дар даромадгоҳҳои бархе шаҳру навоҳӣ, постгоҳҳои иловагӣ эҷод шудааст. Вале субҳи 25 январ дар кӯчаҳо нерӯи зиёди пулис дида намешуд.

Як корманди пулис дар Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, ки тақсими нерӯҳо дар хиёбонҳо ва назди биноҳои муҳими давлатӣ, як амри маъмулӣ ва ба хотири санҷиши ҳолати омодабошӣ нерӯҳои интизомӣ мебошад.

Ҳоло дар дидбонгоҳи БДА ҳамроҳ бо кормандони ин Бозрасӣ кормандони дастаи таъиноти махсус бо силоҳҳо истода, мошину мусофиронро тафтиш мекунанд. Абдурасул Наҷотов, як сокини ноҳияи Ҳисор гуфт, ҳоло то ноҳияи Ҳисор расидан 5 ҷо кормандони пулис мошинҳоро аз ду самт тафтиш мекунанд. Чунин вазъият дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ мушоҳида мешавад, вале баръакс дар вилояти Суғд тадобири сусттари амниятӣ мушоҳида шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сабабҳои гузоштани постгоҳҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон

Бидуни огаҳӣ берун шудани даҳҳо корманди мақомоти интизомӣ мардумро нигарон карда, миёнашон овозаҳои гуногунеро барангехтааст. Неъмат Содиқов, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳоло даҳҳо овоза миёни мардум паҳн аст: “Овозаҳо гуногунанд ва ҳамаро тарсон кардаанд, ки мабодо ягон ҳодисаи ҷиддӣ нашуда бошад. Ҳар ҳодисае, ки ба амнияти сокинон марбут аст, ҳамаро нигарон мекунад. Ҳоло ҳама бо шунидани ин овозаҳо фақат мегӯянд, ки Худо оқибатро ба хайр кунад. Зеро ҳоло ягона дороии мо дар Тоҷикистон ҳамин амнияту суботамон ҳаст.”

Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик мегӯяд, аз субҳи имрӯз даҳҳо занги телефониву пайёмак аз дӯстону наздикон дар робита ба тадобири амниятӣ гирифтааст. Ӯ мегӯяд, бо дарназардошти ин, ки ӯ хабарнигор аст, наздикон аз ӯ ҷузъиётро мепурсиданд, вале ӯ то ҳол ба саволи онҳо аз мақомот посухи қонеъкунандае пайдо накардааст: “Аз ин хотир фикр мекунам, ки дар кӯчактарин ҳодиса бояд мардумро огоҳ кард. Огоҳии мардум ин пеши роҳи таҳлукаро мегирад. Вақте хабари расмӣ нест, ҳар овозаро мардум ҳамчун воқеият қабул мекунанд.”

Бори охир чунин тадобири шадиди амниятӣ моҳи сентябри соли гузашта пас аз ҳамла дар остонаи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва идомаи амалиёт бар зидди ӯ дар дараи Ромит дар канори шаҳри Душанбе, рӯи даст гирифта шуда буд.