Маркази тестӣ ба донишҷӯёни "афтида" шанси дуюм дод

Маркази миллии тестии Тоҷикистон, ниҳоди масъули қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мехоҳад дар марҳилаи дувуми тақсимот ҳудуди 20 ҳазор ҷавонро донишҷӯ кунад.

Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ҳатто баъд аз марҳилаи дувуми тақсимот эҳтимоли холӣ мондани ҷойи донишҷӯён боқӣ хоҳад монд ва баргузории марҳилаи севуми тақсимот байид нест.

Танноз Баҳодурова, тобистони имсол мактаби миёнаро бо баҳои аъло

Яке аз сабабҳои иҷро нашудани қабули теъдоди зарурии дониҷшӯён дар даври аввали тақсимот ба ин вобаста аст, ки бархе аз довталабон ҳамзамон тасмим гирифтаанд донишҷӯи донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шаванд ва барои номнавис шудани худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳозир нашуданд

хатм кард ва ба далели камбизоатии хонаводааш мехост ба бахши будҷаӣ, яъне ройгони Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Дар рӯзҳои аввали моҳи ҷорӣ Маркази миллии тестӣ барояш паёмаке фиристод, ки аз озмун нагузаштааст ва наметавонад донишҷӯ шавад.

Маркази миллии тестӣ муқаррар карда буд, ки то 15 август ҳамаи ғолибони озмун бояд дар донишгоҳҳои интихобкардаи худ номнавис шаванд. Дар ниҳоят ҳудуди 20 ҳазор ҷавоне, ки соҳиби унвони донишҷӯ шуда буданд, ба донишгоҳҳо наомаданд ва ҳамин миқдор ҷой холӣ монд. ММТ барои интихоби донишҷӯён давраи дувуми тақсимотро эълон кард. Танноз Баҳодурова низ бо хушнудӣ озими маркази миллии тестӣ шуд. Вай дар ин бора гуфт:

"Ҳоло ба ман пешниҳод карданд, ки ба бахши пулакии Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Қимати таҳсили яксола дар ин бахш 8 ҳазор 900 сомонӣ аст. Барои оилаи ман пайдо кардани ин маблағ душвор аст, вале чун хеле мехоҳам пизишк шавам, розӣ шудам ва интизори эълони натиҷаи тақсимоти дубора мешавам. Натиҷаҳо бояд 26 август эълон шаванд".

Дохилнашудаҳо дар ҷустуҷӯи коранд

Аммо бархе аз довталабони ноком дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ талош мекунанд нияти таҳсил дар донишгоҳҳоро канор гузошта, барои пайдо кардани пули зиндагӣ озими муҳоҷирати меҳнатӣ шаванд. Аминҷони Абдураҳмон, ки пайиҳам ду сол натавонистааст донишҷӯ шавад, низ дар фикри муҳоҷират будааст. Аммо, ба гуфтаи вай, бо дарназардошти мушкилоти кору зиндагӣ дар Русия аз ин тасмим даст кашида, ҳоло дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба унвони чиптафурӯш кор мекунад. Вай гуфт:

"Нахуст мехостам ба риштаи забонҳои хориҷӣ дохил шавам, аммо холҳоям нарасид. Соли дувум ба ихтисоси ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супоридам, аммо ба таҳсили будҷавӣ қабул нашудам. Барои таҳсил дар бахши шартномавӣ маблағ надоштам, зеро дар хонаводаи чаҳорнафарӣ ҳоло танҳо худам кор мекунам. Агар барои таҳсил маблағ ҷамъ кунам, мехоҳам соли оянда ба бахши молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавам. Ҳоло ҳамарӯза машғули китобхонӣ ҳастам, то тавонам имтиҳони қабулро супорам".

Давраи имтиҳонҳо барои ҷавонон ва волидонашон як марҳилаи изтиробангез аст

Масъулини Маркази миллии тестӣ умедворанд, ки дар даври дуюми интихоб масъалаи довталабони боқимонда ҳалли худро пайдо мекунад. онҳо мегӯянд, даври дуюми интихоби номзадҳо бо дархости вазорати маориф баргузор мешавад.

Ба нақшаи қабул муҳассилони мактабҳои хориҷӣ ҳам таъсир расонданд

Мирзошариф Шодиев, сардори Раёсати макотиби олии Маркази миллии тестии Тоҷикистон рӯзи 24 август ба Радиои Озодӣ гуфт, марҳилаи дувуми тақсимот ба он хотир баргузор мешавад, ки теъдоди зарурии довталабон ба донишгоҳҳо пазируфта шаванд. Вай гуфт, "яке аз сабабҳои иҷро нашудани нақшаи қабули теъдоди зарурии дониҷшӯён дар даври аввали тақсимот ба ин вобаста аст, ки бархе аз довталабон ҳамзамон тасмим гирифтаанд донишҷӯи донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шаванд ва барои номнавис шудани худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳозир нашуданд".

Вале ба андешаи бархе аз соҳибназарон, сабаби аслии иҷро нашудани нақшаи донишгоҳҳо барои қабули донишҷӯён ба афзоиши миқдори ихтисосҳое рабт дорад, ки таҳсили онҳо дар донишгоҳҳо пулакӣ ё шартномавӣ аст. Ба унвони мисол, бахши аслии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон тариқи пулакӣ ё ба истилоҳ шартномавӣ таҳсил мекунанд. Бахши асосии донишҷӯёни будҷавӣ дар ин муассиса ва донишгоҳҳои дигарро ҷавононе ташкил мекунанд, ки тавассути саҳмия ё квотаи президентӣ қабул карда мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисон ҳоло ҷавонони тоҷик баъд аз хатми мактаб идомаи таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ ва риштаи ҳуқуқ ё иқтисодро авлотар медонанд. Ситора Киромова, сухангӯи ММТ дар ин бора гуфт: "Ҷавонон хеле мехоҳанд духтур шаванд ё дар риштаи ҳуқуқ ва иқтисоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон таҳсил кунанд. Аммо алоқамандони таҳсил аз рӯи тахассуси физика, химия, риёзӣ ё муҳанисӣ камтар аст".

40 донишгоҳ барои як кишвари 8-миллионнафарӣ

Зимнан, дар соли ҷорӣ аз миёни 96 ҳазору 541 довталабе, ки дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон сабтином шуда буданд, дар ниҳоят 48 ҳазору 734 нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд, ки теъдоде аз онҳо барои сабти номи худ ба донишгоҳҳо ҳозир нашуданд.

Имсол дар Тоҷикистон бояд 64 ҳазору 939 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёбанд. Соли панҷум аст, ки довталабон дар Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестӣ барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ рақобат мекунанд.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз қадимитарин донишгоҳҳои кишвар ҳамоно довталабони зиёдро барои таҳсил қабул мекунад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран дар як сӯҳбаташ дар тобистони соли ҷорӣ гуфта буд, барои сабукӣ додан дар низоми нави дохилшавӣ ба довталабон дар 4 соли аввал суолҳои нисбатан осонтар пешниҳод мешуд, аммо имсол суолҳои тестӣ барои имтиҳоноти дохилшавӣ бештар ва мураккабтар шудаанд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки то як ҳафтаи дигар, яъне 1 сентябр дар донишгоҳҳо таҳсил расман бояд шурӯъ шавад.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, барои Тоҷикистони дорои 8 миллион ҷамъият доштани наздики 40 донишгоҳ шояд зиёд аст ва масъалаи таъмини пурраи онҳо бо муҳассилон кори мушкил аст. Аксари ин муассисаҳо таҳсили шартномавӣ ё тиҷоратиро пешниҳод мекунанд ва ба ҳамин хотир ҳам, ба қавли бархе мунаққидон, на ҳамеша дониши босифату баланди донишгоҳиро пешниҳод карда метавонанд. Гоҳо шаҳрвандон хароҷоти таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бо хароҷот дар хориҷа, аз ҷумла Русия ё Аврупо муқоиса карда ба натиҷае мерасанд, ки харҷи маблағи таҳсил дар берун аз кишвар бештар ба фоидаи донишҷӯ меанҷомад. Вуҷуди фасод дар мактабҳои олӣ, бахусус дар марҳилаи имтиҳонсупорӣ масъалаест, ки ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад, вале то ҳанӯз решакан шудани он имконпазир нашудааст.