Ифтитоҳи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо дар Қирғизистон

Шоми шанбеи 3 сентябр дар ипподроми шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо баргузор шуд.

Дар ин Бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Зимнан, дар Бозиҳои I ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2014 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буданд, ҳудуди 800 варзишгар аз 19 кишвар ширкат дошт.

Ба барномаи бозиҳои дувум 23 намуд дохил аст, ки ин нисбат ба бозиҳои аввал 13-то зиёд аст (қувваозмоиҳои якҳарба, пойга ва рақобатҳои асптозӣ, мусобиқоти камонварӣ, намоиши намудҳои мухталифи паррандаҳои шикорӣ).

Ба ҷуз мусобиқот дар доираи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо чорабиниҳои дигар, монанди барномаҳои фарҳангиву оммавӣ дар дараи Кирчин, фестивал ё ҷашнвораи ҳайкалтарошӣ аз қум, конфронси илмии «Тамаддуни кӯчиҳо: мероси таърихӣ ва замона» доир мешаванд.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳоро наздики 500 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо бо ибтикори раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев бо мақсади эҳё ва нигаҳдории фарҳанг, тарзи махсуси зиндагонии халқҳои ҷаҳон дар давраи ҷаҳонишавӣ баргузор мешаванд. Ин ташаббус аз ҷониби сарварони кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва ғайра дастгирӣ ёфтааст.

Ҷаҳони кӯчиҳо садҳо халқҳоро муттаҳид месозад. Фарҳанги онҳо махсус, такрорнашаванда буда, тамоми тарзи зист ва анъанаҳои ин халқҳоро нишон медиҳад. Масалан, хонаи кӯчӣ хайма мебошад. Агар мо ба таърих назар кунем, пас маълум мешавад, ки маҳз ба шарофати кӯчиҳо табодули фарҳангӣ миёни халқҳо ба амал меомад.

Кӯчиҳо замони фароғати худ, иду тӯю маъракаҳоро бо ширкат дар бозиҳои мухталифи варзишӣ ва зеҳнӣ мегузарониданд, ки ин бозиҳо то имрӯз нигаҳдорӣ шудаанд.

Ба иттилои котиботи Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, инчунин 37 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат дорад, ки дар байни онҳо ду нафар занон – Гуландом Халилова ва Ирода Шерматова – ҳастанд. Ҳарду дар намуди мас-рестлинг ё кашидани чӯбдаста иштирок мекунанд.

Намояндагони Тоҷикистон, ки аслан аз вилояти Суғд мебошанд, дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд (алиш – 4 нафар, гореш – 2 нафар, гюлеш – 6 нафар, казахша куреш – 5 нафар, пойгаи асптозӣ – 1 нафар, қирғиз куреш – 5 нафар, мас-рестлинг – 6 нафар ва ордо – 2 нафар) ширкат меварзанд.

Бозиҳои II ҷаҳонии кӯчиҳо дар Чолпон-Отаи Қирғизистон то рӯзи 8 сентябр идома хоҳанд кард.